Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:02

Тоҷикистон ва Эрон: Гуфтугӯи нахустини Раҳмон бо Рӯҳонӣ

4 август 2013, 14:40

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи чоруми август барои иштирок дар маросими савгандёдкунии Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури нави Эрон, ба Теҳрон рафта буд, бо ӯ гуфтугӯ анҷом додааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, оқои Раҳмон дар оғоз Рӯҳониро барои мақоми наваш табрик гуфта, баъдан хостори густариши ҳамкориҳои Душанбеву Теҳрон шудааст. “Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва энержӣ зоҳир гардид”,-мегӯяд манбаъ.

Дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳасан Рӯҳонӣ гуфта шудааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 150 ширкати эронӣ фаъоланд ва “раванди воридшавии сармояи мустақими эронӣ ба иқтисодиёти кишвари мо рӯ ба густариш аст”. Ҷонибҳо инчунин ба иҷрои тарҳҳои якҷоя ё муштараки минтақаӣ, аз ҷумла бунёди роҳи оҳан ва кашидани лӯлаҳои оби ошомиданӣ, нафт ва хатти интиқоли нерӯи барқ миёни Тоҷикистону Эрон таъкид кардаанд.

Оқои Раҳмон дар охир аз Ҳасани Рӯҳонӣ даъват кардааст, ки бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд. Раисиҷумҳури нави Эрон, ки номзади ислоҳталабон буд, низ ин даъватро пазируфта ва гуфтааст, дар наздиктарин фурсати муносиб роҳи Душанберо пеш хоҳад гирифт. Ҳасани Рӯҳонӣ дар курсии раёсати ҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажодро иваз кард ва маросими савгандёдкунияш рӯзи чоруми август дар Теҳрон баргузор шуд.

Эрон баъд аз Чину Русия яке аз кишварҳои сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То кунун Эрон дар Тоҷикистон нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб ва нерӯгоҳи "Сангтӯда-2" дар ҷануби кишварро бунёд кардаву ба кор андохтааст. Аммо ахиран Низом Ҳакимов, вазири роҳ ё нақлиёти Тоҷикистон, аз кундии кори як ширкати эронӣ барои таъмиру тармими нақби "Истиқлол" интиқод кард. Ӯ гуфт, дар сурате ки эрониҳо аз ин кор даст кашанд, Чин омодааст ин корро дар муддати кӯтоҳ бе "нозу нуз" ва кашолкорӣ анҷом бидиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!