Бахшҳо
01 авг 2013 13:07Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

СММ хост, дастандаркорони амалиёти Хоруғ муҷозот шаванд

Коршиносони созмони Милали Муттаҳид ба амалкарди Тоҷикистон дар мавриди иҷрои тааҳҳудоташ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсӣ баҳои хуб надодаанд.

Дар ин бора дар варақаи иттилоотии муштараки Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон таъкид шудааст.

Коршиносони Кумитаи ҳуқуқи башари СММ бо интишори феҳристи тавсияҳои худ ба ҳукумати Тоҷикистон оид ба иҷрои тааҳҳудоти ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсӣ аз амалкарди ҳукумати кишвар дар ин замина интиқод кардаанд. Ин интиқодот бар асоси гузориши мақомоти тоҷик дар мавриди иҷрои тааҳҳудоти байналмилӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсӣ дар авоили моҳи июли соли ҷорӣ дар Женева гирифта шудааст.

Бештари ин тавсияҳо бар асоси масоили матраҳгардида аз тарафи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башари СММ дар рафти ҷаласаи 108-уми Кумитаи Ҳуқуқи башари СММ ироа гардидаанд. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башари Созмони Милал аз ҳукумати кишвар талаб кардаанд, то дар мавриди иҷрои тавсияҳои кумитаи мазкур диқатти ҷиддӣ бидиҳад, ба вижа:

-Самарабахшӣ ва истиқлолияти дафтари ваколатдор оид ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро таъмин намояд;

-Ба мустақилияти мақомотҳои судӣ кафолат диҳад;

-Ҳуқуқи бо вакили мудофеъ таъмин намудани тамоми афроди боздоштшударо фароҳам кунад;

-Ҳуқуқи озодии баён ба рӯзноманигорону шаҳрвандон таъмин карда шавад;

-Қонун оид ба туҳмат ва таҳқири шахсият бозбинӣ шавад;

-Бекор кардани ҳукми қатл ва фавран таҳқиқ намудани тамоми далелҳои маргумири маҳбусон дар зиндонҳо;

-Шадидан пойбанд будан ба адами иҷборӣ бозпас овардан ба ватан;

-Дар робита ба шиканҷа, саривақт ва ба куллӣ таҳқиқ шудани шикоятҳои оид ба шиканҷа ва муносибати тунд ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми гунаҳкорон;

-Дар робита ба ҳуқуқи озодии баргузории гирдиҳамоӣ (тазоҳурот, роҳпаймоӣ);

-Дар робита ба ҳуқуқи ақаллиятҳо: ҷалби ақаллиятҳо дар ҳаёти сиёсии кишвар ва тасмимгириҳои умури давлатӣ.


Кумитаи мазкур дар баробари ин тавсияҳои худ аз фавти шаҳрвандони осоиштаи тоҷик дар амалиёти низомии соли гузашта дар Хоруғ ва таҳқиқ нашудани ин ҳолатҳо ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст: “Давлат бояд ашхоси гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашида, ба пайвандони қурбониҳо ҷубронпулӣ диҳад.”

Инчунин, кумита нигаронии худро дар робита ба таъқибу боздошт шудани раҳбарони сиёсии мухолифон бо ангезаҳои сиёсӣ ва бо мақсади сади роҳи иштироки эшон дар интихобот шудан баён намуда, гуфтааст: “Дар мавриди боздошти Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби сабти номнашудаи “Тоҷикистони Нав” сахт нигарон мебошад. Давлати Тоҷикистон бояд барои Зайд Саидов, ҳуқуқ ба озодӣ ва ҳукми одилона кафолат диҳад.”

Соли 1999 Тоҷикистон Тааҳҳудоти байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандию сиёсиро ба тасвиб расонидааст, ки барои иҷрои тамоми бандҳои он вазифадор мебошад. Вале бо гузашти 14 сол ҳукумати кишвар ҳанӯз ҳам барои иҷрои пурраи бандҳои он омода нест. Ҳукумати Тоҷикистон вазифадор аст ва бояд барои иҷрои ин тааҳҳудот дар назди мардумаш талош кунад. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҳуқуқи башари СММ аз Ҳукумати кишвар даъват менамоянд, то тамоми ин тавсияҳои мазкурро иҷро кунад.
Мӯҳр
СММ аввал дастандаркорони амалиётхои Ироку Либия ва Сурияву Яманро мучозот доданба пешниход кунад!! Хама хамин тафрикахоро худашон меандозанду баъд худашонро духтари подарознакардабарин мегиранд!!!.............

alloh qasam ganda durug guftestene !!!коррупция чи шмо ика халка руи рост дуруг кадестен ! аёдтон наброре ки бади мурдан бо хаёти човидона хаст !! Иншо Аллох чотон гармай ... гзаронде неки кати тухматотон ... чё вы себя считаете самыми умными чтоли никто вашим словам не верит ! Лжецы , кани против Ватанфурушо статья кушоен ку километрош кати замина да хитойиёи будпарасто савдо мекнан , кани раз ика шумо коригар мегире хтона капен касе замин фурухт , ё ки ябор рафта Талко ра тафтишот кнен ку чан милллиард зарар овард ба будчет ё чан миллиард офшор кард, бо мегум хазор бор шид гуфтестам Мардум ЗАЙД САИДОВ ро руи рост тухмат карда истодааанд ба гапхои ино бовар накунед , Э ХУДое , зиндагира дар назари мардум шум кадагиен !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)