Бахшҳо
05 авг 2013 09:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Навоварии Хадамоти гумрук ва эҳтимоли болоравии нархи мошин дар Тоҷикистон

Дилошӯб Орифзода

Хадамоти гумрук як моҳ боз таваккал карда, нархи мошинҳои воридшавандаро аз хориҷи кишвар боло бардошт. Дар ин миён соҳибкорон чандин маротиба чаҳор панҷ нафарӣ шуда, ба раёсати гумруки вилояти Суғд муроҷиат бурданд. Аммо мушкилиашон бартараф нагардид. Билохира, наздик ба панҷоҳ нафар воридкунандагони мошин эътироз карда дар назди бинои раёсат ҷамъ шуданд.

Аслан даъвои онҳо ин буд, ки аз ҷониби хадамот бе огоҳӣ нархи воситаи нақлиёт боло бардошта шудааст, ки сабабгори зиёд ситонидани боҷи гумрукӣ гардидааст. Яке аз воридкунандагони мошин ҳангоми суҳбат ба «Озодагон» гуфт, «имрӯз арзиши боҷи гумрукӣ ба ҳар воситаи нақлиёт то 1000 доллари амрикоӣ зиёд муайян шудааст, ки дар натиҷа наздик ба 400 доллар изофа боҷи гумрукӣ гирифта мешавад: «Аз ҳама арзиши поёни мошин 2100 доллар буд, ҳоло 3100 доллар шуд. Ин барои мошинҳои Опели соли бороришашон то соли 2000- ум буд. Опелҳои аз 2000- ум боло 2500 доллар буд, ки алъон 3500 доллар шудааст. Мерседесҳое, ки 3500 доллар буданд, ба 4300 баробар шуданд. Нархи мошинро боло бардоштаанд. Фоизи боҷи гумрукӣ ҳамон пештара аст, лекин арзиши мошин, ки боло карда шудааст, ба таври автоматӣ нархи боҷи гумрукӣ боло меравад. Ман инро найранги иқтисодӣ меҳисобам.»

Масъулини соҳа дар бораи аз 1- уми июл чӣ гуна нархгузорӣ гардидани воситаҳои нақлиёт ва чӣ қадар боҷи гумрукӣ ситонида мешавад, иттилое надоданд ва гуфтаи соҳибкоронро дар ин бора на тайъид ва на такзиб карданд:
- Ин фақат ба мақсади хизматӣ метавонад аз ҷониби кормандони мо истифода шавад, ин мавзӯе нест, ки ман тавассути васоити ахбори умум ифшо кунам. Ин як масъалае ҳаст, ки фақт аз ҷониби кормандони мо ҳангоми ба расмият дарории расмияти гумрукӣ, мавриди истифода қарор дода мешавад. Барои ҳамин ман ҳуқуқ надорам- , мегӯяд Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумрук .

Зарари эҳтимолии буҷа. Қариб 100 миллион сомонӣ


Оқои Раҳматов, ки ба нишасти хабарии раёсати гумрук Суғд аз марказ ташриф оварда буд, дар мавриди ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пешниҳод карда мешавад гуфт, ки «ман аз сардори дидбонгоҳи гумрукии аксизӣ пурсидам, ки ягон соҳибкоре ҳаст, ки мутобиқи талаботи кодекси гумруксанадҳои эътимоднок барои муайян кардани арзиши гумрукӣ пешниҳод кунад? Ӯ гуфт, ман дар таҷрибаи чаҳор солаи худ дар ёд надорам, ки аз ҷониби кадом як соҳибкор ҳамин гуна ҳуҷатҳо пешниҳод шуда бошад».

Ба қавли ин масъулини гумрук, агар аз рӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи соҳибкорон боҷи гумрукӣ ситонида мешуд, ба буҷаи давлат зарари ҷиддӣ мерасид: - Агар аз рӯи инвойскҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон пешниҳод шудааст, мо ба расмият медаровардем, яъне 25 ҳазор автомашинае, ки ба ҳудуди вилояти Суғд ворид шудааст, буҷети давлатӣ аз зиёда аз 100 млн сомонӣ маблағ маҳрум мегашт,- гуфт муовини сардори Хадамоти гумрук .

