Муфтӣ дар бораи шаби Қадр гуфту мардумро ба намоз хонд
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Маркази исломии Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар намози ҷумъаи дувуми август соати баргузории намози Иди Фитр ё Рамазонро эълон кард. Оқои Абдулқодирзода гуфт, намози Иди Фитр ё Рамазон соати 7-и субҳи рӯзи 8-уми август гузошта хоҳад шуд: “Шӯрои уламои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки имсол намози Иди Фитр ё Рамазонро соати 7:00 баргузор кунанд”
Оқои Абдулқодирзода илова намуд, чоруми август шаби Қадр таҷлил хоҳад шуд, ки “дар ин шаби муборак дар масҷиди марказии Душанбе ва дар тамоми масҷидҳои кишвар Қуръони азимушшаън тиловат хоҳад шуд.”
Як рӯз пештар Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ эълон кард, ки рӯзи Иди Рамазон 8-уми август баргузор мегардад. Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар ин ҷаласа гуфта буд, тибқи ҳисоби эҳҷаздабуд рӯзи панҷшанбе, 8-уми август, Иди Фитр баргузор хоҳад шуд, ки аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи шаввол ба мусулмонон башорат медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |