Бахшҳо

Зиёиён аз даъво алайҳи Тутубалина даст кашидаанд?

Олга Тутубалина, муҳаррири ҳафтаномаи “Азия-плюс” мегӯяд, то ҳол расман аз даъвои такрории зиёиён алайҳи ӯ касе хабар надодааст.

Тутубалина имрӯз, 5-уми август, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ӯро расман аз муроҷиати дубораи зиёиён ба додгоҳ огоҳ накардаанд, “аммо овоза ҳаст, ки зиёиён ба суди умумии ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кардаанд.”

Барои тасдиқ намудани хабар ба Меҳмон Бахтӣ, раиси иттифоқи нависандагон, яке аз даъвогарони асосӣ алайҳи Тутубалина дар тамос шудем, аммо ӯ гуфт, “ман ин хел одамро намешиносам ва намедонам.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки қаблан панҷ иттиҳодияи эҷодию илмӣ ва Дилбар Абдиева, номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи бемориҳои венерологӣ аз болои рӯзноманигор Олга Тутубалина ва нашрияи “Азия Плюс” ба додгоҳи иқтисодии Душанбе муроҷиат карда, ҳабси амвол ва рӯёнидани 200 ҳазор сомониро талаб карда буданд. Аммо додгоҳи иқтисодӣ ба далели он, ки аризаи даъвогии зиёиёни тоҷик бо забони русӣ навишта шудааст рад намуд ва то 23-юми июл барои ислоҳи ин камбудӣ муҳлат дода буд. Аммо то ҳол зиёиён аз муроҷиати дубора ба додгоҳ хабар надодаанд.

Даъвогари асосӣ Иттифоқи нависандагон дар ҳамроҳӣ бо Академияи улуми Тоҷикистон, Иттифоқи рассомон, Иттифоқи оҳангсозон, Иттифоқи меъморон иддао доранд, ки Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” тамоми қишри ҷомеаро, ки ба фаъолияти эҷодию илмӣ машғуланд, таҳқир кардааст. Тутубалина дар матлабаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Мӯҳр
в
Мехмон Бахти ба фикрам аз кори кардааш шарм дошт. Хуб шуд ки сари вакт аз фикраш гашт.

...аммо додгоҳи иқтисодӣ ба далели он, ки аризаи даъвогии зиёиёни тоҷик бо забони русӣ навишта шудааст рад намуд. хандаовар, бисьер хандаовару шармандаги. зиёиёни точик бори дигар исбот намуданд ки суханони Ленин нисбати зиёиён хак аст. Эй зиёии точик!!!! Зиёи шуда намедони, ки аризаву мактубу шикояту дархост ба макомотхои давлати бояд бо забони давлати навишта шавад. Шармандаги...Халлабонем мо))) Халабон!!!
в,

Насрулло
Олга Т. ва тавлакзанхои у фахманд, ки бо як калимаи ночо кариб сакта шуда, шарманда шуданд. Ва боз фахманд, ки зиёии точик конфет ва бебахотарин шахс аст, ки ба у Худои бузург тахамулпазири барин хислати марди додааст, ки онро ансамбли Шумо надорад. Ман шахсан агар хама рад кунад, боз даъвои суди хохам кард. Зеро ин тоифа миллатгароёну точикбадбинхо хеч гох аз рохашон намегардад. Бояд фахмад, ки сафсата гуфтан кори харзагуён аст. Ман харгиз уро намебахшам ва у аз ин миллат ва зиёии он карздор бимонад.

Хамун бадбахтое, ки ба хондаи Ольга Т ракс карда истодаанд худ душмани миллати точиканд! Шармандахо худи шумо ки хастед? Ое падару модар бобову бибии шумо дар хамин давлат хидмат накардаанд? Маълум мешавад онхоро бадбахте бо номи Ленин ба начосат шабех додаасту шуморо Ольга! Боз шумо ба гуфтаи у рози?! Гуфтаи ин 2 касофатро фикр кунед!! Яке ба шумо тааллук дораду дигаре боз хам ба шумо, чунки шумо низ ахли интеллигенция точик шуданиед ку! Бояд пеш аз интеллигент шуданатон ин суханхои кухнаю фартутро умуман ба инобат нагиред! Дар давраи Шурави Ленин ин суханро ба бобои Олга гуфта буд у имруз ба падари худаш гуфта истодааст! Шумо точикони азизи ман ин суханхоро фаромуш кунед токи аз писаронатон чунин нашунавед!!! Худо нигахбони миллати точик!

