Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:18

Даъвати муфтӣ барои ҷилавгирӣ аз худнамоиҳо дар иди Фитр

1 август 2013, 17:17

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи иди саиди Фитр ё худ Рамазон дар сартосари кишварро 8-уми август муайян намуд.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, имрӯз,1-уми август зимни як ҷалса дар Душанбе иброз доштааст, ки тибқи ҳисоби эҳҷаздабуд, рӯзи панҷшанбе, 8-уми август, соати 7:00-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози иди Фитр барпо хоҳад шуд, ки аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи шаввол ба мусулмонон башорат медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур аз аъзои Шӯрои уламо ва руҳониён даъват шудааст, ки пагоҳ зимни намози ҷумъа ба мардум дар хусуси фазилатҳои нек ва муқаддаси иди саиди Фитр мавъиза кунанд.

Дар робита ба роҳ надодан ба худнамоию исрофкорӣ дар рӯзи иди саиди Фитр ширкаткунандагон ибрози назар намуда, қайд намудаанд, ки дар мавриди густурдани хони идона, ки дар ин масъала бояд намояндагони Шӯрои уламо ва руҳониёни кишвар ба мардум намунаи ибрат бошанд.

Ҳамчунин қайд гардидааст, ки пас аз намози иди Фитр боздид аз оромгоҳон ва даст ба дуою фотиҳа бардоштан дар сари қабри гузаштагон, аёдати пиронсолон, волидайн, беморону барҷомондагон, ятимон ва дар маҷмуъ хайру эҳсон ба ин қишрҳои ҷомеа аз рисолатҳои иди Фитр аст. Дар ин ҷамъомад имомхатибони масҷидҳои ҷомеи кишвар, намояндагон ва масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, Кумита оид ба корҳои дин иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, имсол дар асоси тасмими Шӯрои уламо ҳаҷми садақаи Фитр 3 сомонӣ, баробар ба 1 килою 600 грамм нархи гандум муайян шуда, ҳамчунин аз 14 ҳазор сомонӣ /$ 3000/ 350 сомонӣ /$ 75/ закот муқаррар гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 1 август 2013 19:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Солхои пеш домуллохо мегуфтанд, ки пеш аз ид ба сари кабри гузаштагон рафта дуою фотиха кунед, вале зинхор рузи ид ба он чо наравед, зеро рузи ид рузи аёдати зиндагон аст. Кадомаш дуруст бошад?
Посух додан
  • Шарифчон

  • 1 август 2013 23:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир ин рузро рузи ид гуфтаанд на рузи мотам.Рузи ид бояд хурсанди кард ва дар ин руз ба сари кабр е хонаи мурдадор нарафтан бехтар аст магар хонае ки дар рузи ид ягон кас бимирад.Дар мо бошад баракс дар рузи хурсанди корхоеро мекунанд ки инсонро гамгин мекунад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!