Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 05:18

Ташкили нахустин утоқи махсуси кӯдакон дар толори додгоҳ

5 август 2013, 13:56

Дар Тоҷикистон толор ва утоқи махсус барои пурсиши ноболиғон зимни мурофиаҳои додгоҳӣ ташкил ёфт.

Толор ва утоқи мазкур дар бинои суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ҷойгир буда, ифтитоҳи расмии он имрӯз, 5-уми август бо иштироки намояндагони ташкилоти ЮНИСЕФ, Шӯрои адлия, судяҳои навоҳии Душанбе ва дигар коршиносон сурат гирифт.

Сафарбек Нуралиев, судяи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суҳбат ба «Озодагон» гуфт, мақсад аз ташкили чунин толори махсус таъсир нарасонидан ба руҳияи ноболиғон зимни мурофиаҳои додгоҳӣ ва ислоҳ шудани онҳо мебошад: «Қаблан, ки ноболиғон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешуданд, мо чунин шароит надоштем ва зимни мурофиаҳо, падару модари онҳо пурсида мешуд, шоҳидон, ҷабрдидаҳо ширкат менамуданд, ки ин ба асабонияти ноболиғ таъсири бад мерасонид. Айни ҳол, ки чунин толор кушода шудааст, ноболиғ вақте ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, умуман метавонад ҳис накунад, ки нисбаташ мурофиаи судӣ рафта истодааст ва ё ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида истодаанд».

Номбурда иброз дошт, ҳангоми баррасии мурофиаи додгоҳӣ судя, прокурор ва дигар шоҳидон дар толори маҷлиси судӣ нишаста, кӯдак ҳамроҳи омӯзгор дар утоқе, ки барои ноболиғон бо таҷҳизоти махсус, қалам дафтар ва ғайра ҷиҳозонида шудааст, менишинад ва ӯро тариқи омӯзгор мепрсанд: “Раисикунандаи суд аз толори маҷлиси судӣ тавассути омӯзгор ба кӯдак савол медиҳад ва ноболиғ пайхас намекунад, ки саволро судя дода истодааст».

Сафарбек Нуралиев қайд намуд, ки роҳандозии чунин толору утоқ дар кишвар аз таҷрибаи кишварҳои хориҷа, аз ҷумла кишварҳои Авропа ва Амрико гирифта шудааст ва умедворем чунин шароит ба манфиати ноболиғон хоҳад шуд.
Ташкили чунин толору утоқи махсус барои пурсиши кӯдакони ноболиғ зимни мурофиаҳои додгоҳӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ дар назар аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ВАТАНДУСТ

  • 5 август 2013 16:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чумхурии мо дар хама чабха руз ба руз пеш рафта истодааст ва дур нест рузе, ки ба давлатхои пешрафтаи дунё мубаддал хохад гардид.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!