Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 05:27

Кӣ ҳақ мегӯяд: Маҳмад Раҳимов ё Раҳматулло Зоиров?

3 август 2013, 08:16

Маҳмад Раҳимов, раиси Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон, иддаои Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал демократӣ ва роҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистонро, ки Эмомалӣ Раҳмон дигар қонунан ҳаққи пешниҳоди номзадӣ ба президентро надорад, беасос хонд.

Раҳимов зимни як нишаст дар Душанбе гуфт, “ақидаи на ҳама шахсият қонун аст. Хоҳиши Раҳматилло Зоиров қонун шуда наметавонад. Раҳматилло Зоиров ҳам ҳуқуқшинос аст ва дар Тоҷикистон ҳамин хел ҳуқуқшиносҳо ҳазорҳотоянд. Масъалае, ки Раҳматилло Зоиров дар бораи он ибрози ақида кардааст, нав нест ва даҳҳо бор мавриди муҳокима қарор гирфтаасту дар интихоботи пешинаам буд.”

Раиси маркази қонунгузории назди президент таъкид намуд, чизи асосие, ки бояд пеш аз ҳама ба назар гирифта шавад, ин иродаи халқ аст: “Яъне халқ чӣ мехоҳад, ҳамон асосӣ аст. Конунгузорӣ, конститутсияи Тоҷикистон ҳам муайян кардааст, кӣ метавонад ду ҳафтсола президент интихоб карда шавад. Боқӣ боз интихобот мешавад, баҳсҳо оғоз меёбанд ва дар ҳамон ҷо мебинем, кӣ ҳақ аст. Як тарафро баҳо додан ҳам қобили қабул нест.”

Маҳмад Раҳимов бо зикри он, ки ҳар сарбоз орзӯи генерал шуданро дорад, ба Зоиров маслиҳат дод, ки беҳтар аст, китобҳои илмӣ нависад, то миллат аз он истифода барад.

Қаблан Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон бо пахши як изҳорот эълон кард, ки раисиҷумҳури феълӣ Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ наметавонад номзадиашро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод кунад. Зоиров дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, ки бино бар қонунҳои Тоҷикистон як шахс наметавонад беш аз ду бор пайиҳам президент интихоб шавад. Зоиров он изҳоротро, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмон бо иловаи тағйиру иловаҳо ба банди 4 моддаи 65-уми Қонуни асосӣ дар моҳи июни соли 2003 имконият ба даст овардааст, ки то соли 2020 президент бошад, “миф” хонд. Зоиров таъкид кард, ки маҳз банди 4-и моддаи 65-уми Конститутсия муайян намудааст, ки як шахс наметавонад, беш аз ду бор президент шавад.

Зоиров таъкид мекунад, ки салоҳияти президентии Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2004 ба анҷом расида буд, чун соли 1999-ум ӯ на барои 7 сол, балки барои 5 сол президент интихоб шуда буд. Ба гуфтаи Зоиров, замони интихоботи президентии соли 1999 муқаррароти Сарқонун аз соли 1994 амал мекард, ки муҳлати президентиро 5 сол муайян намуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккур ба доктори илмхои хукук, профессор, Директори маркази миллии конунгузории назди Президент Рахимов Махмад Забирович.Дар воке олими сохаи хукук ва дар доираи илми маъруфу машхур ба тахлилхои Зоиров бахои хакики додед. Агар Зоиров хукукшиноси босавод ва бономус мебуд чавобхои солхои пешин ва соли чориро ки дар рузномаи Садои мардум бар хилофи тахлилхои беасосаш чоп гардидааст, хонда аз шармандаги дигар худро хукукшигос ном намегириф. Дуруст баён кардед, агар олим боши китоб навис. Зоиров вокеан манфиати модди дораду зархариди душманони Точикистон ва халки точик аст чунки худ точик нест. Дар ягон гуфтори Рахматилло тахлили хукукии заминаи объективи дошта чой надорад яъне тахлилхояш сирф субъективии гаразонаи бар хилофи Конститутсия ва конунхои дигар аст. Бе асос будани суханхои уро дар мавриди интихобот баён намудани Рахимов маънои онро дорад, ки Зоиров олим низ набудаасту як лухтаки бетафакури дар асоси банхои дар дасти лухтакбоз харакат мекардааст. Зоиров метавонад баъд аз ин андешаи олими бузурги илми хукук Рахимов дигар худро хукукшинос ном набарад. Вакти он расидааст, кансорсиумашро ки бо у ва ду се нафари дигар аст бархам диханд, ки обуруи дигар хукукшиномонро нарезонад. Ахсан олими шинохта Махмад Забирович.
Посух додан
  • Хукушинос

