Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Вазорати адлия мухолифи қабули қонуни муҳоҷират

1 август 2013, 10:42

Анвар Бобоев, муовини якуми раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, мегӯяд, қонун дар бораи муҳоҷирон, ки барои шаҳрвандони тоҷик дар берун аз кишвар имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст, то охири соли 2013 ба парлумони Тоҷикистон пешниҳод хоҳад шуд.

Бобоев, имрӯз, 1-уми август, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, қонуни мазкурро як гуруҳи кории махсус бо иштироки намояндагони 9 вазорату кумитаи Тоҷикистон, аз соли 2010 инҷониб таҳия дорад, аммо вазорати адлия бори чандум аст, ки мухолифи он мебарояд. Ба гуфтаи Бобоев Вазорати адлия иддао дорад, ки сохтори қонун нодуруст аст.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи муовини якуми раиси Хадамоти муҳоҷират қонуни таҳиякардаашон барои муҳоҷирон сабукиҳои зиёдеро пешбинӣ намудааст: “Дар доираи он аз ҷумла ташкили Фонди махсуси кӯмак ба муҳоҷирон дар ҳолатҳои зарурӣ дар назар аст. Масалан дар ҳолатҳои беморӣ ё фавти муҳоҷирон ҷудо намудани пул аз ин фонд дар назар аст.”

Анвар Бобоев таъкид намуд, ки дар масъалаи маблағгузории Фонд гуфтугузорҳо зиёданд: “Баъзеҳо мегӯянд, аз ҳисоби худи муҳоҷирон бошад. Аммо мо талош мекунем, ки дар марҳилаи аввал маблағгузории Фонд аз ҳисоби буҷаи давлат сурат гирад.”

Ин дар ҳолест, ки аз Тоҷикистон дар Русия наздики ду миллион муҳоҷири меҳнатӣ кор мекунанд ва аз нигоҳи ҳуқуқию иҷтимоӣ дар ин кишвар осебпазир арзёбӣ мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАХАХАХА!!!!! Боз як сохибкори дигар пайдо шуд. Анвар Бобоев ибораи "Баъзехо мегуянд"-ро эхтиёткорона бояд истифода кард.Аз номи дигарон сухан карданро кай бас мекунед шумо хукуматдорон. Шарм намедоред боз аз хисоби хамон бечорагоне,ки дар гариби гашта бо сад азоб маблаги ночиз кор мекунанд сохибкори мекунед. Сад хайфи чунин макомоту сад хайфи шахсе,ки чунин конун кабул мекунад. Мо ба кучо равонаем????????
Посух додан
  • малик

  • 1 август 2013 13:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
илтимос ягон конун барои мухочирон кабул накунед.барои онки ин парлумони зидди халки то ба хол ягон конуне кабул накардааст ки ба халки одди манфиат дошта бошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!