Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:54

Эҳтимоли боз болоравии нархи гуфтугӯҳои телефонӣ дар Тоҷикистон

1 август 2013, 13:52

Дар Тоҷикистон бо назардошти талаботи Кумитаи андози кишвар имкон дорад, нархи тамосҳои телефонӣ боз боло раванд.

Ғаффур Эркаев, раиси Анҷумани дастраскунандаҳои алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар мактубе, ки ахиран аз Кумитаи андози кишвар дастрас кардаанд, гуфта мешавад, ки операторони мобилӣ барои пешниҳод намудани хизматҳои алоқаи байнишабакавӣ бояд андози аксиз ва аз зангҳои воридотии байналмилалӣ низ ҳам аксиз ва ҳам андоз аз арзиши иловашуда пардохт намоянд.

Дар ҳамин ҳол Анҷумани дастраскунандагони алоқаи мобилӣ бо як муроҷиати такрорӣ ба Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андоз ва Шукурҷон Зуҳуров раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хоҳиш кардаанд, ки агар ин талаботи Кумита воқеист, бори дигар онро тасдиқ намоянд, то операторони алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон бо назардошти ин андозҳо нархҳояшонро муайян кунанд ва меафзоянд, ки дар ин сурат нархҳо боло хоҳанд рафт.

Дар муроҷиати дастраскунандагони интернет ба Давлатов ва Зуҳуров суол гузошта шудааст, ки “минбаъд операторон арзиши хизматҳои алоқаи байнишабакавиро бо назардошти андози аксиз муқаррар намоянд? Дар ин ҳолат арзиши хизматҳои алоқаи мобилӣ қиматтар шуда, ин андоз бинобар сабаби ғайримустақим будан, аз ҷониби муштариён пардохт карда мешавад.”

Дар идома дастраскунандагон мепурсанд, ки “оё операторон зангҳои воридотии байналмилалиро бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз муқаррар намоянд, ки ин ҳолат ба музднок шудани зангҳои воридотии байналмилалӣ оварда мерасонад?”

Операторони мобилӣ такроран аз мақомоти тоҷик хоҳиш кардаанд, ки дурустии гуфтаҳои болоро тасдиқ намоянд ва агар чунин аст, операторон минбаъд бо назардошти ин нархҳояшонро муайян хоҳанд кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дарвеш

  • 1 август 2013 13:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дина як бор боло бурдан боз имруз хар 3 хафтада як бор боло баред дигар чизи фойдаовар нест
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба Кумитаи андоз! Тибки маълумоти вазорати энергетика ва саноати кишвар дар давоми 6 мохи соли равон 161 корхонаи саноати аз фаъолият боз мондааст. Дигар Давлатов накшаи андозро чи гуна ичро кунад?
Чуз ширкатхои мобили магар дигар манбаи андозбанди боки мондааст магар? Аксиз 3 фоиз буд 6 фоиз шуд. То охири сол боз чи кадар боло мерафта бошад?
Ин магар горати халк нест?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикри хуб ку))))) Бисёр хуб мешавад, киссаи чандин кормандони сохаи кумита боз холи монд? кори дигар надоранд ин мардум, андоз андоз ва боз андоз, дар Точикистон 20 намуди андоз аст магар дар дигар манотики чахон чунин аст? барои чи аз суханронии мардум хам андоз мегиранд)))))))))))
Посух додан
  • benavo

  • 10 август 2013 22:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кормандхоиналог факат рохи пулхуриро медонанд. Бечорахо саводи кофи надоранд. Худашон хам ба пои худашон ва хам чомеаву давлат теша мезананд.....
Худо ба хайр кунад! ОМИН!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!