Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 13:07

Ҳимояти фаъолони ҳуқуқи башар аз мухолифи сарсахти раисиҷумҳур

3 август 2013, 09:52

Созмони Авфи Байналмилалӣ аз Фаронса хост, Мухтор Аблязов, мухолифи сарсахти Назарбоевро ба Қазоқистон надиҳад.

Мухтор Аблязов, бонкдор ва мухолифи аршади Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон рӯзи 31-уми июл дар ҷануби Фаронса аз тарафи мақомоти пулиси ин кишвар боздошт гардида буд.

Дар баёнияи “Amnesty Internationa” омадааст, Ҳукумати Фаронса бояд раванди бозпас додани Аблязовро ба тавре баррасӣ намуда, ба кишваре таслим накунад, баъдан мухолифи қазоқ ба ватанаш истирдод шуда, мавриди шиканҷа ва додхоҳии ноодилона қарор гирад.

Ба гуфтаи вакили мудофеаш, барои истирдоди Аблязов бештар мақомти украинӣ ва рус талош доранд, ки ӯ дар он кишвар ба сурати ғиёбӣ маҳкум ба тақаллубкорӣ ва ғайриқонунӣ баровардани маблағҳои БТА банк ба хориҷ аз кишвараш мебошад.

Ин дар ҳолест, ки аҳдномаи истирдод миёни Қазоқистону ва Фаронса ба имзо нарасидааст.

Мухтор Аблязов дар Қазоқистон ба тақаллубкории иқтисодӣ ба ҳаҷми 5 миллиард доллар муттаҳам дониста мешавад. Додгоҳи олии Лондон феврали соли 2012 Аблязовро ҳукм ба 22 моҳи ҳабси пешакӣ карда, ҳанӯз ҳукми ниҳоии ӯ хонда нашудааст. Ин дар ҳолест, ки худи мухолифи қазоқ иттиҳомот алайҳи худро рад намуда, онҳоро ангезаҳои сиёсӣ медонад.
















Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!