  • 3 август 2013 10:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале дар точикистон хукукшинос бисёр аст, вале на хамааашон мисли Зоиров ба номус, бо часорат ва хаикиагунд. Оё харчи ки сиёсатмадор гуфт бо вучуде ки бо конун мухолиф бошад бояд онро конуни донист? коре ки хукушиносони лаганд бардори мо мекунанд, харчи ки раиси хукумат гуфт хамонро конуни медонанд ва агар конуни набошад хам барояш як чорчуби конунии нестандарчахон метарошанд. чуноне ки соли 2003 сарконун тагир дода шуд ва президенте ки бояд аз сахна канор мерафт дубора бо ин конуни чангал раиси чумхури карда истодааст.Агар як хукумати конуни дар точикистон ба кор ояд тамоми ин сандахову конунхое ки тули сн солхо кабул шудаастро бе кор мекунад зеро инхо дар замоне кабул шудаанд ки як касе президент аст ки гайри конуни президенти мекунад, ман сад фоиз бовар дорам ки агар вазъият хамин хел идома кунад боз хамин одамон хафт сол баъд боз конунро тагйир додани мешавад барои ки боз хамин президент идома дихад. вале мардум бедор шудаасст дигар намегузорад як хонавода мисли фиръавн бар сарашон чандин сол хукм кунаду ин бечорахо дар росия гуломи русхо бошанд.
Посух додан
  • Сайоди Сайд

  • 3 август 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо гирад ту Хукукшиноси реалиста. Ман медонам, ки чашми шумо худобехабархоро даромад ва шароити имрузаатон ба пурраги кур кардааст. Аз ин ру хакикатро дида наметавонед. Худованд ба чашму гуши шумо мухр задааст.
Посух додан
  • Колхозчи

  • 3 август 2013 12:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ха рост...Ту кучою хукукдониат кучо?...Хукукшиносу Сайод дуруст мегуянд! Офарин ба шумо!
Посух додан
  • Мумин

  • 3 август 2013 14:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Махмад Рахимов то кай мардумро фиреб медихед.Агар Шумо хохед ,ки фахмед ,ки халк чи мехохад, рафта дар байни мардум шинед ва мешунавед,ки мардум чихо мегуянд. Рахматулло Зоиров ба макоми Раиси Чумхур номзади арзандатарин мебошад. Агар интихоботи дар пеш истода шаффофу демократи гузарад, Р.Зоиров хатман аксарияти овозхоро сохиб мешавад.

Чаноби Махмад Рахимов ,хохиш мекардем,ки назари мардуми точикро хам ба назар гиред. Мардуми точик мехоханд, ки бо кор дар ватани худ таъмин бошанд,мехоханд,ки бо барки доими дар фасли зимистон таъмин бошанд, ришвагири набошад,хешутаборобозиву махаллгарои пурра аз байн бурда шавад, адолат ва хакикат бошад,нарххои маводхои гизои ва сузишвори ба мардум дастрас бошад,кудаконашон дар мактабхо таълиму тарбияи хуб гиранд, маош ва нафака барои зиндаги кифоя бошад, роххои пулаки набошад, андозхо ва фоизхои бонки барои сохибкорон баланд набошад, дар назди конун хама аз мансабдорон ва то шахрванди одди, як бошад.
Лекин афсус,ки дар муддати 20 соли сипаригашта,хукумати кунуни ин проблемахоро хал карда натавонист.
Барои хамин мардуми точик дар хакикат мехоханд ва орзу доранд,ки ба макоми президенти нафаре интихоб шавад,ки Точикистони азизи моро аз ин проблемахо халос кунад.
Посух додан
  • Толиб

  • 3 август 2013 14:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РАХМАТУЛЛО ЗОИРОВ САД ДАР САД ДУРУСТ ВА ХАКРО МЕГУЯД.
Посух додан
  • ISLAM

