Бахшҳо
02 авг 2013 13:23Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Суоли баҳсбарангези Сайфулло Сафаров ба Кабирӣ ва Зоиров

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС), дар як нишаст дар қароргоҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ гуфт, ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 сари қудрат мебошад, ҳанӯз хидматашро ба поён нарасондааст. Ба ҳисоби оқои Сафаров, ин ҳукумат ҳадди ақалл даҳ соли дигар метавонад барои миллат хидматҳои дигареро анҷом бидиҳад.

Ин ҳарфҳоро Сайфулло Сафаров дар ҳоле рӯи забон овард, ки рӯзи 2-юми август бештари коршиносон дар нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дар қароргоҳи ҲНИТ сабабҳои инқилоб дар ҷаҳони арабро дарозумрии раҳбарон номиданд. Онҳо гуфтанд, ҳукуматҳои дарозумр чунин вазъиятеро ба вуҷуд меоранд, ки мардуми ба "ҷономада" ба хиёбонҳо бирезанд. Нишасти “Демократияи номуваффақ ё бозгашт ба авторитаризм” дувуми август дар қароргоҳи ҲНИТ дар Душанбе баргузор шуд. Дар кори он коршиносони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони чанде аз сафоратҳо иштирок доранд.

Сайфулло Сафаров дар оғози сӯҳбаташ ба инқилоби баъзе кишварҳои арабӣ ишора карда ва дар идома дар бораи низоми феълии Тоҷикистон, ки бештар аз бист сол инҷониб зимоми қударатро дар даст дорад, низ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт, “мо ин низомро интихоб кардаем ва дар ҳақиқат хидматашро карда истодааст. Ҳоло вақти иваз намудани он нарасидааст. Ин аз соли 1993 бояд 30 соли давом кунад.”

Сафаров дар ҳамин вақт ба тарафи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҲСДТ, ки дар паҳлӯяш менишастанд, нигаристу гуфт, “агар Шумо демократияро қабул доред, пас, бояд онро ба ҷомеа, аз ҷумла давлат нишон диҳед, ки чигуна раҳбарият тез-тез дар 4 ё 5 сол иваз мешавад. Вале Шумо чанд соле ҳаст, ман медонам, онро накардаед, ба ин савол чӣ ҷавоб медиҳед? Ба оқои Зоиров низ ҳамин саволро доданиам, ки раҳбари ҳизби Шумо кай иваз мешавад?”

Ба гуфтаи муовини раиси МТС, аҳзоби сиёсӣ дар ҳоле метавонанд, дар бораи зуд-зуд иваз шудани раҳбарият ҳарф зананд, ки худ таҷрибаи онро дошта бошанд: “Ин танҳо савол мебошад, агар инро анҷом диҳед, сипас ҳақ доред аз дигарон, бахусус Эмомалӣ Раҳмон ё Ҳизби халқӣ-демократӣ иваз шудани раҳбарро пурсед ва ба ҳамаи мардум низ роҳеро нишон диҳед, ки мана мо кардем, Шумо низ кунед. Вале то вақте инро карда наметавонед, пас маълум аст, ки ин фарҳанги мо гашта, ҳамаамон чунинем.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ҷавоб ба Сайфулло Сафаров гуфт, дар оинномаи ягон ҳизб давраи раисӣ маҳдуд нашудааст: “Ойинномаи тамоми аҳзоби сиёсӣ барои давраи раҳбарият маҳдудият надоранд. Маҳдудият дар мавриди сол ё то анҷуман вуҷуд дорад. Вале чанд бор раҳбар интихоб шудани як шахс наомадааст. Агар маҳдудияти чанд бор интихоб шудани раҳбар дар ойинномаи ҲНИТ вуҷуд медошт ва мо онро тагйир карда, давраи сеюм раҳбар интихоб мешудем, ин суол мантиқ дошт. Вале мо ҳоло давраи дуюми раҳбарияти худро ба поён нарасонидаем.”

Вале, ба гуфтаи ӯ, бино ба қонунҳои Тоҷикистон раисиҷумҳур танҳо барои ду давра ҳаққи интихоб дорад, ки риоя накардани он хилофкорӣ хоҳад буд: “Мо таҷрибае дорем, ки демократ асту номи демократӣ дорад, вале баъдан қонунгузориро барои тамдиди салоҳиятҳояш тағйир медиҳад. Ин алакай ошкоро нишон медиҳад, ки ин ҷониб пойбанд ба арзишҳои демократӣ нест.”

