Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:39

Ализода дар бораи Зайд, шиканҷа ва фишор ба муҳоҷирон

1 август 2013, 11:46

Ҳумайрои БАХТИЁР

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, 31-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе ба қазияи боздошти Зайд Саидов, шиканҷа ва ҷинояткориҳои муҳоҷирон дахл кард.

Вакилони Зайд Саидов ба ман шикоят наовардаанд

Зариф Ализода, мегӯяд, Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, ҳоло танҳо шахси гумонбар буда, ҷинояткор будан ва ё набудани ӯро танҳо додгоҳ муаяйн хоҳад кард. Зариф Ализода изҳори нигаронӣ аз он намуд, ки ҳарчанд ҳоло парвандаи Зайд Саидов дар додгоҳ баррасӣ нашудааст, вале дар ҷомеа он ба таври гуногун матраҳ мешавад.

“Ҳоло тафтишот идома дорад ва ман ҳуқуқи дахолат карданро надорам. Ман замони дидор бо Зайд Саидов ҳамзамон бо вакилони дифоъи ӯ сӯҳбат доштам. Ҳоло ҳаминро медонам, ки тибқи иттилои ман ба Зайд Саидов ёриҳои лозимӣ барои саломатиаш расонида мешавад”
, гуфт Зариф Ализода.

Дар робита ба шикояти вакилони дифоъи Зайд Саидов аз маҳдуд будани мулоқоти рӯ ба рӯ бо зерҳимояашон ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон гуфт, ки дар ин маврид ҳеч даъвои расмӣ қабул накардааст. Зариф Ализода гуфт, ки шахсан аз рафти тафтишоти қазияи Зайд Саидов назорат бурда, тасмим дорад, то дар муҳокимаи додгоҳӣ низ ширкат варзад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бар ин назар аст, ки давоми чанд моҳи охир дар зиндонҳои Тоҷикистон шиканҷа коҳиш ёфтааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки чанд рӯзе пеш Маҳмурод Одинаев, падари маҳбус-Сунатулло Ризоев дар сӯҳбат бо хабарнигорон аз амали кормандони мақомоти қудратӣ шикоят қард. Маҳмурод Одинаев гуфт, ки баъди муҳокимаи додгоҳии писараш дар Хуҷанд чанде аз масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро иҷборан ба ҷое бурда, таҳдиду фишор овардаанд, то аз гуфтаҳояш дар робита ба шиканҷаи маҳбусин даст кашад. Зариф Ализода гуфт, ки аз ин ҳодиса тавассути хабаргузориҳо огоҳӣ ёфта, ҳоло дар пайи таҳқиқи ин масъала аст: “Албатта сару садо хеле зиёд аст. Ба хотири таҳлили дақиқ ман тасмим дорам бо таъсиси гурӯҳи корие ба Хуҷанд биравам. Ҳангоми сафар қасд дорам, то бо маҳбусини аз Душанбе ба Хуҷанд интиқолёфта, сӯҳбат анҷом бидиҳам”.

Муҳоҷирон ҳам даст ба ҷиноят мезананд

Дар робита ба авҷи фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия, Зариф Ализода афзуд, ки ҳоло ҷиддан дар пайи омӯзиши ин масъала ҳаст. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, ки ниҳоди зертобеаш дар пайи ҷустуҷӯи ҳалли ин мушкил аст: “Бубинед, дар сатҳи давлату ҳукумат мо бо Русия ҳеч мушкиле барои фаъолияти шаҳрвандон надорем. Асноди зарурӣ ба тасвиб расидаву, амалӣ ҳам мегарданд. Ин фишорҳо бештар аз тарафи миллатгароён ва баъзе аз шахсиятҳои алоҳида рух медиҳад”.

Зариф Ализода гуфт, ки аз байн бурдани хатар ба ҷони муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари корӣ яке аз мавзӯи аслии мулоқоташ бо ваколатдорони манотиқи Русия мебошад: “Мо набояд нодида бигирем, ки дар баъзе маврид муҳоҷирони мо низ даст ба ҷиноят мезананд. Онҳо ҳуқуқҳои худро намедонанд. Мутааcсифона, падару модар баъди хатми мактаб ҷавононро дарҳол ба Маскав мефиристанд, ки онҳо ҳоло омода нестанд”.

Зариф Ализода дар мавриди овозаҳо ва пешниҳоди мансабдорони Русия барои ҷорӣ намудани раводид бо Тоҷикистон гуфт, ки ин бар зарари ҳарду кишвар хоҳад буд. Ба гуфтаи номбурда дар сурати ҷорӣ кардани раводид Маскав миқдори зиёди муҳоҷиронро аз даст медиҳад, ки ин ба иқтисодиёти Русия бетаъсир нахоҳад буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зариф Ализода ин як бут хаст аз дасти ин Омбудусмен ягон кор намеояд. Хукуки ягон шахрванди ЧТ-ро нагирифтааст ва гирифтахам наметонад, барои он ки хама шиканчаву бадрафтори бо фармони боло хаст. Шиканча дар хама ниходхои кудрати 100% хаст, дигар чи илоч дар пеши журналистхо ва кумитаи СММ оид ба хукуки инсон мегуянд, ки шиканча вучуд надорад.
Посух додан
  • мухочир

  • 2 август 2013 08:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон,ягон корро ба анчом расонида наметавонад ва хеч чиз хам аз дасташ намеояд. Дар хама чой шиканчаву ноадолати вучуд дорад ,лекин мо ягон маротиба нашунидем,ки Зариф Ализода аз нисбати шиканчаву ноадолатихо дар чомеъаи точикон, фикри мушахаси худро гуфта бошад,барои он ,ки у ба вазифа аз боло таъин шудааст ва манфиатхои хукуматдоронро хама вакт тарафдори мекунад ва ба чомеъаи байналмилали нишон медиханд,ки ана дар Точикистон ваколатдор оид ба хукуки инсон пурра фаъолият мекунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!