Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 23 март 2017, 13:18

Дархост аз Бег Зуҳуров: Ютуб (Youtube)-ро “озод” кунед!

1 август 2013, 14:48

Анҷумани ширкатҳои фароҳамгари Интернет хостори дастрасии комили сокинони кишвар ба шабакаи иҷтимоии Ютуб шудааст. Ин шабака дар нимаи дувуми моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи пахши видеои тӯйи Рустами Эмомалӣ, писари президент Раҳмон, дар Тоҷикистон баста шуд.

Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои дастраскунандаи Интернет, гуфт, бо ин мазмун ба Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқа ва котиботи Шӯро оид ба ТИК-и назди раисиҷумҳури Тоҷикистон номае ирсол кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин нома таъкид шудааст, ки “табдил додани Тоҷикистон ба кишвари пешқадами электронӣ яке аз ҳадафҳои фаннии давлатӣ буда, масдуд шудани баъзе сомонаҳо ба манфиати кишвар нест.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 31-уми июли соли ҷорӣ Татяна Холмуродова, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба хабарнигорон гуфт, онҳо аз масдуд шудани Ютуб хабар надоранд. Дастрасӣ ба видеопортали Ютуб (Youtube) дар моҳи майи соли ҷорӣ, дар пайи нашри тӯйи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон қатъ гардид. Ҳоло аксари сокинони кишвар тавассути филтршиканҳо ба ин шабака ворид мешаванд ва наворҳои мавриди назарашонро тамошо мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!