Бахшҳо

Оҷонсӣ дар бораи ширкатҳои офшорӣ, "таҷовуз" ва пушаймонии вакилони Зайд Саидов

Масъулони Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон баъд аз гуфтугӯ бо вакилони мудофеи Зайд Саидов -- Фахриддин Зокиров ва Исҳоқ Табаров бо пахши иттилоияе онҳоро ба “пахши афкори иғвоангез бо далелҳои беасос” муттаҳам карданд.

Бино ба ин иттилоия, ки бегоҳи якуми август мунташир шуд, ҳангоми суҳбат гӯиё вакилони мудофеи Зайд Саидов иштибоҳи худро дарк карда, ваъда додаанд, ки минбаъд танҳо аз далелҳои муътамад истифода хоҳанд намуд. Дар идома гуфта шудааст, ки масъулони Оҷонсӣ далелҳои навро алайҳи Зайд Саидов дар ихтиёри вакилони мудофеаш гузоштааст ва онҳо “бо таассуф ва пушаймонӣ изҳор намуданд, ки аз ин далелҳо огоҳӣ надоштанд”.

Ин суҳбат бо вакилон ва пахши иттилоия баъд аз он сурат гирифт, ки 30-юми июл вакилони мудофеи Зайд Саидов бо баргузории як нишасти матбуотии изтирорӣ иддаои баённамудаи Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии зидди фасоди молиро беасос гуфтанд. Дар иттилоияи Оҷонсӣ аз ҷумла омадааст, ки “ҳимоячиёни Зайд Саидов, тамоми далелҳои тафтишотро, бе асоси кофӣ сохтакорӣ шуморидаанд, ки чунин рафтори ғайрикасбӣ ва бо баҳонаи ҳифзи зерҳимоя, туҳмат нисбат ба мақомоти тафтишотии агентӣ, байни мардум тафаккури носолимро бедор менамояд.”

“Дар нишасти хабарии Агентӣ бори нахуст далелҳои шайъии сохтакорӣ чун натиҷаи тасарруф дар сохтмони Душанбе-Плаза намоиш дода шуд. Бар замми ин, аввалин маротиба маводи тафтишот – санадҳои тафтиши молиявӣ ба манзури умум гузошта шуд. Мутаассифона, дар вақти инъикоси нишаст ҳам журналистон ва ҳам ҳимоячиён, ки ба гузоришу хабарҳои матбуотӣ такя кардаанд, таҳриф ва сӯистифода аз афкору андешаи худ байни омма, иттилооти шубҳаангез паҳн намуданд”,-таъкид шудааст дар иттилоияи Оҷонсии зидди фасоди молӣ.

Ин ниҳод вобаста ба хусусигардонии 15 иншооти саноатӣ, ки вакилони мудофеи Зайд Саидов онро рад мекунанд, чунин гуфтааст: “Зайд Саидов дар давраи фаъолияти кориаш ҳамчун вазири саноати Тоҷикистон 15 иншооти ба Вазорати саноат шомил бударо тавассути Кумитаи идораи амволи давлатии кишвар хусусӣ гардонида, ин иншоотро ба номи ширкатҳои хориҷӣ, ки дар минтақаҳои оффшорӣ «оффшорная зона» ба қайд гирифта шуда, ба Саидов З.Ш. тааллуқ доранд ё ба номи хешовандони наздикаш ҳуҷҷатгузорӣ намудааст.”

Оҷонсӣ аз ҷумла меорад, ки фабрикаи «Гулистон» ба номи фарзандаш Саидов Хайрулло, ҶСП «Абрешим» ба номи Саидов Хайрулло, ҶСП «Алмаз-Азия» ба номи Саидов Хайрулло, ҶСП «Табаррук» ба номи Саидов Х., ҶСП «Меҳробод» ба номи Саидов З.Ш., корхонаи «Тоҷикмармар» ба номи ҳамсараш Тоҳирова Латофат ва инчунин ба ҳамин монанд дигар корхонаҳои саноатӣ низ ба номи хешовандони наздикаш номнавис карда шудаанд: «Ин далелҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва раднашаванда исбот гардиданд.”

Ба иттилои Оҷонсии мубориза бо коррупсия, ҳимоячиёни Зайд Саидов баъди шунидани ин далелҳо “бо таассуф ва пушаймонӣ изҳор доштаанд, ки аз онҳо огоҳ набудаанд.”

Дар идома Оҷонсӣ илова мекунад, ки айни замон вобаста ба ҳолати дурустии хусусигардонии корхонаҳои саноатии ба Зайд Саидов таалуқдошта тафтишот ҷараён дорад ва айни замон мувофиқи мақсад нест, ки сирри тафтишотӣ дар ин хусус пурра фош карда шавад.

Ба гуфтаи Агентӣ дар ҳар як ҳолати тафтишшаванда Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, мутахассисон, коршиносон ва экспертҳои касбии беғаразро ҷалб намуд ва ҳатто ба кишварҳои хориҷ сафар намуда саҳеҳияти далелҳои изофанависиро аниқ намудаанд. Дар мавриди иттиҳом ба таҷовуз Агентӣ иброз доштааст, ки тибқи муқаррароти қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон новобаста аз тобеияти тафтишотӣ, прокурор ҳуқуқ дорад бо мақсади пурра, ҳаматарафа ва холисона анҷом додани тафтиши пешакӣ, дилхоҳ парвандаи ҷиноятиро новобаста аз ҷинояти пешбининамудаи кодекси ҷиноятӣ аз як мақомоти тафтишотӣ ба дигар мақомоти тафтишотӣ ё аз як муфаттиш ба дигар муфаттиш супорад: «Ин аст, ки парвандаи ҷиноятӣ оид ба ҷинояти таҷовуз ба номус аз тарафи прокурор ба мақомоти тафтишотии Агентӣ вогузор карда шуд.”

