Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:51

Додгоҳ даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро рад кард

31 июл 2013, 12:02

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми июл даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро, алайҳи се уламои Суғд рад кард. Қозии парванда гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.

Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеъ ва намояндаи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар ин баҳси додгоҳӣ, рӯзи 31-уми июл ба “Озодагон” гуфт, бо қарори додгоҳи Хуҷанд розӣ нест ва аз болои он ба додгоҳи вилояти Суғд шикоят хоҳад бурд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Судя

  • 31 июл 2013 12:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Натича аз пеш малум буд, зеро ин ба акл рост намеояд, ки додгох зидди касоне ки бо фармони хукумат кору фаъолият ва Турачонзолдаро танкид мекунанд, хукм барорад. Аслан суд дар точикистон мустакил нест ва зери фармони хокимиятиичроия амал мекунад ва .. бояд Турачонзодахо ба суди болои шикоят баранд, албатта на ба маънои он ки умеде бошд, балки ба ин маъно ки ба чомеа ва мардуми озод фахмонанд ки зиндаги мубориза аст, мубориза бо беадолатихо ва шикаста нашудану заиф нашудан. Сад дар сад ин икломи шуморо Худованд беназорат нахохад гузошт ва вакте шумо як кадам пеш рафтед ва барои хифзи обруи худ ва ислом икдом намудед, Худованд ду кадам ба шумо наздик мешавад. Ин номуллохо бощанд, аллакай дигар на обру доранду на шаъну шараф. Инхо дар замони шурави разведкаи рус буданд ва дар рагу хунашон косалесиву чрплуси реша давондааст, набояд аз онхо ранчид, зеро инсон аз касе меранчад ки обруву хайсият дорад, балки бояд шукронаи Худоро ба чо овард ки Худованд шуморо мисли онхо накардааст ва ин, ки :
Неши каждум на аз бахри кин аст,
Балки табиати у чунин аст.
Агар инхо баъзан вактхо нагазанд норохат мешаванд.
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 31 июл 2013 13:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё дар Точикистон маротибае суд ба фоидаи оппозитсия ва ё мардуми одди хал шудааст? Касе донад, инчо гузорад, хохиш мекунам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
АМИ ШИЪА СОФ НАМОНД АЙ ШИЪАГИШ ДУПАГОНА АЙ И ТУРА
Посух додан
  • Зарардида

  • 31 июл 2013 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Яъне суд тасдиқ кард, ки сабабгори ҷанг ҳамин "инсон" аст?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!