Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:11

41 ҳазору 244 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, аммо теъдоди бекоршавии он номаълум

21 июл 2011, 11:01

Идораҳои нотариалии давлатӣ дар давраи ҳисоботӣ 243 810 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин ба буҷаи давлатӣ 15 062.315 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.


Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб зиёд аст, афзуд Абдуҷаббор Қодиров, муовини аввали вазири адлияи Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ.
Бино ба қавли Қодиров, 28-уми июни солои ҷорӣ маҷлиси шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методии оид ба таълим ва тарбияи  ҳуқуқии шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ба 28 нафар ҳуқуқшиносон барои фаъолияти адвокати ваколатдор иҷозатнома дода, мӯҳлати амали иҷозатномаи 7 нафар адвакати ваколатдор тамдид гардид.Ҳамзамон додани иҷозатнома ба 4 нафар довталаб бинобар насупоридани имтиҳони тахассусӣ рад карда шуд.
Зимнан, қайд шуд, ки аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи соли равон 222 442 аснод, аз ҷумла 95 336 таваллуд, 41 244 ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд.    Мутаасифона, ба хабарнигорон дар ин нишаст дар мавриди шумораи бекор шудани ақди никоҳ ва теъдоди оилаҳои ҷудошуда маълумот дода нашуд ва вақти ҷудошуда барои конфронс ба итмом расид. {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!