Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 13:02

Мақомоти тоҷик зиёни конфетҳои “Roshen”-ро месанҷанд

3 август 2013, 12:16

Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шириниҳои ширкати “Roshen”-и Украинаро, ки дар кишвари мо истеъмолкунандагони зиёд дорад, мавриди санҷиш қарор медиҳанд.

Як масъули ин ниҳод дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз тариқи расонаҳои хабарӣ иттилоъ гирифтаанд, ки якчанд кишварҳои Шӯравии собиқ аз ҷумла Қазоқистону Русия дар якҷоягӣ гардиши шириниҳои ширкати “Roshen”-ро ба қаламравашон, ба далели дарёфти маводи кимиёвии бензпирен манъ кардаанд.

Бо назардошти ин масъули Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ гуфт, “мо ба ташхисгоҳи хадамот дастур додем, аз назар гузаронад, ки маводи кимиёвии “бензпирен”, ки гуиё дар таркиби маҳсулоти қанодии ширкати “Roshen” дарёфт шудааст, чӣ миқдор аст ва то чӣ андоза зараровар аст.”

Дар мавриди манъи воридот манбаъ афзуд, ки “Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии савдо аст ва тибқи созишномаҳои санитарию фитосанитарӣ ҳар як чораҷӯие, ки амалӣ карда шавад, бояд илман асоснок бошад. Аз ин хотир барои муайян кардани сатҳи бехатарии маҳсулоти қаннодии ширкати “Roshen”, бояд ташхисҳоро дар сатҳи байниидоравӣ, дар мисоли Хадамоти санитарию эпидемиологӣ, гумрук ва оҷонисии Тоҷикстандарт ба роҳ монда, як қарори дастаҷамъона барорем. Дар акси ҳол қароре, ки аз ҷониби ин ё он ниҳод оиди манъи гардиши маҳсулот бароварда шавад, метавонад, ки барои Тоҷикистон паёмади манфии иқтисодӣ дошта бошад. Яъне агар чораҷӯи бидуни асосҳои илмӣ сурат бигирад ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад Тоҷикистонро, чун узви СҶТ ба ҷаримабандиҳои умумиҷаҳонӣ маҷбур созад.”

Ҳамсуҳбатамон дар мавриди хусусиятҳои таъсиррасонии маводи кимиёвии “Бензпирен” илова намуд, ки “ин маводро дар таркиби бисёр маҳсулотҳое, ки бо дуд ё ин ки бо гармии зиёд коркард мешаванд, дарёфт кардан имкон дорад. Махсусан дар таркиби маҳсулотҳои гуштие, ки дуд карда мешаванд, маҳсулоти донагие, ки дар ҳарорати баланд омода карда мешаванд ва дар таркиби кофе ва какаво низ ёфт кардан мумкин аст. Лекин миқдори он муайян карда шудааст. Дар сурати аз меъёр зиёд истифода шудани “Бензпирен” дихоҳ маҳсулот ба инсон зарар хоҳад дошт, зерои ин мавод хусусияти ҷамъшавӣ дорад ва метавонад одамро ба бемориҳои саратонӣ оварда расонад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Parviz

  • 4 август 2013 05:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Korgaroni khadamot ba'di kkhabar az digar jumhuriho omadan bedor meshavand. Khudo medonad halq chi este'mol mekunad...

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!