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, то кунун се давра дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иштирок карда, баранда шудааст. Қарор аст, ӯ моҳи ноябри соли ҷорӣ барои чорумин бор дар интихоботи президентӣ ширкат ҷӯяд.
Мӯҳр
Офарин Сайфулло Сафаров нишон додед, ки хакикат бехтар аз гумрохию гумрохкунии Кабири ва Рахатилло мебошад

Ахсан С. Сафаров ! Мухиддин Кабири ку намехост. Аник хами Р. Зоиров мехохад тавассути инсони машхури сиесат дар Точикистон фикрхои худашро гузаронад! Огои Кабири худатон гуфта будед ку Э. Рахмон бояд интихоб шавад! Боз чи кас шуморо аз рох баровард? Хайрон хайрон 1 акидаба истед илтимос!

Сайоди Сайд
Хакикатпараст ва Мах хар ду хам аз чуйбори ХХДТ об менушанд, ки хеч намехоханд рахбариятро ин хизб аз даст дихад. Вакте як харфи ночое дар мавриди чехрахои вокеии сиёси бишнаванд, хеле шод мегарданд.

Бародар хакикатпараст ациб шева,аммо ба суханхоят мувофик на хакикат имруз ё фардо иншоаллох ошкор хохад шуд. Чашми дилатро кушо бин аз хакикат гап мезани? Дида баромади мардум ё мансабдорон дар кадом шароит зиндаги доранд?! боз аз гумрохи харф мезани..

Сайоди Сайд,
Бародар хушбахтона банда аъзои ягон хизбхам нест инчунин коргари давлатихам нестам !!!! Дар кучои чумлахои ман хурсандиро диди!? Ун расмро бин гайриточик дар байн нишаста точиконро барои курси чанг андохта истодааст!!!! Агар маколахои пештарро хонда бошед гуфта буд "Э. Рахмон" бояд интихоб шавад! Чи даркор суханони кудакона!? Аз кучо об хур.........

саломат бошед С Сафаров ман тарафдори хакикатам лекин ин харду хеч гох аз курси намефароянд Худо накунаду президент шаванд бовари дорам шохигари ташкил мекунанд шарм накарда боз мегуяд раиси хизб шудан махдуд надорад президенти хам махдуд надорад хама чиз махдудият дорад огоен чашматонро кушоед агар хохи раиси хизб дигар кас шавад ба оиномаи хизб дигаргуни андоз дар назарат метова ки туро дуст медоран хам хизбхоят оо дар пешам боши фахмонамат

Сироч
Огои сайфуллоев рост гуфтааст ,ки хукумат хидмати асосиашро ба чо овард.Яъне Точикистонро ба ватани тавлидкунандаи гулом табил дода хукуматро мероси карданианд.

Khudo tavfikaton dihadu ba rohi rost hidoyataton kunad. Bad inki siyosat korg manu tu nest iltimos khalkro ba oshub nakhezoned.

Шахрванди одди
Точикистон ба Президенти дар хакикат мардуми ниёз дорад. Зиндагии мардум руз то руз бад шуда истодааст. Агар аз мардум пурсон шаванд ,дар хакикат мардум мехоханд,ки нафаре ба макоми президенти интихоб шавад,ки Точикистонро аз фасоди ва порагири ,бекори ,бебарки ,ноадолати ,шиканча ,хешутаборбозиву махаллгарои ,роххои пулаки, сатхи пасти зиндаги ,музди мехнат ва нафакаи ночиз ва г.х начот дихад.Бовар кунед дар ин шароите,ки дар Точикистон хаст ,зиндаги кардан имконнопазир хаст.

руҳулло
Салом бародарон
шумо ба гуфтаҳои Сайфулло Сафаров аз чи ҷиҳат бовари кардед? Аммо дар ҳоле ки гуфтаҳои Муҳиддин Кабирӣ аз рӯи ақл ва ҳақиқат аст. чаро ки дар қонун вақти чизе набошад читур баро он бояд риоя шавад. лекин вақти дар қонуни Тоҷикисто бошад ки раисиҷумҳури ҳақ ду бор иштирок дора: ва агар иштирок кунад ин ҳақиқат ҳаст?
Ман аз ҷавонон мехоҳам каме дар шиниаҳояшон таъмул кунанд.