Агентӣ бо такя ба қонунгузории мурофиавии Тоҷикистон мегӯяд, дар сурати муайян гардидани он ки рубарукунӣ метавонад ба шоҳид ё ҷабрдида таъсир расонида ба онҳо зарар расонад ва ё онҳоро тарсонад, дар ин ҳолат рубарукунӣ истисно карда мешавад: “Ҳимоячии Зайд Саидов, Исҳоқ Табаров гуфтааст, ки «ҳануз рӯзи 16 июни соли ҷорӣ ариза аз сӯи духтарак ва модар ворид шуда парванда низ ба ҳамин тариқ боз шудааст ва на онҳо ва зерҳимояашон Саидов Зайд он духтарро надидаанд.”

“Ҷабрдида аз таҷовуз ба номус ва модари ӯ дар моҳи июни соли ҷорӣ ба агентӣ муроҷиат накардаанд, балки дар аввали моҳи июли ин сол онҳо бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуданд ва танҳо пас аз санҷиши ваҷҳҳои дар ариза ва нишондодҳои онҳо овардашуда 16 июли соли 2013 нисбати Саидов Зайд оид ба ҳолати таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”,-омадааст дар иттилоия.

Доир ба ҳолати рӯбарӯкунӣ аз рӯи гуфтаи вакили мудофеъ Исҳоқ Табаров, ки гӯиё модари духтари ноболиғ дар рафти рубарукунӣ бо Зайд Саидов ҳатто сарашро боло накарда як нуқтаро нигоҳ кардааст, Оҷонсӣ гуфта, ки “чунин ҳолат умуман ҷой надошт ва ҳатто дар рафти рӯбарӯкунӣ байни онҳо низоъ ба миён омада буд. Ҳамчунин ғайр аз модари духтари ноболиғ шоҳиди дигар низ, ки Зайд Саидов барои ин духтарро ба занӣ гирифтан ба ӯ маблағи 1300 доллари амрикоӣ дода буд, низ бо Саидов рӯбарӯ карда шуд, ки ҳардуи ҳимоячӣ зимни гузаронидани ин ҳаракати тафтишотӣ низ иштироки бевосита доштанд. Шоҳидони мазкур дар рафти рубарукунӣ бо Саидов З. нишондодҳои худро пурра тасдиқ кардаанд.”

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъкид мекунад, парвандаҳои марбути Зайд Саидов ягон ғарази сиёсӣ надошта, танҳо ба мақсади пешгирӣ намудани ҷиноятҳои иқтисодии хусусияти коррупсионидошта, ҳифзи манфиати ҷомеа ва барқарор намудани маблағҳои буҷетӣ баррасӣ мегардад. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки баръакс кӯшишҳои аз Зайд Саидов тарошидани ҷабрдидаи бегуноҳ, «маҳви соҳибкори ҳалолкор», «ободкори саховатманд» ғаразҳои сиёсӣ дорад ва ин ҳолатҳо ба рафти тафтишот ҷалби ҷабрдидаҳо ҷиҳати кумак ба тафтишоти холис, барқарор намудани маҷмӯи зарарҳои калон ба ҷамъият ва буҷети давлатӣ халали ҷиддӣ мерасонад.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар охир илова намудааст, ки бо вуҷуди муҳри махфии парванда ҳамеша ба ҳамаи ташкилот ва ВАО дарҳои кушода эълон медорад ва аз ҷониби онҳо низ эҳтироми сохтор, риояи ахлоқи касбӣ, суботу тамкин тақозо менамояд.

Дар ҳамин ҳол вакилони дифои Зайд Саидов рӯзи 1-уми август дар суҳбат бо "Озодагон" таъйид намуданд, ки ба Оҷонсӣ даъват шуда буданд ва дар мавриди муҳтавои суҳбаташон изҳор доштанд, ки баъдан иттилоъ хоҳанд дод.
Мӯҳр
777
Мухтарам Ф.Саидов химоячиен тибки конун ва этикаи адвокати мавкеи пешгирифтаи мизочашонро бояд дастгири кунанд на Очонсиро. Чс Шумо мехохнд химоясиенро низ хамчун "шохид" ба манфиати Очонси ва зидди манфиатхои З.Саидов истифода баред.Зидди Саидов тамоми механизми давлати истифода шуда истодааст.Имконият дихед З.Саидови танхо аз хизмати ду адвокат пураа бидуни фишор истифода барад. Он гох мо бо сари баланд дар бори мавчудияти давлати хукукбунёд сухан карда метавонем.

мард
тамом адвакато минбаъд гап намезананд

Сафар
Сад фоиз бовар дорам адвакатхоро конкретно тарсондагиян! Охир адвакатхохам зану фарзанд дорад ва саломатии чони фарзандонашонро мехоханд! Бовар кунед ин амали Очонси як тарсонидани адвакатхо буду халос! Холо дигар адвакатхо харчи гуянд ё не маълум аст, ки зери фишор карор доранд! Бечора адвакат дар кучову Очонси дар кучо! Дар холе, ки Хукумат на хамавакт аз рохи конун кор мегирад!!!!!!!

Мухтарам райёсати Очонси танхо Зайд Саидов суистифода карда корхонахоро хусуси карда аст. Аксари рохбарон имконият ёфта корхонахо, бинохо, бинохои таълими сохаи маориф ва тандурустиро аз худ карданд. Хатто нафароне ёфт мешаванд, ки ягон аводашон дар замин кор накардаанд сохиби заминхои корам гардидаанд. Агар хакикатро дар Чумухури баркарор кардани бошед онхоро низ як занчида бинед дия?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)