Бахшҳо

Видео аз бойгонӣ: Мулло Абдураҳим зидди Мулло Абдураҳим?

Навори видеоие тавассути як хонандаи торнамои “Озодагон” дастраси мо шуд, ки дар он суханронии Мавлавӣ Абдураҳим (Абдураҳим Каримов) дар бораи дини Ислом ва пайванди он бо сиёсат сабт ёфтааст. Ин суханронӣ моҳи январи соли 1992, ҳанӯз 21 соли қабл, наворбардорӣ ва дар яке аз бойгониҳо нигоҳдорӣ мешудааст.

Ин видео дар ҳоле дастраси мо гардид, ки тайи як моҳи охир номи Мавлавӣ Абдураҳим дубора рӯи забонҳо омадааст. Вай рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имомхатибон иштирок ва тақрибан ним соат суханронӣ кард. Оқои Абдураҳим, ки дар рӯбарӯи президент ҳарф мезад, аз он изҳори надомату пушаймонӣ кард, ки дар вақташ нафаҳмида, бо исломиҳо пайвастааст. "...Чи хеле ки Шумо гуфтед, Ҷаноби Олӣ, ман асосгузори Ҳизби наҳзати исломӣ дар собиқ вилояти Кӯлоб будам. Хато кардем. Аз ин мардуми бофарҳанг ва олиму уламо, аҳли зиё илтимос мекунам, ки ҳамон тавре ки мо хато кардем, дигар ба хатоӣ роҳ надиҳанд",-таъкид дошт ӯ.

Аз ин пештар ҳам, Мавлавӣ Абдураҳим дар чандин маҳфиле, ки бо ҳузури намояндагони Кумитаи дини Тоҷикистон дар манотиқи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ, баргузор шуд, иштирок карда, дар бораи ҳизб дар Ислом ва пайванди он бо сиёсат суҳбат кардааст.

Аммо дар наворе, ки ҳамакнун дастраси мо шуду мо ҳам дар ихтиёри Шумо мегузорем, дида мешавад, Мавлавӣ Абдураҳим чигуна дар бораи алоқамандии Ислом бо сиёсат ва махсусан фаъолияти Ҳизби Наҳзати Исломӣ суҳбат мекунад. Вай аз ҷумла дар суханронии худ мегӯяд, “ҳамаи мусулмонон, ҳамаи масҷидҳо, хусусан Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ман огоҳ ва водор мекунам, ки агар ягон инсоне гӯяд, ки Ислом ба сиёсат чӣ кор дорад? Худованд оятеро барои дар сиёсат дахолат кардан ва як гуруҳ бояд ба сиёсату фалсафаву руҳияти инсониятро ба корҳои дунёӣ вобаста гардонидан ва мардумро аҳамият додан, барои зинда гардонидани миллат ва талаби ҳаққу ҳуқуқи худ, ҳам оят омадааст ва ҳам ҳадис. Ин оят кадом аст? Худован дар Қуръон мефармояд (Астаизубиллоҳ) ”Валтакун минкум умматун ядъуна ила ал-хайри ва яъмуруна бил маъруфи ва янҳавна ъанил мункарӣ” (Оли Умрон. Оят - 104). Бояд дар мобайни шумо эй миллат як гуруҳе махсусе бошанд, ки мардумро аз нуқтаи назари сиёсӣ огоҳ кунад ва шумо аз майдони сиёсат берун бароварда дар як майдони беруҳу беҳуқуқ набошед. Як гуруҳ бояд мардумро ба сиёсат даъват кунад.”

Абдураҳим Каримов, ки ҳоло мударриси Донишкадаи исломист, дар гузашта намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Кӯлоб буд. Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз имзои Созишномаи сулҳ дар ҳайати сидарсадӣ вориди ҳукумат шуд ва муддате раёсати Кумитаи гумрукро бар уҳда дошт.


Мӯҳр
ин сабтро мондани шумо чи лизим буд. Ба гузашта саловат мегуянд. Биёед, дар фикри обод кардани ватани хеш бошем, на баръакс...

