Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Раёсати тандурустии Суғд: “Кӯдакони мо “хиррак” не, бемории шадиди рӯда доранд”

1 август 2013, 09:12

Дар Тоҷикистон дар давоми ду моҳи охир 14 кӯдаки то 7-сола аз бемории номаълум ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора “Сentrasia.ru” гузориш дода, менависад, дар вилояти Суғд дар давоми ду моҳи охир маргумири 14 кӯдаки синну солашон то мактабӣ, аз бемории номаълум, ки мардуми одӣ аз он “хиррак” ном мебаранд, ба қайд гирифта шудааст.

Аммо Фахриддин Ҳакимов, сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар суҳбат бо хабарнигори "Озодагон" чунин як иттилоъро рад кард. Ӯ гуфт, чунин беморӣ дар вилоят ба қайд гирифта нашудааст. Баръакс, ба гуфтаи ӯ, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 4 ҳазору 533 кӯдаки то панҷсола ба бемории шадиди рӯда гирифтор шудаанд ва аз он ҳамагӣ 2 кӯдаки то яксола фавтидаанд. “Ин кӯдакон аз ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров буданд”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки “Сentrasia.ru” дар гузориши худ навиштааст, духтурони беморхонаҳои маҳаллии ин вилоят аз ифшои далели аслии маргумири кӯдакон ба сокинон худдорӣ карда, онҳоро қонеъ мекунанд, ки бештар сабаби фавти кӯдакон дарди шадиди бемориҳои рӯда бо ангезандаҳои номаълум мебошад. Ин дар ҳолест, ки сокинони Шаҳристон вилояти Суғд, ки бештари маргумири кӯдакон дар онҷо ба қайд гирифта шудааст, гуфтаанд, духтурон бо ҳар баҳона сокинонро фиреб намуда, маълумоти дурустро пинҳон медоранд. Нишонаҳои ин беморӣ ба дарди шадиди руда монанд буда, вале давраи гузариши ин беморӣ аз дигарон фарқ мекунад.

Ҳарорати шахси ба “ҳиррак” мубталогардида зуд баланд шуда, то ба 40-42 дараҷа мерасад ва бемор чун ба табларза гирифтор шуд, овози худро аз даст медиҳад. Ба навиштаи Centrasia.ru, ашхоси калонсоли гирифтор ба ин беморӣ то 20-30 рӯз ва хурдсолон то 15 рӯз тоб меоранд.

Торнамои мазкур менависад, “ҳоло ин беморӣ миёни кӯдакон зуд паҳн шуда, вазнинхонаи беморхонаҳои ин вилоят пур аз кӯдакон мебошад. Ин дар ҳолест, ки дар беморхонаҳо доруҳои махсус алайҳи ин вирус вуҷуд надошта, пизишкон ба ҷои муроҷиат ба Вазорати тандурустии ин кишвар ё ба Созмони ҷаҳонии беҳдошт, доруҳои одии зиди вирусро пешниҳод мекунанд.”

Ба иттилои ғайрирасмӣ дар се моҳи ахири соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 846 ҳолати маргумир аз беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Сабаби аслии ин раванд ба гуфтаи худи духтурон вазъи бади шароити беҳдошти аҳолӣ мебошад, ки боиси паҳншавии вирус мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!