Бахшҳо

“Изҳорот”-и раиси ҲНИТ дар Хоруғ бар зидди Кабирӣ ва ҲНИТ

Асрор Булбулов, як сокини шаҳри Хоруғ, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, дар изҳороте Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. “Изҳорот”-и Булбулов бегоҳи панҷуми август тариқи Шабакаи аввали Телевизиони давлатии Тоҷикистон пахш шуд.

Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов.

Асрор Булбулов гуфт, ӯ соли 2012 ба мақоми раиси ҲНИТ дар Бадахшон баргузида шуд ва ҳудуди як сол боз фаъолият дорад. Ӯ гуфт, онҳо мехостанд изофанависӣ дар мавриди аъзои ҲНИТ дар Бадахшонро ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ҳам бирасонанд. Аммо ба қавли ӯ, то кунун Кабирӣ аз ҳолу аҳволи онҳо хабар нагирифтааст. “Лекин ҷаноби Кабирӣ фурсате наёфтанд, ки моро хабар гиранд. Агар ба Бадахшон меомаданд, сари як миз нишаста ҳамаашроо мефаҳмондем. Аз дурӯғ чӣ фоида? Дигар бародароне ҳастанд, ки инро медонанд”,-илова кард ӯ.

Асрор Булбулов гуфт, ҳар чизе, ки эълон медорад, на танҳо мавқеи худаш, балки бародарони дигар низ ҳаст: “халқи Хоруғ бо наҳзатиҳо ҷангу ҷанҷол доштанд, ки ман фаъоличятамро қатъ кунам. Ман дар кӯча мешинам бародарон мегӯянд, Асрор корро бас кун. Ин ҳизб аз мо нест, балки бар зарари мост.”

Асрор Булбулов дар охир хитоб ба Кабирӣ гуфт, аз дурӯғу зиёд нишон додани сафи ҳизбиён на ба онҳо ва на ба Бадахшону Тоҷикистон фоида нест. Вай афзуд, агар ҳамаи мардуми бадахшон зидди наҳзатанд, вай рӯирост аз ҲНИТ даст мекашад ва мегӯяд, “чунин ҳизб даркор нест.”

То тобистони соли 2012 раёсати ҲНИТ дар Хоруғро Шерик Карамхудоев роҳбарӣ мекард, ки дар ҷараёни амалиёти низомии соли гузаштаи нерӯҳои давлатӣ боздошт ва ҳоло ба зиндон маҳкум шудааст. Як манбаъ дар ҲНИТ ба “Озодагон” гуфт, Асрор Булбулов ҳамагӣ як соли пеш ҳамчун иҷрокунандаи раиси бахши ҲНИТ дар Хоруғ таъин шуда, изҳороташ бо мувофиқа бо мақомоти интизомӣ омода ва пешниҳод шудааст.

Рӯзи чоруми июли соли ҷорӣ дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён мавзӯи ҳазфи Ислом аз номи ҲНИТ садо дод. Рӯҳониён гуфтанд, Ислом ба ҳизб ниёз надорад ва аз ин рӯ бояд ҲНИТ калимаи исломро аз номаш берун кунад. Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳоло бо чиҳил ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар ҳисоб меёбад.
Мӯҳр
Сироч
Булбулов булбул барин хондааст.Аз номи мардуми Бадахшон гап назан хато кардаестодай.

Исфара.чоркух
Дуруг мегуяд чаноби булбулов.дар Чоркух кариб 3хаор ХНИТ аъзо дорад .дар чамоати Сурхбошад кариб 500 нафар .дар шахри Исфара бошад наздики 8 хазор аъзо дорад.

Сироч
Ин булбул ки худаш ки аз номи мо гап мезанад? чаро дуруг мегуи?

Амният ин бечораро аз бадахшон капида ба душанбе овардааст акун худ фикр кунед ки вакте дар дасти амният бошад харчи хоханд мегуяд.

як хизб агар 1000 аъзо дошта бошад хам касе монеъи фаъолияташ шуда наметавонад зеро ин конуни аст. чи ин кадар дуругпардози мекунед чиновникхои хукумат! ХНИТ дар саросари кишвар беш 1-миллион тарафдор дорад, агар мард бошед интихоботро монед озод гузарад мебинем ки пируз мешавад лекин ин хамаи бозихо аз тарси интихобот аст Чурачонхо. ба шумо фаркаш чи ки хнит ё хизби дигар чи кадар аъзо дорад мухим ин аст ки шумо метарсед барои хамин бахона кофта истодаед ки фаъолияти ин хизбро катъ кунед. агар катъ хам шавад хамаин хамин мухолифои хукумати фасодзада якчоя шуда ана баъд мебинед ки як хизби дигари пуркувват ташил мешавад он вакт шумо пушаймон мешавед ки хамин парокандагишон дар чанд хизб бехтар буд. шумо бо дасти худ кабри худро канда истодаед.