  • 3 август 2013 18:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аксарият бародарон дуруст кайд намуданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ма 100% гуфта метавонам, ки агар дар Точикистон Рахматиллило Зоиров номзадияшро дар интихобот монад аз 1% зиёд овоз ба даст намеорад. Саволе бавучуд меояд чаро? Чавоб чунин аст:
1. Хамчун хукукшинос ва олими соха дар байни хато 5% хукукшиеосон обуру надорад;
2. Гайр аз нафароне, ки ба интернет дастраси доранд хеч кас уро намешиносад;
3. Дар тули фаъолияти хизбият ба гайр аз тахкир, тухмат ва гумрохкунии мардуми гайрихукукшиноси кори фоиданоке накардааст;
4. Хоини миллат ва агенти узбекхо аст чунки худаш ва хунаш узбек аст;
5. Ваъзи модии баъд дорам мегуяд ва максадаш ганигардонии бучети авлодашро дорад;
6. Дар несту нобуд кардани генофонди точик машгул аст;
7. Пайравонаш аксаран узбекхо мебошанд, ки исботи ин гуфтор аз руйхати азоёни хизбаш ки дар сомонаи хизбаш чой дорад, бармеояд;
8. Конунхои кишвари моро риоя ва эхтиром намекунад масалан Конуни ЧТ "Дар бораи забони давлати", ки дар сомонаи хизбаш айён аст;
9. Дар вучудаш хасад ва гарази моди чой дорад;
10. Дар нафрати ватандустон карор дорад ва гайра.
Пас миллати таърихи беш аз 1100 сола дошта наход аз чониби чунин нафар эхтимол аст, ки рохбари шавад. Ман тарфдори он мебошам, ки нафри дигаре номзадияшро монаду чунин нафарон бо хислати зикршуда шарманда ношуда аз майдони сиёсат берун шаванд.
Посух додан
  • Усмон Усмонов

  • 4 август 2013 04:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бесаводон дар миллати Точикистон бисёр шудаанд. Дар саволу чавоб, посухи хакики гуфта наметавонанд, факат посухашон дашном ба монанди лухтак, зархарид, олим набудаст,шарманда, худашро хукук шинос ном нагирад.
Эй бесаводон аз чунин суханхои бефоида бехтараш бигуед, ки мо акнун акламо расидаистодааст, акнун кушиш мекунем ободихо хакики барои Точикистон бикунем, токи миллати точикистонхам обод шаванд.
Посух додан
  • Тага.

  • 4 август 2013 12:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ракиби Зоиров хукукшиноси хокзани хукуматист охир. Агар Зоиров е Кабири сари кудрат оянд ин боз лагандбардори инхо мешуда бошад?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Раиси маркази қонунгузории назди президент таъкид намуд, чизи асосие, ки бояд пеш аз ҳама ба назар гирифта шавад, ин иродаи халқ аст: “Яъне халқ чӣ мехоҳад, ҳамон асосӣ аст, мегуяд Махмад Рахимов.....
Мухтарам Махмад Рахимов шумо медонед, ки 90%-и халки Точикистон намехоханд, ки Эмомали Рахмон президент шавад инро худи ту ва чаноби Эмомали Рахмон хам медонад.... Хатто котеъона намехоханд, ки у президент шавад...
ИН ЧИ САФСАТА ГУИЕСТ, КИ ДАР ГУШХОИ МО ХОНДАИСТОДАИ.! РОСТИ АЗ ХУДИ ТУВУ ХАМОН ПРЕЗИДЕНТ ХАМА ХАЛКИ ТОЧИК БЕЗОРАНД...
Ё АЗ РУИ САРКОНУНИ ТОЧИКИСТОН КОР КУНЕД Ё ХАМОН САРКУНУНРО БЕКОР КУНЕД............ ШУМО, КИ АЗ РУИ САРКОНУНИ ТОЧИКИСТОН КОР НАМЕКУНЕД ЗНАЧИТ ШУМО ТАЪЛИМИ ПАДАРУ МОДАР НАДОРЕД...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хубтараш Э. Рахмон рафта китобхои илми нависад, зеро у низ донишманд аст, шояд аз китобхои у мардум бахра бигирад! Доир ба халк муайян кардани хукуки интихоб шудан ва ё нашуд ин бесаводист! О конуни асоси- Конституцияро ки муайян мекунад? Бале, халк!
Посух додан
  • lowblow

  • 4 август 2013 20:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хукукшиноси реалист,

ин профессори таърифият ягон гапи бомаъни нагуфтааст ку дар осмони хафтум бурда расонди. ягон тахлил хам накардаст.
Посух додан
  • Аре

  • 19 август 2013 20:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахматуло зоиров100 фоиз
Посух додан
  • Экономист

  • 4 октябр 2013 17:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин раиси марказ аз кафои одамон гап задана бисёр нагз мебинад.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!