пап
Муддариси донишгох? Чи ед мегиранд шогирдон аз ин муллои дуруя?

пап
Муддариси бериш? Ришатро чаро гирифти мулло Абдурахим?

Точик
Худо охири кори хар банда ба хайр гардонад. Ин одам мунофик буд валекин хоин набуд. Сабаби хиенаташ ба Нахзату Ислом ба ихтиери худаш нест. Тибки маълумоте ки ба ман расид ин фосик зани дуввум дорад, адреси хонаша инчо зикр намекунам, дар хамсоягии зани дуввумаш як корманди прократура зиндаги мекунад ва хар вакт дар хонаи прокурори хамсояаш садто-садто каняк менушанд. Аз ин одати бади ин одам амниятихо бо хабар мешаванд ва дар хонаи прокурор камера монда аракнушиашро дар видио менависанд. Баъд дар КГБ ин наворро нишон дода мегуянд ки е зидди Нахзат кор мекуни е ин наворро мо эълон мекунем. Хамин тарик ин одами фосик илова ба фосикиаш хоину буз низ шуд. Худо хар мусулмона аз чунин окибати кор нигах дорад.

Аъзои ХХДТ
МУЛЛО АБДУРАХИМ БА ХНИТ ХИЁНАТ КАРД ВА ОНХОРО БА ЯК ВАЗИФАИ ДУНЯВИ ВА ПУЛУ МОЛ ФУРУХТ , ХАМИН ТАВР, БОЗ АГАР ЛОЗИМ ШАВАД, ЧАНОБИ ОЛИ ВА ДИГАРОНРО ХАМ МЕФУРУШАД.

Исломиддин
Мунофиқро, мадон ёри мувофиқ,
Мунофиқро, мунофиқ дон, мунофиқ !

Мард
Проста фарзандоша дигар дуруя хиёнаткор гуфта касе эхтиром намекунад.

Проста фарзандоша дигар дуруя хиёнаткор гуфта касе эхтиром намекунад.

Гайрат
Вакте, ки ин мард дар агентии наркотик кор мекард, ба баъзе коргарони ин ниход бо працент пул медод.
Домодаш салафии мадхали, гурехта дар сауди аст.
Шарманда, ба хотири вазифа чикор ки намекуни. ту агар акида медошти риш мемонди.

Порсо
Эй мардум!дурустаст,ки Мавлави Абдурахим соли 1992 ин суханхоро гуфтаст, лекин дар байни шумо имсол худаш бо забони худаш гуфт, ки ман баьд фахмидам, ки хизб гуфта максади дигар доштаанд ин гурух,пушаймон шудам, аз шумо узр мепурсам. Боз чи чои нофахми дорад?! Е ба хизби нахзат алам карду дигар мехохад бо хар рох ин шахсро бадном кунад? Бо ин нофахмихоятон дигар бор фирефтаи хар гурух нашаведу вокеьбинона ходисахоро барраси кунед.хар инсон хакки тагири андеша ва назар дорад,Ва Аллоху аьлам!

Тоҷик
Хасан, ҳаминаш аҷиб аст, ки ояти Қуръонеро ки 22 сол пеш худ қироат карда буд, имруз худ қабул надорад....

Какой ХНИТ
Ягон хнит дар Точикистон лозим нест. фаъолияти ХНИТ таргиботи экстримисти-радикали дошта он ба афгонистону покистони моро оварда мерасонад. Шукри тинчиву осудагии имрузаро кунед...

Муханнасвор раҳ рафтан накӯ нест,
Ки ҳар раъномизоҷе марди ӯ нест
Ба мардӣ рав дар он дине, ки ҳастӣ,
Ки номардист дар дин бутпарастӣ

mullo abdurrahim ku risht ky u bazebit ba i duruyagit da u dunyo da peshi ALLOH 4i javob meti XUDO tavfikat dihad hidoyatat kunad

хакикат
Ин гурух инсонхоро Худо дар имтихони худаш карор додаистодааст, бале хама хакки таъгири акида доранд, аммо инсоне ки аз дин ру гардон тибки таълимоти дини аз дин берун мешавад бояд фаромуш накар!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)