Озодагон. Чаро коментхоро иваз кардамемонед? Нохунакро ки илова кард?
Хамичада хатто озоди нест!!!!!

Ачаб суоли бе мантик ва пойдархаво! Агар сардори КМС хамин гуна суол диханд, пас чи расад ба дигар кормандони оддии хукумат?!
Мантикан фикр кардан лозим, ки сардори хизб ва Президент, субъектхое хастанд, ки хам аз чихати конунгузори тафовут доранд ва хам дорои функсия ва принсипхои хоси худ хастанд, ки онхоро дар як паллаи тарозу мондан гайриимкон аст. Яъне гуфтани хастам, ки мукоисаи сардори хизб бо президент, дар хамон тарзе, ки Сайфулло Сафаров тасаввур кардаасту суол додааст, адами дониш ва шармандагист.

[b]Мах.....[/b
Ту худ точики? Шубха дорам, чун хеч точикона харфе нагуфтаи! Зохиров аз ту дида хазорон маротиб точиктар аст! Ту лагандбардору махалчи хасти дигар хеч

ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки аз соли 1992 сари қудрат мебошад, ҳанӯз хидматашро ба поён нарасондааст ва бояд ҳукумат ҳадди ақалл даҳ соли дигар метавонад барои миллат хидматҳои дигареро анҷом бидиҳад.
ИН САЙФУЛО САФАРОВРО ХА "АЙПАД" - И КИТАЙСКИЙ ТУХФА КАРДА БОШАД ПРЕЗИДЕНТ...........
МУХТАРАМ САФАРОВ ДАР МУДАТИ БИСТ СОЛ, БИСТ СОЛ ХЕЧ КОРРО АНЧОМ НАДОДААСТ Ё КАРДАГИХОЯШРО ШУМО КОСАЛЕСОНАШ МЕБИНЕДУ ХАЛОС ЧИ? МАГАР НАВАД ФОИЗИ ХАЛКИ ТОЧИК КУРАНД.....??? ЧАНОБИ ОЛИ БОЯД ХАШТ СОЛ ПЕШ БА ИСТЕЪФОИ АБАДИИ АБАДИ МЕРАФТ... КАНИ ХАМОН ОБОДИХОЯШ КАНИ...?
ЧИ БОЗ ДАХ СОЛИ ДИГАР, КИ ХАЛКИ ТОЧИК ХАМААШОН РУСИЯ ОЯНД Ё ТОЧИКИСТОНРО БОЗ БА МАБЛАГИ ЧАНДИН МИЛЛИАРД ДОЛАР КАРЗИДОР КУНАД....!

ЧИ МАГАР ХУКУМАТДОРОНИ ТОЧИКИСТОНИ МО КАСАЛИ РУХИЯНД?

С.САФАРОВ МАРДУМРО ГЎЛ МЕЗАНАД. ПЕШ АЗ ХАМА ДОБРОВОЛЕЦХОРО.
ОЙ БАНДАХОИ ХУДО, Э.РАМОН МЕТАВОНАД 75 СОЛ РАИСИ ХХДТ БОШАД, АММО НА ПРЕЗИДЕНТ!!!
МУХЛАТИ ПРЕЗИДЕНТИРО САРКОНУН БА ТАВРИ МАХДУД МУАЙЯН КАРДААСТ.
ЗИЁДА АЗ ИН, ПРЕЗИДЕНТРО МАРДУМ ИНТИХОБ МЕКУНАД, НА ЯК ГУРУХ (ХУКУКМАТ), АММО РАИСИ ХХДТ БУДАНИ РАХМОН МЕТАВОНАД БА ИРОДАИ ЯК ГУРУХ ВОБАСТА БОШАД.
АЗ ИН РУ КАСЕ МЕХОХАД, МАРХАМАТ, УРО УМРБОД ЛИДЕРИ ХУД ШУМОРАД, АММО НА ПРЕЗИДЕНТИ ИЧБОРИИ ТОЧИКИСТОН.
МАРДУМ БОЯД АЗ ИН БОРИ ГАРОН ХАЛОС ГАРДАД, МИЁНАШ ШИКАСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)