«Бояд ба воридкунандагони мошин унвони қаҳрамонӣ дод»


Воридкунандагони мошин иддао доранд, ба буҷа аз ҷониби онҳо маблағхои ҳангуфт супорида мешавад, аммо барои фаъолияти онҳо сабукие нест. Як нафари онҳо, ки худро Илҳом Яқубов номид, гуфт, ки «ҳар як нафари инҳо қаҳрамон ҳастанд. Танҳо маблағе, ки боҷи гумрукиву андоз аз як вагони соҳикорон меситонанд, то 60 – 70 ҳазор сомонӣ аст, ки агар ба маоши ҳаддиақали муаллим ва духтур тақсим кунем, ба 466 нафар рост меояд. Дар давоми сол 20 вагон мошин меорад. Агар мо 20 вагонро ба 466 зарб занем, ҳадди ақал 9320 нафар мешавад, ки дар як сол онҳо ба инқадар одамон маош медиҳанд».

Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки дар кишварҳои рушдкарда ба ин гурӯҳи соҳибкорон имтиёзҳои бештар медиҳанд. Ба қавли ӯ, агар дар кишварҳои ғарб мешуд, шояд ба ҳар яки инҳо унвони қаҳрамонӣ медоданд.

Салимҷон Шарипов, сардори раёсати тарифи гумрукӣ ва назорати арзии хадамот дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид дошт, ки боҷи гумрукӣ боло нарафтааст ва сухан дар мавриди дар амал татбиқ намудани моддаҳои 42 ва 52- уми Кодекси гумрук меравад:«Соли гузашта ба қаламрави гумрукии ҶТ дар маҷмуъ 51 ҳазору 88 воситаи нақлиёти сабукрав ворид шудааст. Ба андозаи 200 млн доллари амрикоӣ. Ин тақрибан 5 – 5,5 фоизи ҳаҷми умумии воридотро ташкил медиҳад».

Дар идомаи суханронияш Шарипов гуфт, ки ин нишондод хеле зиёд аст. Ва ӯ мисол овард, ки соли гузашта ба кишвар дигар намуди молҳо аз воситаҳои нақлиёт ба маротиб кам аст: - Барои он ки шумо дарк кунед, ки то кадом андоза ин зиёд аст, мехостам қайд кунам, ки соли гузашта ҳамагӣ ба миқдори 185 млн доллар гандум, 68 млн доллар равғани растанӣ, тақрибан 70 млн доллар шакар, 166 млн доллар бензин, 131 млн доллар сӯзишвории дизелӣ ворид шудааст. Худатон тасаввур кунед, ки саҳми воридоти воситаҳои нақлиёт дар ҳаҷми умумии воридоти ҷумҳурӣ, то чӣ андоза калон аст.

Коршиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон, агар дар ягон соҳа пули калон дида шавад, ҳатман зери санҷиш ва фаъолияташон маҳдуд карда мешавад. Масалан, аз оғози соли ҷорӣ аз мактабҳои хусусӣ андоз аз арзиши иловашуда ситонида мешавад, ки далели ин гуфтаҳост.

Хадамот пешакӣ огоҳ накардааст


Соҳибкорон аз он гила доранд, ки хадамот онҳоро қаблан огоҳ накардааст. Онҳо мегӯянд, ки агар медонистанд, арзиши воситаҳои нақлиёт боло бурда мешавад, барои харидории мошин намерафтанд. Зеро як қисми воридкунандагони нақлиёт аз бонкҳо маблағ гирифтаанд. Вале масъулини соҳа мегӯяд, ки барои татбиқ намудани муқаррароти қонунгузории гумрукӣ ягон супориши иловагӣ ва огоҳонидан лозим нест: «Ин кори ҳаррӯзаи кормандони масъули Хадамоти гумрук аст. Ин гуна чораҳо на фақат дар муайян намудани арзиши гумрукии воситаҳои нақлиёти сабукрав, балки дар вақти муайян намудани арзиши гумрукии дигар намуди молҳо ҳам истифода мешавад», - гуфт сардори Раёсати тарифи гумрукӣ ва назорати арзии хадамот Салимҷон Шарипов.

