Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 17:31

АКС: Харобкориҳои сел дар Ванҷ дар пайи гармои шадид

5 август 2013, 11:17

Мақомоти маҳаллии ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ҳаракати нақлиёт ба се деҳаи ин ноҳия, танҳо баъд аз муддати шаш шабонарӯзи таваққуф дубора барқарор шудааст. Равуои нақлиёт ба деҳаҳои Ванҷи Боло - Поймазор, Ван-вани болову поён ва Сунгати ин ноҳия тахминан шаш рӯз қабл дар пайи обхезии дар дарёи Ванҷ, дар наздикии деҳаи Мурғутга ба миён омада буд.

Рустамшоҳ Ёдгоршоев, раиси ҷамоати Рованди ноҳияи Ванҷ, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, тахминан ним соат мешавад ҳаракати нақлиёт ба деҳаҳои Поймазор, Ван-вани болову поён, Сунгати ноҳия барқарор шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сокинони деҳаи Старғи ин ноҳия мегӯянд, ҳарчанд ҳаракати нақлиёт ба се деҳаи Ванҷи боло аз масири Мурғутга барқарор шуда аст, аммо ҳамин лаҳзаҳо иртиботи заминӣ миёни Старғ ва Мурғутга ғайриимкон мебошад: “Субҳи имрӯз, 5-уми август, сели об 200 метр аз роҳи мошингард, ки деҳаи Старғро бо Мурғутга мепайваст, корношоям карда, рафту омад миёни ин деҳаҳо қатъ шудааст.”

Ба гуфтаи Ёдгоршоев, ҳоло дар макони ҳодиса корҳои барқароркунӣ бо кумаки мардуми маҳаллӣ тариқи ҳашар ва техникаҳои Вазорати мелиоратсия ва оби ҷумҳурӣ идома дорад: “Ҳоло корҳои барқарорсозӣ тариқи ҳашар аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар макони хавфноки ҳодиса-деҳаи Мурғутга рафта истодааст.”

Бояд гуфт, қатъи ҳаракат миёни деҳаҳои ноҳияи Ванҷ ва хароб гардидани роҳҳои мошингарду шусташавии даҳҳо гектар замини кораму ҷангалзорҳои минтақа дар пайи обхезии рӯди Ванҷ бори аввал набуда, солҳо инҷониб сокинонро азият медиҳад.

"Танҳо дар соли гузашта ҳудуди 50 гектар замини корам ва ҷангали рустои Ширговади ноҳияи Ванҷ дар пайи обхезӣ дар дарёи мазкур аз байн рафт",-мегӯяд як сокини ин деҳа. Аксари мардуми Ванҷ бар ин назаранд, ки фақат дар он сурат аз таҳдиди селу обхезӣ эмин шудан мумкин аст, ки агар соҳилу канораҳои дарёи Ванҷ ба таври ҷиддӣ ва ҳирфаӣ мустаҳкам карда шавад, на бо сангу шағалу реги одӣ.


АКС: Харобкориҳои сел дар Ванҷ дар пайи гармои шадид

АКС: Харобкориҳои сел дар Ванҷ дар пайи гармои шадид

АКС: Харобкориҳои сел дар Ванҷ дар пайи гармои шадид

АКС: Харобкориҳои сел дар Ванҷ дар пайи гармои шадид


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О раиси нохияи Ванч ай раксда бемор дорад ки раху руя назорат намояд тавасути оинаи нилгун факат наврузи ин нохияи зебо манзаро тамош менамудам фикр менамудам ки ягон проблема нест ин нохияда афсус ки ма хато кардаам
Посух додан
  • Розик

  • 5 август 2013 11:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рах миени дехахои мургутга ва ван вани болою поен то хол баркарор нашудааст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо нигах дорад! Ин раисо ва масъулои нохия кучо бошанд ё ин нохия ахиран сохиб дора ё не?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Холо бо макомоти масъули нохия ва чамоати Рованд занг мезанем ва дар мавриди баркарор шудан ва ё нашудани харакати наклиёт суол мекунем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарои ванчй сст намоне раисотона...мо ванчиёра хамчун пахлавон мешинохтем хозир факат раисотон раккоси када хдшона твтда реклама мекнан...ванчида ракс зеб намета.. ай раксда браван рахи оба бкапан охи...Зинда бод дустии кавмхои гуногуни Точикистон ва зида бод Ванч!
Посух додан
  • аз Рог

  • 5 август 2013 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар холи ин хел раис рохой ванц хамаш корношояман Амрихудои Дамдор шумо факат барои курси нишасти е барои пешрафти нохия
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мехостам фахмам ки шахсони дар ходисаи табии
зара дида низ дар назар хаст е ин ки не хохиш мекардам чавобро ба почтаам равон кунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А бача бгу ки мо имсол бе севи ванч мемондаем. О як халук намедози ин раиси нохиятона бари бзани дар даруни амун даре ки хаете дора дига фикри раисира накна.
Зинда боше мардуми мехнатдусти Ванч.
Посух додан
  • саид

  • 5 август 2013 16:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
эй биёракои Ванча ов зер кахай гу .. Себ аку дар бозор киммат меша.......
Посух додан
  • Расул

  • 5 август 2013 21:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин раисои Ванч коршон факат индук хурдану раксу бози ва айшу ишрат .Аз хамон пули халка чамъ кардану махракахои бемаъне гузарондан намешавад,ки бо хамон пул сохилро мустахкам кунед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Амрихудои Дамдор, Азим Шамсиддин, Рустами Ёдгоров, ва дигарон рохбарони ин ватан чи кор мекунанд? Факат айшу нуш-ми? Ё кори дига хам менан?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хочаги хеле хисорот ворид кард

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!