Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:09

Китоби президенти собиқ дигар китоби дарсӣ нест

1 август 2013, 12:46

Дар барномаи нави таълимӣ, ки аз сӯи Вазорати маорифи Туркманистон барои хонандаҳои макотиби миёна таҳия шудааст, фани «Рухнома» нест ва акнун шурӯъ аз 1-уми сентябри соли равон мактаббачаҳо ин «китоби муқаддас»-ро, ки Сапармурод Ниёзов, райиси ҷумҳури собиқи ин кишвар навиштааст, намехонанд. Дар ин бора торнамои «Хроника Туркменистана» иттилоъ додаст.

Гуфта мешавад, ҷои соатҳоеро, ки хонандаҳо «Рухнома» мехонданд, дигар фанҳо пур хоҳанд кард. Масалан, дар барномаи таълимӣ барои хонандаҳои синфҳои болоӣ дарсҳои «Асосҳои иқтисод», «Асосҳои экология», «Мероси фарҳангии Туркманистон» ва «Фарҳанги ҷаҳон» ҷой шудааст.

Омӯзиши «Рухнома» барои макотиби миёна ва олии Туркманистон аз соли 2002 шурӯъ гардид. Баъди чанд соли сари қудрат омадани Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов омӯзиши ин фанро дар макотиби олӣ қатъ намуда, теъдоди соатҳои он дар макотиби миёна кам карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!