Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:48

Темур Варқӣ мегӯяд, “Васиятномаи модар” эҷоди ТВ Сафо нест

1 август 2013, 15:21

Масъулони телевизиони “Сафо” ва Маркази фарҳангии “Нур” дар Маскав пахши навори “Васиятномаи модар” ба Додоҷони Атовуллоро аз номи ин студия дасиса номиданд. Дар ин навор, ки зоҳиран алайҳи Додоҷони Атовулло, журналист ва раҳбари Ҷунбиши сиёсии "Ватандор" нигаронида шудааст, студияи "Сафо" ва Маркази фарҳангии "Нур" ҳамчун таҳиягарони он муаррифӣ шудаанд

Темур Варқӣ, як масъули ин телевизион, ба “Озодагон” гуфт, “агар муаллифони ҳамин дасиса гумон доранд, ки ба телекомпанияи нав зарар мерасонанд, иштибоҳ мекунанд.” Дар ҳоле ки ба гуфтаи оқои Варқӣ, “чунин дасиса баръакс ТВ “Сафо”-ро бе пул реклама мекунад. Мардумро фиреб карда намешавад. Акнун ҳатман моро тамошо мекунанд ва мефаҳманд, ки асли кор дар чист.”

Навори “Васиятномаи модар”, ки аз 27 дақиқа иборат аст, рӯзи 24-уми июли соли ҷорӣ, ҳафтае баъд аз он ки мақомот ба назди модари Додоҷон рафта, аз ӯ хостаанд, фарзандашро ба Ватан хонад, нашр гардид. Аммо дар навор ягон ҷумлае, ки бевосита худи модари Додоҷони Атовулло гуфта бошад, вуҷуд надорад.

Темур Варқӣ дар масъалаи ТВ “Сафо” гуфт, онҳо корро дар мавриди ҷамъ намудани кормандон, бастани қарордод бо шарикон ва сохтани нақшаи корӣ оғоз намудаанд. “Мо барои як бор ба эфир баромадан ба ин шабака наомадем. Худо хоҳад, ин шабакаи барҷаста на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми минтақа ва дар Афғонистону Эрону Русия хоҳад шуд”,-гуфт ӯ.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Навори “Васиятномаи модар” ба Додоҷони Атовулло аз тарафи корманди Садо ва Симои нохияи Панчакент аксбардори шуда, дар шабакаи аввали пойтахт ба он овоз дода шуд.
Модари Додочон, ки 83 сол дорад базур харф мезанад, ин аст, ки маъмурияти Шабакаи аввал тасмим гирифт, ки ба он овоз дихад. матнашро бошад хама медонанд ки бо супориши ки тайёр кард
Посух додан
  • Mirzo

  • 1 август 2013 16:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охоооооооооооооооооооооооооооооо!
Инхо тухматро аллакай дар мукобили телевизиони навтаъсиси сафо хам сар карданд гуед? Офарин. Инхо ба хама тухмат кодиранд. Инхо метавонанд!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ганда беаклона гап мезане дааааааа чиба тухмат мекардиян?! Даркор шава фаъолияти хами шабакара дар Точикистон кат мекунанд!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!