Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:46

Гирдоварии тарҷумаи ҳоли имомхатибон аз сӯи додситонӣ

2 август 2013, 12:09

Додситонии ноҳияи Файзобод ба кулли ҷамоатҳои ин ноҳия дастур додааст, ки тарҷумаи ҳоли имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаро гирдоварӣ кунанд.

Имомхатиби яке аз масоҷиди ноҳияи Файзобод ба “Озодагон” гуфт, як масъули ҷамоат ба ӯ муроҷиат карда, тарҷумаи ҳолашро талаб намудааст. “Мутахассиси бахши танзими ҷамоат ба ман муроҷиат карда гуфт, ки домулло мо бо супориши прокурори ноҳия тарҷумаи ҳоли ҳамаи имомхатибони масҷидҳои ҷамоатро мегирем. Шумо ҳам шарҳи ҳолатонро навишта биёред”,-гуфт ӯ.

Мусоҳиби мо илова кард, вақте суол кардааст, ки тарҷумаи ҳоли имомхатибон ба додситонӣ чӣ лозим, ин масъули ҷамоат посух додааст: “Андозаи заминҳои дар ихтиёрбудаи ҳамаи масҷидҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъ оварда, дар масчид нигоҳ медоранд. Додситон гуфт, ки тарҷумаи ҳоли имомхатибонро ҳам бигиред.”

Рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо рӯҳониён эълон дошт, ки сар аз 1-уми январи соли 2014 барои имомхатибон маош таъин карда шуда, ҳамаи онҳо бо либоси ягона ё униформ таъмин шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Салим

  • 2 август 2013 14:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имомхатибхо каппатон дуд кард.
Посух додан
  • Махсум

  • 2 август 2013 16:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Имомхатибхо ба коми хукумат фуру хоханд рафт

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!