Донишҷӯи тоҷик ба Путин: Шуморо аз Э. Раҳмон зудтар ёфтам (ВИДЕО)
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, як рӯз баъд аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 2-юми август аз анҷумани маърифатии ҷавонҳо ба номи “Селигер” дар минтақаи Твер дидан кардааст.
Дар ин анҷуман Аслишо Акимбеков, як донишҷӯй ва волонтёри тоҷик ба Путин пешниҳод кард, ки аз ҳисоби дар ауксион гузоштани чизҳои дӯстдоштааш барои муолиҷаи кӯдакони дорои бемории вазнин маблағ ҷамъоварӣ кунад. Донишҷӯи тоҷик афзуд, ки “чун ман шаҳрванди Тоҷикистонам, хостам ин пешниҳодро ба Эмомалӣ Раҳмон кунам, аммо Шуморо пештар ёфтам.”
Путин дар ҷавоб гуфт, бо он мақоме, ки дорад, ба фурӯш гузоштани чизҳои дустдоштааш барои кӯмак ба кӯдакони бемор, шояд оддӣ бошад, вале пурсамар нест: “Мо бояд муштаракан сари ин масъала фикр кунему роҳҳои пурсамартарашро ёбем.”
Дар идома Путин аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон зикр карда гуфт, “Тоҷикистон ҳоло дар вазъияти мушкил қарор дорад. Баъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ нав каму беш барои ташкили ниҳодҳои таъминкунандаи амният ноил шудааст ва талош дорад дар умури иқтисод қадамҳои аввалинашро гузорад. Мо дар ин роҳ ба Шумо барор мехоҳем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |