Шарофат Бобоҷонова, модари муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Низомиддин Зоҳидов, баъд аз бемории тӯлонӣ аз дунё даргузаштааст. Хонум Бобоҷонова 79 сол дошта, солҳои зиёд дар фабрикаи дӯзандагии шаҳри Конибидоми вилояти Суғд кор мекард.
Маросими дафни Шарофат Бобоҷонова имрӯз, севуми август, соати 18:00 дар Конибодом баргузор мегардад.
PS: Ҳайати кории “Озодагон” ва кормандони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Низомиддин Зоҳидов изҳори ҳамдардӣ мекунанд.
Мӯҳр