Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:49

Муҷозоти муфаттиши калони Кумитаи амният бо хоҳарарӯсаш

31 июл 2013, 13:03

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе муфаттиши калони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, Зуҳриддин Холмирзоевро барои сӯиистифода аз ваколатҳои мансабияш гунаҳкор дониста, ҷарима намудааст.

Тибқи иттилои Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон Холмирзоев Зуҳридин чанд моҳ қабл дар мансаби муфаттиши калони Раёсати тафтишотии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ба хоҳарарӯсаш Султонова Ш. мусоидат намудааст, ки тариқи қочоқ, бепардохти боҷи гумрукӣ ба кишвар маснуоти заргарӣ ворид намояд: “Султонова аз пардохти боҷи гумрукӣ саркашӣ кардааст. Холмирзоев бо истифодаи мақоми корманди Кумитаи амнияти миллӣ ба минтақаи назорати гумрукии фурудгоҳ ворид шуда, аз рӯи манфиатдории шахсӣ борхалтаи дастии полиэтилении Султоноваро бо маснуотҳои заргарӣ ба миқдори калон бе декларатсия ва бидуни назорати гумрукӣ, аз сарҳади гумрукии Тоҷикистон гузаронидааст.”

Оҷонсии мубориза бо фасод мегӯяд, нисбати Холмирзоев З. бо моддаи 391 қисми 1 ва нисбати Султонова Ш. бо моддаи 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноӣ парванда кушоданд ва гуноҳашон дар суд тасдиқи худро ёфтааст.

Ин ниҳод мегӯяд, дар маҷмуъ тайи нимсолаи аввали соли равон 2 ҷиноят аз ҷониби 2 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 адад камтар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!