Аммо воридкунандагони мошин мегӯяд, ки вақте ки соли 2011 нархи мошинҳо аз ҷониби Хадамоти гумрук боло бардошта шуд, кормандони раёсати гумрук бо онҳо машварат гузаронида буданд: - Соли 2010 нарх 1800 доллар буд. Соли 2011 ба 2100 доллар расонида шуд. Ҳамагӣ 300 доллар арзиши мошин боло карда шуд, ки соҳибкорон эътироз накарданд. Баъди якуним сол 1000 доллар арзиши мошинро боло бардоштанд. Аммо ин 2100 аз куҷо пайдо шуд? Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори Хадамоти гумрукӣ, ба тасвиб расид ва бо машварати соҳибкорон, дар хотир дорам дар аксизи шаҳри Чкалов мо нишаста будем, дар он ҷо барои мо ҳамаашро фаҳмонда буданд, мо дар ин масъала розӣ шуда будем.

Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумрук мегӯяд, ки на хадамот ва на мақомот нархро таҳмил накардаанд. Ин арзишҳо аз ҷониби Хадамоти гумрук барои дар фаъолияти рӯзмарра истифода бурдан ба мақомоти тобеъ ирсол карда шудааст, бо мақсади баҳодиҳӣ ва идораи тавваккал: - Ин чӣ аст? Таваккал, ин пеш аз ҳама эҳтимолияти риоя нашудани қонунгузории гумрукӣ, ки метавонад ба давлат зарар оварад. Ин бо ду мақсад мешавад. Якум ин ки пешгирӣ кардани роҳи қонуншиканиҳои гумрукӣ, вақте ки инвойскҳои қалбақӣ пешниҳод мекунанд, ки арзиши мошини воридшуда 500, 200, 300 доллар аст ва дуввум бо мақсади гирифтани сӯистифода аз ҷониби худи кормандони мақомоти гумрук, ки метавонад бо истифода аз мавҷуд набудани ахборот, ба ҳамин кор даст зананд.

Соҳибкорон дурӯғ мегӯянд, ё мақомот?


Дар ҳамин ҳол, сардори Раёсати гумрук дар Суғд Неъматулло Таваров мегӯяд, соҳибкорон дурӯғ мегӯянд, ки аз боло рафтани арзиши мошинҳо бехабар будаанд: «Аз моҳи апрел ва май ҳама медонист, ки дар доираи меъёру санадҳое, ки ҳаст, ба амал бароварда мешавад (яъне арзиши мошинҳо боло бардошта мешавад)» Соҳибкорон мегӯянд, ки онҳо як маротиба зарар мебинанд ва шояд дар ҳамин як маротиба он нафароне, ки нав фаъолиятро оғоз кардаанд зарари ҷиддӣ бубинанд ва аз ин тиҷорат даст кашанд. Аммо он нафароне, ки тӯли солҳои зиёд бо ин кор машғул ҳастанд, бар онанд, ки пас аз 3 – 4 моҳ, боз ҳамааш хуб мешавад. Онҳо низ дар бозор нархро боло мебаранд ва аз ин ҷомеа зарар мебинад.

Гуфта мешавад, ки ворид кардани воситаҳои нақлиёт дар кишвар ягона тиҷорати ҷиддие ба шумор меравад, ки «монополия» нашудааст. Ба ин бизнес ҳар кас метавонад ба таври инфиродӣ фаъолият дошта бошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)