Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:59

Зоиров: Мехоҳанд, фаҳманд, ки дар сурати боздоштам, кӣ бармехезад

2 август 2013, 09:55

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон, пайдо шудани хабарҳоро дар мавриди боздошташ аз сӯи маъмурони амниятӣ супоришӣ унвон кард.

Оқои Зоиров, ки дар саҳифаи фейсбукии худ дар ин бора навиштааст, мегӯяд, бархе ашхос муваззаф гардидаанд, то чунин хабарҳои бардурӯғро нашр намуда, вокуниши мардумро санҷанд: “Мехоҳанд фаҳманд, ки дар сурати боздошт шудани Зоиров аз сӯи кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон чигуна ва кадом табақаи мардум ба ҳимояти ӯ бармехезанд.”

Дар пасманзари овозаҳо инчунин 1-уми август, бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон хабар доданд, ки Раҳматилло Зоиров аз ҷониби маъмурони Кумитаи амнияти миллӣ боздошт ва мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Аммо хабаргузории “Озодагон” чанд дақиқа баъд, пас аз тамос бо худи Зоиров муайян намуд, ки хабари боздошт беасос аст.

Ба гуфтаи раиси ҲСДТ, сабаби маҳз дар ин шабурӯз пахш шудани ингуна хабарҳои бардурӯғ, ин аст, ки дастандаркорон медонистанд, ки Зоиров ба муддати чанд рӯз аз шаҳр берун аст.

Раҳматилло Зоиров афзуд, ки ҳоло барои ӯ норушан аст, ки ин кор ба кадом мақомоти давлатӣ ё хадамоти махсуси кишвар лозим мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • одил

  • 2 август 2013 11:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости Зоиров худат багайр аз Узбакистон ба хеч кас даркор нести. Ин хилаву найрангохи худат аст, ки бишносанад. Барои хамин якбори дигар гуфта будам, ки бисёр баромад нанамо, ки обруи набудагиатро аз даст медихи. Манзурам хамон чор нафар аъзои хизбат аст. Шумо на хукушиносен на сиёсатмадор, Факат як игвогарен.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
гуш кун ин кадар ту лаганбардор!дар хукумат барои 400сомонаш падарата ота нагуфта раисата ота мегуи ту наход надони ки мухидин кабирию Зоиров чи гуна (чесни)одаманд ту факат пула бени Путина амак мегуи Каримова боби ту нанги миллатгарои дори ай ишкамсер
Посух додан
  • Сиёсатмадор

  • 2 август 2013 15:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматулло Зоиров номзади арзандааст ба макоми Президентии Точикистон ва у метавонад ,кишварро аз ин бухрони иктисоди,ичтимои ва энержи дар муддати кутох, берун кунад.
Посух додан
  • hisor

  • 2 август 2013 19:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
одил,
fikri hamaro gufti odiljon.in ki hastu ba ki darkor ast?
Посух додан
  • Исфараги

  • 2 август 2013 23:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зоиров арзандатарин ТОЧИКИ хакики,шахсе,ки хакку укукро медонаду ба кадри конун мерасидаги инсон аст.Дарачаи интеллекти Зоиров аз интеллекти Рахмонов садхо маротиба боло буда,танхо Зоиров метавонад як низоми беконуниро дар чумхури ба эътидол биёраду ин беззакония ва беспредели як гурухи дузду горатгар ва харомхурро боздорад!Ба Худо миллати точик аз дасти ин гурух ба дод омад.Косаи сабр лабрез шуд.Асоси миллат яъне аз 20 то 40 дар мухочират.Дар кишвар ба чуз занхову пирон ва як гурухи калони харомхурони давлати ва бардорони онхо дигар шахсе намондааст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар воке Рахматилло ва Кабири чесни нестанд. Яке аз хисоби маблагхои кишвархои хамсоя даст ба игвою бухтон даст мезанаду дигар аз хисоби давлатхои исломи. Агар чесни мебуданд кайхо аз гуруснаги фавтида, аз сиёсат дур мешуданд. Маблаги аз хочагонашонгирифтаро истифода бурда сомона мекушоянду видео роликхоро дар интернет ва шабакахои хоричи чой медиханд. Агар Зоиров номзади арзанда барои интихобот бошад пас вой бар сари халки точик ки як точики тозаи ватандустдор надошта будаасту як "узбек"
Посух додан
  • Хайрандеш

  • 3 август 2013 11:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар Точикистон як нафари дигар мисли Зойиров мебуд, Точикистон гулистон мешуд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!