Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:52

Кабирӣ дар фикри ҷамъоварии имзоҳо барои номзадӣ ба президент

31 июл 2013, 17:58

Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 31-уми июл, бо ирсоли номае ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, хостааст, ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо барои пешбарии номзад дар интихоботи президентӣ рӯшанӣ андохта шавад.

Раиси ҲНИТ аз ин комиссия хостааст, ки масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷ аз Тоҷикистонро шарҳ диҳад: “Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шаҳрвандони ҶТ тарафдорӣ карда шавад. Таври маълум, имрӯзҳо беш аз ду миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кору фаъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд.”

Бо зикри ин Кабирӣ аз КМИР хоҳиш намудааст, ки то масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷ аз Тоҷикистон ва чӣ мақоме салоҳияти тасдиқи бланкаҳои имзоҳоро дорад, тавзеҳ диҳад.

Баробари ин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, “роҳбарияти КМИР то эълони интихобот мулоқотеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир намоянд ва дар он масоили вобаста ба мушкилоту монеъагузориҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид намудани аъзои аҳзоб ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот, ки қонуни мазкур манъ накардааст ва соир масоил, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Исроил

  • 31 июл 2013 19:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оқои Кабирӣ дар берун аз кишвар аз Раҳмонов дида, ихлосмандони бештар дорад, алалхусус байни тоҷиконе , ки дар Русия муҳоҷир шуда кор мекунанд, Кабирӣ маҳбубияти хосаеро доро мебошад.ҲНИТ равад, имзои хеле зиёд, қариб 2 млн имзоро соҳиб мешавад.
Посух додан
  • Хакчу

  • 31 июл 2013 19:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум, хохед нахохед боз Рахмон президент мешавад. Чи даркор расходу хархашаи зиёдати?!
Посух додан
  • Субхон

  • 31 июл 2013 21:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Кабири сазовор ба курсист. Мо дастгиру ёвару дуогуи Шумоем ЧАНОБИ КАБИРИ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сиёсати ин бози! Сиёсатмадор бозингар, халки одди воситаи бози. Шахсан маро авзои сиёсии кишвар бисёр нигарон мекунад. Кабири кадри хуб аст аммо шахсияти "ачиб" аст. Рахмон боз интихоб мешавад аммо ман 100% хатто 500% кафолат медихам, ки проблемахое ки имруз хастанд аз кабили БАРКИ ДОИМИ, ЧОИ КОРИ, РУШДИ ИКТИСОД ... то соли 2020 идома меёбанд. Барои чи барои он ки РИСОЛАТИ РАХМОН КАЙХО ПОЁН ЁФТААСТ. Аммо "АХЛИ ОИЛА " гумон доранд ХОКИМИЯТ АБАДИСТ. Азизон фаромуш накунед ХАР ЯК НАФАСИ МЕКАШИДАИ МО СУОЛУ ЧАВОБ ДОРАД. Бо умеди тавфик ШЕР!
Посух додан
  • саидбеки мухочир

  • 1 август 2013 08:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кабиров вохимачии №1 дар чахонай. Ин одам ачали нохонда ва бесаводо хаст. Гапхое ки дар баромадхош мега обсуждении масъалахои занакои нунпази сари дегвори будай. Аввал мегуфтан ки босаводай, неки вакте баромадша гуш кардем дилмон монд. И одамда факат вазифа даркорай дига ягон чиз намехоха. Бо вазифаи паста ба фикрум тамоман намехоха. Чоп кнен мо гарибем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окои Кабири вокеъан Сиёсатмадори тавоност! бо як иродаи кави ва матонату оромии хосе, ки доранд метавонанд як тахавулоти чидиеро дар хаёти Кишвар ба вучуд биёранд. ИншоАллох Галаба насиби мост! бояд хама якчоя аз барномаи Ахзоби Сиёси, ки хафтаи гузашта ироа карданд, тарафдори кунем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо ин гуна сиёсатмадорони бесаводи ба монанди Кабири нигох дорад. Зеро маълум аст,ки аксари чонибдорони у аз иктисоду пешрафти илму техника бехабаранд. Фикр кунед агар Кабири президент шавад, дигар дар кишвар зиё намемонад......
Посух додан
  • мухочир

  • 3 август 2013 00:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИСРОИЛ РАХМАТИ КАЛОН ИНШОАЛЛОХ МУХИДИН КАБИРИ САРВАРИ ДАВЛАТ МЕШАВАД АГАР ШАФОФ ГУЗАРАД ИНТИХОБОТ
Посух додан
  • vatandust

  • 6 август 2013 01:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Kabiri besavodai az hukumat iltimos kabiri barin fitnachiho va besavodora dar intikhobot roh nadihand ki inho paoravoni shiaho va takfiriho astan
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Кабири, агар Шумо барномаи интихобиатонро тавре созед, ки дар он сохтани давлати исломи максад набошад, пас Шумо овози хеле зиёд мегиред. Шуморо аксарияти мардум дастгири мекунанд, вале аз тарси он ки ЧТ давлати исломи нашавад, овоз надоданашон мумкин аст. Барои хамин барномаи "светский" пешниход кунед! (агар ШУмо давлати исломи сохтани набошед). Ташаккур аз Русия.
Посух додан
  • hisor

  • 3 сентябр 2013 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
dar vatan oburuvu kadr nadori ki az muhojironi rusiya istifoda mebari?hamai tojik muhojir nest ku.2-milion nest onjo.1-milionam nest.ooo digar tojikon dar vatananku.in bahona nameshavad..kalai xalki bechoraro garang nakuned.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
президенти Точикистон Додочон Атовуллоев шавад.....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!