Бахшҳо

Вакил: “Тақдири номаи Зайдро Фирӯз Холмуродов медонад”

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, мегӯяд, номаи нафари таҳти ҳимояташ ба унвонии президент дар дасти Фирӯз Холмуродов аст ва сарнавишташро ҳам ӯ медонад. Фирӯз Холмуродов раҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаҳои Зайд Саидов мебошад.

Исҳоқ Табаров ба “Озодагон” гуфт, номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон қабл аз он ки ба расонаҳо роҳ ёбад, ба дасти раҳбари гурӯҳи тафтишотӣ расидааст. Оқои Табаров мегӯяд, ин номаро худи Зайд Саидов ба Фирӯз Холмуродов супурдааст. “Вале такдири он нома чӣ шуд, мо намедонем”,-афзуд ӯ.

Қаблан Зайд Саидов, раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав", бо ирсоли як нома аз Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ба қазияи ӯ расидагӣ кунад. Вай дар номаи чаҳорсаҳифагии худ гуфтааст, вазъи саломатияш хуб нест ва мехоҳад озод шавад ва ё зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул гардад.

Оқои Саидов дар ин номаи худ ҳадаф аз таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро ҳам баён дошта гуфтааст, қабл аз амалӣ намудани нияташ мақомоти Кумитаи амнияти миллиро огоҳ карда буд. Вай афзудааст, вақте дар Фаронса буду нофаҳмиҳо аз сӯи мақомот зиёд шуд, ният дошт ба ватан баргардаду фаъолияти таъсиси Тоҷикистони навро боздорад. Вале Музаффар Ашӯров, мудири Шуъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон дар Дастгоҳи иҷроияи президент, чанде пештар ба “Озодагон” гуфт, ки чунин як номаро аз Зайд Саидов дарёфт накардаанд.
Мӯҳр
Номае ки дар интернет муддати тӯлонӣ чарх мезанаду хурду калон аз он хабардоранд, чи гуна мудири шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандони Дастгоҳи президенти Тоҷикистон М.Ашӯров аз он бехабар будааст? Ин афсонаест, барои хурдтаракон! Агар Ашӯров ба ростӣ дар ғами "ҳуқуқи шаҳрвандон" мебуд, ба зердастонаш фармон медодки, зуд он номаро аз зери замин ҳам бошад пайдо карда, рӯи мизаш гузоранд. Агар оҳи оқои Зайд Саидов барин як шахси шинохта ва мӯтабар, ба Дастгоҳи президенти кишвар нарасад, пас вой бар ҳоли ҳазорон одамони ҷабрдидаи қаторӣ, ки ба фарёди онҳо ин ҳуқуқдонҳо туф мекунанд. Вой бар мо! Вой бар Ватан!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)