Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда буда, бебориш боқӣ мемонад.
Ба иттилои манбаъ, ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Хатлон шабона +23+28, рӯзона +40+45 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо шабона +19+24, рӯзона +35+40 гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд ҳарорат шабона +20+25, рӯзона +35+40 дараҷа дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона +19+24, рӯзона +30+35 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона +6+11, рӯзона +19+24 гарм аст.
Ҳарорат дар водиҳоии навоҳии тобеи марказ шабона +18+23, рӯзона +39+41 гарм мешавад дар доманакӯҳҳо шабона +14+19, рӯзона +33+38 ҳавои гарм пешгӯӣ карда мешавад.
Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе шабона +20+22, рӯзона +39+41 гарм дар назар аст.
Мӯҳр