Бахшҳо
30 июл 2013 15:19Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳоҷӣ Ҳусейн: “Мо омадем, аммо ҷониби Тӯраҷонзода ҳозир нашуд”

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 30-юми июл баррасии даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси тоҷикро, аз болои се уламои Суғд ба таъхир гузошт. Ин тасмим ба далели ҳузур наёфтани вакили мудофеъ Файзиннисо Воҳидова, ки намояндаи оқои Тӯраҷонзода дар ин баҳси додгоҳист, гирифта шуд.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо соли гузашта дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Дар ин парвандаи шаҳрвандӣ Тоҳир Искандарӣ, хабарнигори “СТВ”, ки барномаи "Сӯҳбати озод"-ро гардонандагӣ мекард, низ ҷавобгар мебошад.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода, ки рӯзи сиюми июл ба додгоҳи Хуҷанд ҳозир шуда буд, дар сӯҳбат ба “Озодагон” даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷозодаро беасос донист. Ӯ гуфт, “Тоҷикистон давлати демократӣ ва озод аст. Ҳар кас ҳаққи худашро метавонад ҳимоя кунад, лекин он даъвое, ки гӯиё дар барномаи мо таҳқир буд, ин даъво нодуруст аст. Имрӯз даъват карда буданд, омадем. Аммо ҷониби даъвогар наомад, ҳозир нашуд.”

Бо ин ҳол, аз даъвои Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ба додгоҳ як сол мегузарад, вале ҳанӯз додгоҳ хулосаи худро баён доштааст. Ҳамакнун, интизор меравад ин баҳс рӯзи 31-уми июл дар додгоҳи Хуҷанд идома ёбад.
Мӯҳр
Ч,аноби Турач,онзода(КГБ),хох,иш мекунем,ки дар арафаи Интихоботи Президенти тафрикаандози накунед.Мо ба зурии Шумо бовари дорем,охир Шумо мактаби бахусус ч,ангдозии мусалмононро аъло хатм кардаед ,ба чопаш бовари надорам,вале менависам.

МУХТАРАМ ХОЧИ ХУСЕН МУСОЗОДА ,САБАБИ ,ИШТИРОК НАКАРДАНИ УЛАМОИ ,МАШХУРРИ ЧУМХУРИ ТОЧИКИСТОНРО ЭШОНИ АКБАРИ ТУРАЧОНЗОДАРО ,МО МУСУЛМОНОНИ ЧУМХУРИ ДАР ОН МЕБИНЕМ,КИ МОХИ ШАРИФИ РАМОН АСТ. ДАР ИН МОХ ЭШОН ФАКАТ ДАР ЗИКИ ХУДОИ ЯКАВУ ЯГОНА АСТ. ШУМО ВА КОМИТАИ ДИН АЗ ИН МОХИ БУЗУРГ ЧИРО МЕДОНЕД МАЛУМ КАРДЕД ,ДАР РУЗИ АВАЛИ МОХИ БУЗУРГ. ДАР ТАШВИШ НАБОШЕД МУРОФИА ХАТМАН МЕШАВАД ВА ШУМО ХОХЕД ,НАХОХЕД БАРОИ ТУХМАТХОЯТОН ЧАВОБ МЕГУЕД. АГАР ШУМО ДАР ДИЛ ДУШМАНИ НАДОШТА МЕБУДЕД ,ДАР МАВЗУАТОН МЕНАВИСТЕД,КИ ( ШОЯД БАРОИ МОХИ ШАРИФИ РАМАЗОН ЭШОН БА МУРОФИЯИ СУДИ ХОЗИР НАШУДА БОШАД .ВА,ЛЕКИН ШУМО ИН ФИКРО НАКАРДЕД БАРОИ ЧИ? ,БАРОИ ОН,КИ ШУМО ДУРЕД АЗ ДОНИШЕ,КИ ДОРАД ЭШОНИ АКБАР . ВА НАЗДИКЕД БА ТУХМАТ ЗАДАН ДАР ХАКИ ШАХС . ХУДО ШУМОРО ЭШОНИ АКБАР ТУРАЧОНЗОДА ДАР ПАНОХАШ НИГАХБОН БОШАД ,ДАР ИН МОХИ БУЗУРГ.

Домулло
Ягона шахрванд ва рухоние,ки аз мусалмонони Точикистон хама вакт химоя мекунанд, ин шахс Устод Хочи Акбари Турачонзода ва ахли оилаашон мебошанд,ки хама вакт сухани хакро мегуянд ва хеч вакт барои мансабу курси шуда ,ба ноадолативу чоплусиву лагандбардори рох намедиханд.
Худованд эшонро аз хамаи офатхои дунявию охират,дар панохаш нигох дорад.

Ҳоҷи Ҳусейн бо кадом руй бо Ҳоҷиакбар рубару мешуда бошад? )),ба Ҳусейн мегуям: шарм дор!,шарм!...

Бо ин фашу ин сала,дар тан чомаи сурху ала,бо ин риши кусала,ин муллохак ки бошад?Бо вах-ваху хаву хала,бе дониш, бехавсала,шишта дикак ба минбар,ин бобохак ки бошад?.Бо дарки хому хала,бо гагову валвала,бахс мекунад ба олим.ин олимак ки бошад?.Сад сол нашави баробар,пахлуи Хочи Акбар,у хаст сояи пайгамбар.ин "сояхак" ки бошад?.

Абдулчаббор
Ба ашхосе ки нисбати Турачонзода бадгуи доранд пас агар шумо бехтаред мархамат баромад кунед даъват ба дину оин кунед шуморо гуш кунем дар акси хол даъво маъно надорад. Коре ки шумо шумо барин забон дарозхо карда наметавонед онон карда истодаанд . Душмани миллат хакикатан шумоеднамехохед як харф ёд гиред танхо айбчуи.Оина гуфтани чиз хаст истифода кунед хуб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)