Ҳушдори "Росселхознадзор" дар бораи меваҳои хушки Тоҷикистон
“Росселхознадзор” мегӯяд, ба мақомоти се кишвар, Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбакистон ҳушдор додаанд, ки назорати сифати меваи хушку сабзавоти содиротиро пурзӯр кунанд, вагарна воридот аз ин кишварҳо мамнуъ хоҳад шуд.
Алексей Алексеенко, сухангӯи “Росселхознадзор”, дар суҳбат бо расонаҳои русӣ гуфтааст, ки ҳоло дар бораи манъи пурраи воридоти меваи хушк сухан нарафта истодааст: “Аммо ин огоҳкуниҳои мо ҷиддиянд ва агар мақомоти кишварҳои ҳамкор онҳоро ба назар нагиранд, мо метавонем, воридоти меваи хушкро аз ин кишварҳо пурра манъ кунем. Мо намехоҳем, ки ба Русия маҳсулоти дорои моддаҳои зеркарантинӣ, ҳар гуна ахлот ворид шаваду сокинон ва хоҷагии кишварро заҳролуд кунад.”
Ба гуфтаи Алексеенко айни ҳол дар маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон, Узбакистон ва Озарбойҷон ворид мегарданд, камбудиҳои зиёде ошкор мешаванд.
Ин дар ҳолест, ки Русия бори аввал воридоти меваю сабзавотро аз Тоҷикистон моҳи майи соли 2010 мамнӯъ эълон карда, моҳи июли он сол бекор карда буд. Маротибаи дуюм манъи воридоти меваю сабзавоти Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2011 мавриди баррасӣ қарор гирифта буд, ки ба гуфтаи коршиносон заминаи сиёсӣ дошта, барои фишор дар ҳалли қазияи халабонҳо истифода мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |