Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:22

Чархбол куҳнаварди маҷруҳи русро ба Душанбе овард

5 август 2013, 10:14

Александр Березкин, сайёҳи куҳнаварди рус, ки 1-уми август, дар пиряхи Сурхон, дар баландии 5 ҳазор метр ҳангоми фаромадани тарма аз ронаш ҷароҳат бардоштааст, рӯзи гузашта тавассути чархбол ба беморхонаи Душанбе интиқол ёфтааст.

Чархбол дар хидмати сайёҳи рус баъди дахолати сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва Вазорати умури хориҷӣ ба ин қазия қарор гирифтааст.

Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав мегӯяд, айни ҳол як гуруҳи куҳнавардони рус, дар куҳҳои Тоҷикистон қарор доранд: “Баъди сар задани нохушӣ миёни ширкатҳои суғуртавии тоҷику русиягӣ, дар бораи он, ки кӣ бояд масъулиятро ба душ гирад, баҳс шудааст. Дар ҳоле, ки ҷабрдида ба ёрии фаврӣ тиббӣ эҳтиёҷ доштааст.”

Дар ҳамин ҳол Анастасия Павлова, ҳамсари роҳбари гуруҳи куҳнавардони рус ба сафорати Русия дар Маскав муроҷиат карда кӯмак хостааст ва баъди як рӯз сайёҳи маҷруҳ тавассути чархбол ба Душанбе интиқол ёфтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!