Бахшҳо

Директори «Тоҷик Эйр»: «Ба Хоруғ пиёда рафтан гиред»

«Тоҷик Эйр» хатсайри Душанбе-Хоруғро хатсайри зараровар унвон кард.


Бино ба қавли масъулини ин ширкат, ҳар моҳ аз ҳисоби ин хатсайр дар ҳаҷми то 100 ҳазор доллар ба буҷаи корхона хисороти молӣ ворид мегардад. Имрӯз зимнан иттилоъ дода шуд, ки фаъолияти ин хатсайр шурӯъ аз 15-уми июли соли равон қатъ гардидааст.
Музаффар Исоқов, директори   генералии ширкат  иллати қатъ гардидани хатсайри Душанбе-Хоруғро ба ғунҷоиши ками тайёраҳои ин хатсайр, гаронии нархи сӯзишворӣ, афзоиши   ҳаққи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо ва дигар масоил унвон кард: «Ғунҷоиши тайёраҳои хатсайри Душанбе-Хоруғ 16 нафар аст, лекин ин тайёраҳо дар хатсайри Душанбе-Хоруғ 16 нафарро бардошта наметавонанд, барои ҳамин мо 14 нафар мегирифтем. Проблемаи дигар сӯзишворӣ аст. Сӯзишвориро мо барои ду тараф мегирем. Яъне дар фурудгоҳи Хоруғ сӯзишворӣ нест. Ҳолате мешавад аз ин тараф одам аст, аз тарафи Хоруғ бошад кам аст. Баъзан вақт мешавад, ки дар як моҳ ширкат аз ҳисоби хатсайри Душанбе-Хоруғ 100 ҳазор доллар зарар мебинад, ки мо инро бардошта наметавонем. Бубинед, давоми ду ҳафтаи ахир дар  пешгоҳи дафтари кории мо  ҳаррӯз митинг, занозанӣ, ҷанҷол, суханҳои бемаънӣ, умуман рафторҳои аз доираи одоб берун мекарданд. Дафъаи ахир, қариб ба даруни бино зада медаромаданд, ман баромада гуфтам: «Бародарҳо тамом, дигар хатсайри Душанбе-Хоруғ парвоз намекунад, дигар метавонед, пиёда рафтан гиред».  
Музаффар Исоқов ҳамзамон афзуд, агар нархи хизматрасонии хатсайрҳои дохилиро дар фурудгоҳҳо ва қимати сӯзишвориро арзон кунанд, мо омода ҳастем на танҳо ба Хоруғ, балки ба тамоми шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ парвозро оғоз намоем. Ӯ мегӯяд барои ҳалли ин масъала ба ҳукумати Тоҷикистон ва вазорати нақлиёти кишвар муроҷиат кардааст, то дар якҷояги чорае андешанд, вале ҳанӯз ин проблема ҳаллӣ худро наёфтааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)