Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:45

Мушовири президент Раҳмон: Номаи Зайд Саидовро дарёфт накардаем

1 август 2013, 12:09

Музаффар Ашӯров, мушовири Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, оид ба ҳуқуқҳои инсон, мегӯяд, ки номаи Зайд Саидов ҳоло ба дастгоҳи раисиҷумҳур нарасидааст.

Музаффар Ашӯров, раҳбари шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, шуъбаи онҳо номаҳоеро ба раисҷумҳур мерасонад, ки расман вориди дастгоҳ шудаанд: “Азбаски номаи Зайд Саидов ба президент дар расонаҳои хабарӣ мунташир шуд, расонидани он ба салоҳияти шуъбаи мо нест. Барои он, ки мо ин номаро ба раисиҷумҳур барем, зарур аст, ки нусхаи аслияшро ба мо расонанд.”

Қаблан Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ба қазияи ӯ расидагӣ кунад.

Вай дар номаи чаҳорсаҳифагии худ гуфтааст, вазъи саломатияш хуб нест ва мехоҳад озод шавад ва ё зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул гардад. Оқои Саидов дар ин номаи худ ҳадаф аз таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро ҳам баён дошта гуфтааст, қабл аз амалӣ намудани нияташ мақомоти Кумитаи амнияти миллиро огоҳ карда буд. Вай афзудааст, вақте дар Фаронса буду нофаҳмиҳо аз сӯи мақомот зиёд шуд, ният дошт ба ватан баргардаду фаъолияти таъсиси Тоҷикистони навро боздорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Darvesh

  • 1 август 2013 14:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Az hamon darichae ki az tarafi CHoykhonai Rohat ast az 100$ to 1000$ girifta maktubro ba Prezident merasonand. Nakhod haminro ham nadoned!!!!
Посух додан
  • roziya

  • 1 август 2013 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин тавр шуданаш хам каблан маълум буд. Барои он,ки корхонахои давлатии Точикистон мисли солхои пештара мурочиатхоро бо таври когазхо кабул намуданро одат кардагианд: Бояд наздикони Зайд Саидов нусхаи аввали мактубро бо имзояш дар дастгохи президент ба кайд гирифта,баъд ба масъулини он чо месупориданд ва дар чавоб мешунавиданд: "Мактуби шуморо дар муддати 1мох дида баромада, чавобашро ба сурогаи дар мактуб кайд шуда мефиристем". Аммо ба мурочиатхои дар шабакаи интернет бударо хукуматдорон ахамият хам намедиханд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ое бе ришват имкон дорад ки нома ба президент расад?
Ое намедонед ки гуфтаанд:

Мо медонем Шумора
Шумо медонем мора
Ришва агар надихем
Меканед риши мора
Посух додан
  • said

  • 1 август 2013 15:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
chi prezident magar ruznomahoro namexonad? hatman muntazir hast ki kai in noma birasad?...

Az ameriko to Tojikiston yak noma ba vositayi post dar 3-4 ruz merasadu, yak noma az bozdoshtgoh to Prezident tuloni! Pas chi umedi digare hast az Hukumat!

Voi bar holi hamayi sumo!

Khudo buzurg hast! va modarbuzurgam hamesha meguft, ki degi khude der jush mezanad! Insholloh azobatonro mebined! Hej kor bejawob naxohad mond!
Посух додан
  • ОШНО

  • 1 август 2013 17:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар сиёсат хато намекунанд. Аслан категорияи хато ва ислохи хато нест дар сиёсат. Хатои сиёси хамеша махкум ба марг аст. Хамон тавре сапёр як бор хато мекунад сиёсатмадор хам як бор хато мекунад. Зайд хам хато кард ва бо мактуби худ мехохад худро хак бароварда хатояшро ботил кунад, аммо койидаи брзи ин тавр аст, ки агар хозир Э Рахмон Зайдро пазирад, пас хаторо у содир мекунад ва у бояд сазои хаторо кашад. Барои хамин ягон хел нома дигар Зайдро аз ин варта рахонида наметавонад. Хамон тавре ки Ёкуб Гаффор Махмадрузи ва дигарон хато карда буданд

Посух додан
  • кулоб

  • 1 август 2013 20:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОШНО,
Чи хато карданд ин шахсхои мегуфтагият ку моро аз руи конунхои Точикистон фахмон
Посух додан
  • afandi

  • 2 август 2013 02:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
e ashure!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!