Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 07:15

Восиев ва Эргашев ба бозӣ бо Ҳиндустон даъват шуданд

2 август 2013, 10:33

Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол имрӯз, 2-юми август, давраи дуюми ҷамъомади таълимию тамринии худро дар шаҳри Қайроқум оғоз намуд.

Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон, гуфтааст дар ин ҷамъомади таълимию тамринӣ ду бозии санҷишӣ ба нақша гирифтаанд. Шогирдони Муҳаммадиев рӯзи 5-уми август бо дастаи “Хуҷанд” ва рӯзи 9-уми август бо дастаи бошгоҳҳои Тоҷикистон ба сабқат мебароянд. Сармураббии даста ба ин ҷамъомад футболбозонеро даъват кардааст, ки дар даври аввали омодагиҳо, ки аз 17-ум то 28-уми июл дар шаҳри Турсунзода баргузор гардида буд, ширкат доштанд. Ҳамчунин ду футболбози шинохтаи тоҷик- Фарҳод Восиев, ки дар дастаи “Газовик”-и Оренбурги Русия бозӣ мекунад ва Давронҷон Эргашев, ки дар дастаи “Жетису”-и Қазоқистон аст, даъват шудаанд ва дертар ба ҳайати даста пайваст мешаванд.

Бозии дустонаи Тоҷикистону Ҳиндустон рӯзи 14-уми августи соли равон дар “Варзишгоҳи 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”-дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол:

Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Рустам Ризоев (“Равшан”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”);

Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев (“Жетису», Қазақистон), Фарход Восиев (“Газовик”, Оренбург, Русия), Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Негматов (ҳама – “Равшан”), Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Сиёвуш Асроров (ҳама – “Истиқлол”), Алишер Шарипов (“Регар-ТадАЗ”);

Нимҳимоятгар: Нуриддин Давронов (“Слобода”, Сербия), Абдусамад Хоҷибоев (“Равшан”), Бахтиёр Чориев (“Энергетик”), Хуршед Маҳмудов (“Регар-ТадАЗ”), Дилшод Восиев, Ибрагим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама - “Истиқлол”);

Ҳамлагарон: Аҳтам Ҳамроқулов, Шодибек Ғаффоров (ҳарду – “Регар-ТадАЗ”), Ҷахонгир Эргашев (“Истиқлол”), Фарҳод Тоҳиров (“Истаравшан”).

Ҳайати роҳбарикунанда: Мухсин Муҳаммадиев - сармураббӣ, Олег Ширинбеков - мураббии калон, Рустам Қурбонов - мураббӣ, Асан Мустафаев - мураббии тарбияи бадан., Амоншо Содатсайров - мураббии дарвозабон, Фаррух Авезов – духтур.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!