Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:11

Дидори вакилон бо Зайд Саидов ва номаи Нигина Холиқова

1 август 2013, 17:25

Имрӯз, якуми август, вакилони мудофеи Зайд Саидов бо нафари таҳти ҳимояташон дидору мулоқот анҷом додаанд. Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Саидов, ба “Озодагон” гуфт, ин мулоқот дар бинои Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон сурат гирифтааст.

“Ин як раванди корҳои тафтишотӣ буд. Ҳоло мо ҷузъиёти ин суҳбатро ошкор карда наметавонем”,-афзуд Табаров. Вале ин вакили мудофеъ гуфт, Зайд Саидов дар ҳузури онҳо як каме аз вазъи саломатиш шикоят кардааст.

Мусоиҳиби мо дар идома ба номаи Нигина Холиқова, вакили мудофеи духтари даъвогар алайҳи Зайд Саидов ҳам ишора кард. Ин духтар, ки то ҳоло аз ӯ ном бурда намешавад, қаблан бо аризае ба номи Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ гуфта буд, Зайд Саидов ба номусаш таҷовуз карда ва ҳоло ӯ як тифл дорад. Нигина Холиқова, адвокати ин духтари даъвогар алайҳи Саидов, бо навиштани як нома гуфтааст, онҳо имкони ифшо кардани номи зерҳимояашро надоранд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, ин духтар дар оянда издивоҷ карда, ба зиндагияш идома хоҳад дод.

Хонум Холиқова дар ин нома, ки зоҳиран дар посух ба ҳарфҳои вакилони мудофки Зайд Саидов навишта шудааст, ки гуфтанд, ин даъвогари таҷовуз ба номусро надидаву намедонанд ӯ кист. Холиқова дар ин номаи худ мегӯяд, " ҳанӯз пеш аз оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба Зайд Саидов дар мавриди таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ намояндаи қонунии вай ҳастам ва ҳуқуқу манфиатҳои ин духтари ноболиғро ҳимоя мекунам."

Исҳоқ Табаров мегӯяд, ҳарчанд дар мактуб ишора шудааст, ки вакили мудофеи шахси ҷабрдида аз маслиҳатхонаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта шудааст, аммо ҳоло муносибати кориро ба роҳ намондаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Манучер

  • 1 август 2013 18:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Духтарака гуфтан бие даъво кн номта ифшо намекнем бад хички тра намешноса бади и кору бор як шут метем хамта не Нигина Х. Вакили мудофе
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бмбрен ай рузтона намедонен бечорара чи хел ову руша брезонен. Фатох Саидов Худо комруз мезаната ай Зайд Саидовда бадт мекна.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Valloh qasam ganda durug guftestene !!!коррупция чи шмо ика халка руи рост дуруг кадестен ! аёдтон наброре ки бади мурдан бо хаёти човидона хаст !! Иншо Аллох чотон гармай ... гзаронде неки кати тухматотон ... чё вы себя считаете самыми умными чтоли никто вашим словам не верит ! Лжецы , кани против Ватанфурушо статья кушоен ку километрош кати замина да хитойиёи будпарасто савдо мекнан , кани раз ика шумо коригар мегире хтона капен касе замин фурухт , ё ки ябор рафта Талко ра тафтишот кнен ку чан милллиард зарар овард ба будчет ё чан миллиард офшор кард, бо мегум хазор бор шид гуфтестам Мардум ЗАЙД САИДОВ ро руи рост тухмат карда истодааанд ба гапхои ино бовар накунед , Э ХУДое , зиндагира дар назари мардум шум кадагиен !!! ИЛТИМОС ЧОП КУН ГАПОРА НАБУР ЧИХЕЛЕ ХАСТ ХАМИХЕ ЧОПШ КУН ЯБОРАК ЧОП КУН ИЛТИМОС.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!