Ронанда роҳгузарро барои пӯшидани “мини-юбка” ба суд медиҳад
Як ронанда, сокини шаҳри Сумгаит, дар наздикии шаҳри Боку, қарор кардааст, духтареро, ки намуди зоҳирии ҷаззобаш боиси ба садама дучор шудани ӯ гардидааст, ба суд диҳад.
Тибқи иттилои сомонаи озарии SIA ин ронанда таъкид мекунад, ки ба пойҳои духтар нигоҳ карда, дучори сониҳаи нақлиётӣ шудааст. Ӯ муътақид аст, ки агар ин духтари роҳгузар либоси оддитар мепушид, сонеҳа сар намезад.
Айни ҳол ронанда вакили мудофеъро кироя карда, ба таҳияи аризаи даъвогӣ ба суд машғул аст. Номи ронанда ва “гунаҳкор”-и садама зикр карда намешавад.
Ин хабар дар шабакаи интернет баҳсеро барангехтаст, ки бояд пӯшидани миниюбкаҳо дар роҳҳо манъ шавад, чун тавваҷҷуҳи ронандаҳоро ба худ ҷалб карда, боиси нохушиҳо шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |