Бахшҳо

Зоиров: Бозпурсии ман супориши боло буд ва охирин нест

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми август дар бинои Додситонии генералӣ ба 15 саволи мақомот дар мавриди изҳороти ахираш, аз ҷумла дар бораи ҳаводиси Хоруғ посух додааст.

Зоиров дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, ӯро дар додситонӣ се нафар, Маҳмудҷон Хайруллоев, масъули Кумитаи амният, Ҷамшед Сангов, сардори раёсати ҷиноятҳои махсусан муҳими додситонии генералӣ ва муовини Сангов мавриди бозпурсӣ қарор додаанд: “Асосан 15 савол буд ва ҳар кадомашон 3-4 –тои зерсуоли дигар доштанд. Дар маҷмуъ саволҳо тавре таҳия шуда буданд, ки мақомот интизор доштанд, ман дар посухи илмӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба онҳо оҷиз хоҳам монд ва дар ҳиҷолат эътироф мекунам, ки ҳаводиси Хоруғро нодуруст баҳогузорӣ намудаам. Аммо чунин нашуд”

Зоиров гуфт, мусоҳибонаш дар додситонии кул таҷрибаи кофӣ надоштанд ва аз бархе истилоҳоти ҳуқуқи байналмилалӣ бехабар буданд: “Ба онҳо аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқи байналмилалӣ шарҳ додам, ки изҳоротам асоснок буданд. Онҳо интизор буданд, ки ман дар посухҳои худ ғалат мекунам ва маро дар баҳогузории нодуруст ё худ сӯйистифода аз мансаб ва изҳороти беасос муттаҳам мекунанд.”

Зоиров таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ раиси ҳизби сиёсӣ ин мансабдор аст ва мақомот дар сурати мушоҳидаи камбудие дар изҳороташ имкон доштанд, ӯро дар сӯйистифода аз мансаб ва паҳни иттилои бардуруғ муттаҳам кунанд: “Аммо ман фаҳмондам, ки дар амалиёти низомӣ дар Хоруғ, меъёри конститутсия нақз шуда буд, ҳуқуқу амнияти сокинон таъмин нашуда буд. Амали қонун қатъ шуда буд, сокинон наметавонистанд, аз ҳуқуқу озодиҳои худ ҳимоят кунанд. Ба онҳо гуфтам, дар чунин шароит пеш аз ҳама бояд алайҳи ин амалиёт прокуратура мебаромад ва аз ҳукумат талаб мекард, ки ҳуқуқҳои шаҳрвандон риоя шавад. Ман ба ҷои прокуратура, Суди конститсионӣ ва дигар ҳомиёни демократия оиди ғайриқонунӣ будани ин амалиёт садо баланд кардам, дар ҳоле, ки худи онҳо низ бояд дар канор намеистоданд.”

Раҳматулло Зоиров афзуд, ба суолҳое, ки ӯ дар додситонӣ ҷавоб дод, маълум буд, ки аз ҷониби Кумитаи амнияти миллӣ таҳия шудаанд ва ин пурсупос бо супориши боло сурат гирифтааст. Зоиров илова намуд, ки “ба фикрам ин охирон суҳбати ман дар додситонӣ нест ва ҳатман мақомот дар оянда низ даъват хоҳанд кард.”

Ин пурсупоси Раҳматулло Зоиров дар ҳолест, ки ӯ қаблан, бо пахши як муроҷиатнома аз президент ва ҳукумати кишвар даъват намуд, ки бо дарки масъулияту мардонагӣ амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғро “террори давлатӣ” эътироф кунанду фармондеҳони амалиёт муҷозот гарданд. Зоиров дар муроҷиатномааш ба президент, парлумон ва ҳукумати Тоҷикистон гуфт, замони баҳогузории воқеии ҳаводиси Хоруғ фаро расидааст: “Мутмаинам, ҳаводиси моҳи июли соли 2012 дар Хоруғро ба ҷузъ як амали тарҳрезишудаи террори давлатӣ, чизи дигар номидан мумкин нест."

Раиси ҲСДТ, ки ҳамзамон раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон аст, таъкид мекунад, ки тайи солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо терроризм, даст ба террори давлатии густурда болои аҳолии кишвар мезанад. Зоиров бо такя ба ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ташреҳ медиҳад, ки террори давлатӣ ин боздоштҳои ғайриқонунӣ, кушторҳо, гаравгонгириҳо, шиканҷа ва қатли шаҳрвандон бе тафтишоту додгоҳ аз ҷониби мақомоти қудратӣ мебошад. Бо зикри чанд асноди дигари байналмилалию илмӣ Зоиров амалиёти Хоруғро намунаи барҷастаи террори давлатӣ арзёбӣ мекунад.

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки 24-уми июл, рӯзи ёдбуди зарардидагон аз фишору зӯровариҳои ғайриқонунӣ эълон гардад. Зоиров аз парлумон хостааст, ки ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон тағйирот ворид шаванду амалиёти ғайриқонунии ҳукумат ва мансабдорон алайҳи аҳолии осоишта ба банди терроризм ворид гарданд.
Мӯҳр
Точик
Рахматулло Зохиров инсони аз чихати хукуки босавод аст. Эшон доктор дар улуми хукукшиноси доранд. Аз чихати хукуки, дар доираи конунхо наметавонанд бар зиддаш парвандаи чинои кушоянд. Аммо маъал асаф дар кишвари мо конун хукумрон нест балки афроди конуншикан хукумрони мекунанд. Аз ин ру хамакор имкон дорад. Мисли Зайд Саидов бо тухмат метавонанд Зировро низ зиндони кунанд. Агар афроди бономуси иллат, озодандешони миллат боки мондаги бошад бояд садо баланд кунанд, нагузоранд ки ин гурухи худ конунвайронкун шахсиятхои бономус ва миллатдустро ки ободии Ватанро ва сарбаландии Миллатро мехоханд, зиндони намоянд.

Фирдавс
Бародар точик-узбак Зохирови мегуфтагиат ягон майда ба манфиати халку чомеъа нест, ягон хизматаш ба халкам нарасидаас факат пули хочагонашонро хурда кунковаки карда гаштаст. Ман додситон бошам бо ин тухмату бо ин паст задани хукумату миллати точик аз хамон додситони чавобаш намедихам.

толиб
Зикай бечора. Нигохуш мени рахмут мия.

гапро хоида- хоида задан даркор, кам-кам назри худро санчида баъд сухан гуд

Сироч
Зоиров дар хакикат шахси хакикатгуй ва нотарс мебошад.Чуни шахсон дар Точикистон бисёртар бошанд олам гулистон мешавад.Аммо афсус ,ки вируси шукрона ва лаганбардори аксарияти мардумро фаро гирифтаст ва миллат ба нобуди рафтаистодааст.

Точик
Эй акои Зоируф агар худата харчанд ба мардум ширин куни хам ба шумо эътимод нест шумо хизмататон ягон зарае хам мардумба расидагиш не худатона ба чох нандозед.

Ээээ додситоно эээ бигирен даф куне хамиа, ика кинай?! Медонам мерасад он руз, леки коре кне тезтар шавад хамон руз!!! Токи овозтиияшро дар СИЗО мона ба хайси "корол зона" . Ку бинем бо ки пуштибони узбакони Точикистон мешуда бошад:( ! Ин суханон шахсан ба зоиров "ТЫ КТО ТАКОЙ ДАВАЙ ДО СВИДАНИЯ"

charo dar amaliyothoi rashtu kulob ovoz nabarovardi zoiruf???in suxanoni tu bar zidi badaxshon ast na ba foidai xalk.

Точики хакики
Чаноби Зоиров .. дуруст кайд кардаанд.........
Гап дар сари он нест ки ту точики ё узбак гап сари хакикат аст ва гуфтахои чаноби Зоиров сад дар сад хак аст ва мардум худашон хам инро медонанд..

Шохдавлат
Аз мутассадиёни Сомона. 1000 бор хохиш. Аз хамин одам безор шудем. Илтимос рекламаи хамин одамро кам кунед. Нолавой варианти сиёсии Точикистон Зоиров мебошад. Намешавад хамин одам. Рузе мерасад, ки миллата бо нархи ночиз мефурушад, баъд дар назди таърих хамакаса чавоб мегуем. Ин одами бебунёд аст. Чашмхои шаголмонандашро бинед, назари хиёнат дорад. Нашавад замоне, ки бехтарин барраро ба гург дихед.

ОШНО
Зиров ин шогирдчони Сафарали Кенчаев, бале хамоне ки замоне мехост барои расидан ба максад Точикистонро ба Узбакистон хадя кунад ва худаш раиси вилояти мухтори Точикистон шавад. Холо бошад аз пайи ин орзу урток Зоиров рафта истодааст. Бояд ба хар рох Хукумат ва Давлати Точикро бадном карда ин чумхуриро бархам дихад ва чояш вилояти мухтори Точикистон дар хайати Узбакистон ташкил намоянд. Он вакт Ислом ака Каримов ин касро раиси вилоят (област0 мемонанд. Зафар махалчиги накун чоп кун набоша ту хам аз хамин фронти

Рафиқ
бародар Ошно дуруст мегуяд, маҳз хизматҳои шодравон Сафаралӣ Кенҷаев буд, ки муҳтарам ЭР солиёни зиёд аст, ки Президент мебошад. Сангак Сафаров акаи Сафаралиро "Комиссар Катани ном гузошта буд. Агар хешовандон ва ҳаводорони Сафаралӣ нангу номус дошта бошанд, оиди террори номардонаи худобиомурз ба суди байналхалқӣ муроҷиат намоянд. Барои чи то ба имруз омилон ва супоришгарони террори Кенҷаев С. паси парда қарор дорад?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)