Насрулло,
бале, Насрулло, фарзанди содиқи миллат!

Ман ҳам ҳамфикри туам. НАФРИНИ ман бар ин зани иғвогари рус! НАФРИНИ ХУДОВАНД бар ин зани ношукри Худозадаи мунофиқ, ки ҳамарӯза ба даҳҳо зиёии тоҷик рӯбарӯ шудаву мулоқот карда, дар дил онҳоро ба наҷосат баробар мекардааст! Модоме ин миллатгарои рус нисбат ба қишри пешрафтаи ҷомеъаи тоҷик инқадар ҳисси бадбинӣ дорад, пас ба мардуми оддии қаторӣ ӯ чигуна муносибат мекарда бошад? Сад ҳайф ки тоҷикон мисли мардумони кишварҳои Латвия. Литва, Эстония, Гурҷистон ва ақаллан Ӯзбакистон барин як тану як ҷон нестанд, вагарна кайҳо ӯро расвои радди маърака карда, аз Тоҷикистон берунаш мекарданд. Сад ҳайф ки даъвогарон даъвои хешро то ба охир нарасонданд! Сад ҳайф ки зӯри судҳои Тоҷикистон фақат ба тоҷикон мерасад! Сад ҳайф ки дигар журналистони тоҷик робитаи хешро бо ӯ наканданд, ӯро боре ҳам якҷоя маҳкум накарданд, гӯёки дашноми ин зан ба онҳо дахл надошта бошад! Сад ҳайф ки шоир Б.Собир, ки ӯро як зани рус ба г...ҳ баробар кардааст, ин пасттарин ҳақорати дунёро хамӯшона фуру бурд! Сад ҳайф, ки Б.Собир дигар он шоири маҳбуби солҳои 90, шоири инқилобӣ, шоири миллии мо нест! Сад ҳайф ки миллати тоҷик ба тарсутарин миллати ҷаҳон мубаддал гаштааст! Сад ҳаф ки мо танҳо ҳастем! Сад ҳайф! Сад ҳайф! Сад ҳайф!.....

Расул
Зиёиёни даъво кардаги ба гух будани худашон бовари хосил карданд ва аз даъвояшон даст кашидан.

Расул,

Ай бандаи Худо,
Барои чӣ нисбат ба миллати худ инқадар ҳисси бадбинӣ дорӣ? Ба назар мерасадки аз гуфтаҳои ин зани тоҷикбадбин хеле шодӣ? Чаро? Метавонӣ далелҳо биёрӣ? Агар ту ва он иғвогару тарафдорони тоҷикгурезаш нисбат ба шоиру нависандагон ягон ғаразе доред, пас дигар зиёиён (муаллимон, духтурон, муҳандисон, коркунони соҳаи ҳуқуқ, кормандони давлатӣ ва дигарон) чӣ гуноҳ кардаанд, ки гирифтори хашми шумо шудаанд? Он зан бидуни ягон далел равшанфикрони тоҷикро дашном додааст. Мутаасифона суди ӯ доир нагардид, ки пурсанаш, бар кадом асос ӯ калимоти Ленини шизикро ба зиёиёни тоҷик нисбат дод?
Дуввум инки, барои чӣ Ленини инқилобчӣ ва диктатор нисбат ба зиёиён инқадар нафрат дошт ва пас аз даргузашти ӯ (ва то ба ҳол) ҳамаи насли ҳукуматдорони Шӯравӣ низ зиёиёнро бад медиданд, сабаби худро дорад. Ин ҷониб фурсат шавад маводе дар ин бора таҳия хоҳам кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)