Бахшҳо
02 авг 2013 17:49Тоҷикистон / Акс

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

Масъулини экологияи Душанбе имрӯз, 2-юми август, бо ҳузури рӯзноманигорон аз корхонаҳои Душанбе дидан карданд, ки бархеашон тозакунии оби партовро дуруст ба роҳ намонда, муъҷиби заҳролудшавии пойтахти Тоҷикистон ва навоҳии поёноби он мегарданд.

Людмила Бобритская, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, зимни боздид аз корхонаи коркарди пӯст, “Истиқо” изҳор дошт, ин корхона партовобҳои заҳролудро ихроҷ дорад. Бобритская шарҳ дод, ки дар чунин корхонаҳо бояд таҷҳизоте насб шаванд, ки обро баъди истифода дар истеҳсолот аз нав коркард кунанду боз дубора мавриди истифода қарор диҳанд.

Ӯ афзуд, ки аз рӯи ифлосӣ обе, ки зимни коркарди як пӯст ихроҷ мешавад, баробари онест, ки метавонад аз минтақаи аҳолинишини 5 ҳазорӣ берун гардад. Бо вуҷуд коркарди об дар ин корхона ба роҳ монда нашудааст ва оби партов ба дарё меравад.

Корхонаи дигаре, ки ба гуфтаи Бобритская оби ифлосаш ба дарёи Душанбе ворид мешавад, корхонаи сементбарории “Декорсервис” дар маҳаллаи Лучоби пойтахти Тоҷикистон мебошад.

Масъулини экология мегӯянд, намунаи хуби коркарди дубораи об дар ҳавзи шиноварии муосир дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо обро аз тайи замин мегиранд ва баъди истифода, азнав онро коркард мекунанду дубора мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳори омодагӣ карданд, ки барои роҳандозии коркарди дубораи об дар корхонаҳои Душанбе мусоидат хоҳанд кард.


(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

(АКС) Корхонаҳои Душанбе обҳои заҳролуд ихроҷ мекунанд

Мӯҳр
Сабур
Мо хамаамон бояд донем, ки як тарафи манфии иктисоди беназорати капиталисти махз зарар раси ба мухити зист аст. Агар аз чунин истехсолот як сум фоида шавад ва назорати экологи аз болои истехсоли онхо дурут бурда нашавад дар ояндаи наздик мо хозоррхо сум зарар мебинем ва онро солхо аз хисоби пулу саломатии мардуми одди баркарор мекунем. Пас масъули мухтарам дар масъалаи мазкур сахтгир бошед, зеро ин масъала ба ояндаи кишвари мо тааллук дорад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)