Умарали Кувватов. ВОР
Зайд Саидов. ВОР
Дододжон Атоуллоев. ЛЖЕЦ
Рахматулло Зоиров. ЛЖЕЦ
Мухиддин Кабири. ЛЖЕЦ
Эмомали Рахмонв. СВЯТОЙ, ОТЕЦ НАЦИИ, ТЕНЬ АЛЛАХА, ЛЮБИМЕЦ НАРОДА.

У нас на родине только один чистый политик! Это Эмомали Рахмон. Остальные все никчемные. Ведь Эмомали Рахмон остановил войну в Таджикистане! Ведь только он возвращал на родину 15 000 беженцев из Афганистана. Благодаря этого великого больше 2 млн ТАДЖИКИСТАНЦЕВ покинули свои дома и работают в РОССИИ.

Рахмон девственно чист.

Внимание! У вас нет прав для просмотра скрытого текста.

Оффарин бародар Сироч! Вокеан хам инхо барои худ мухолиф таёр кардаистодаанд. Намешавад, хап карда даматона гиред бе ягон чанчол кор рафтан гирад. Ино метарсанд, ки ХНИТ хукуматро мегирад. О натарсед ХНИТ холо нияти гирифтани хукуматро надорад. Ин касби душмантароширо шумо аз кучо омухтаед?

Манучер
Э бача чи шид аъзохои хнит да ТВхо кишвар нишон дода намешудан не ки фахмидан даркор ки ин нафар бо супориши хукумат гап мезана харчи ки бо супориши хукумат шид ТВхо кишвар нишон бояд диханд вагар на барои азои хнит дар ТВхои кишвар чо нест ин рафтори шуморо булбулов хеч кас бахо намедихад зеро шумо бо хохиши худатон гап намезанед ва задан хам наметони харчи ки ба шумо супориш шуд т лаганбардор булбул барин мехони т номи булбула хам хайф кардай т ранги зоги сиехи

muhojir
Nahzat metonat hukumatro girifta ika vohima kardesten ihtoyot shaved in davlat ast sadaka va khairot nest ki hozbaton giratash baroi davlat giriftan ilm va tajriba darkor na fandu firebi khalk molu mulk jam kardan

Аввалан Асрор Булбулов раиси бахши ХНИТ дар шахри Хоруг набуд,раёсати ин ниходро Шерик Карамхудоев,ки бо тухмати макомот мавриди мучозот карор гирифт,бар ухда дошт.Пас аз анчоми мурофиаи ноодилона ва ба махбас кашида шудани Ш.Карамхудоев тасмим гирифта шуд,то рузхои наздик дар Хоруг конфронс баргузор ва раиси нав интихоб шавад.Сониян, пас аз гирдихамоихои соли гузашта А.Булбулов хамчун ширкаткунандаи фаъол мавриди чустучуи макомоти интизомии кишвар карор дошт.Мувофики маълумоти расида аз минтака,номбурда аз тарафи макомот боздошт шуда,барояш шарт гузоштаанд,ки танхо дар сурати хамкори бо макомот ва бадномсозии ХНИТ аз гунохаш хоханд гузашт,аммо бечора фиреб хурдааст,чун ин режим то ба хол касеро аз якчунин афрод набахшидааст.Солисан,дар остонаи интихоботи президенти макомот дастури кохиш додани обруи ХНИТ-ро ичро карда истодаанд.Чун тарс доранд,ки боз мардуми точик хаммонанде, ки дар интихоботи соли 2010 ба ХНИТ раъй дод,боз дар интихоботи соли чори низ сохиби раъйи мардум хохад шуд,бешарафона ба ин аъмоли шум даст задаанд.Аммо Худованд шохид аст,ки ХНИТ дар пайи ин дасисахо хеч таконе нахурдааст,ором фаъолият дорад,ба интихобот омодаги мегирад ва баръакси ин амалхо сафи хизбиён кави ва теъдодашон рузафзун гашта истодааст.Таври масали русхо " Собака лает,а караван идёт (Саг мечакад,аммо корвон рохашро идома медихад)".Имрузхо,ки макомот бекор мондаанд,фикри маъош,чои кор,тахсилу табобати бепул,бароварда сохтани эхтиёчоти мардум ва дар мачмуъ зиндагии мардуми оддиро надоранд,аз тарси аз даст додани салтанат,ба муборизаи беамон алайхи мо нахзатиён ва ёрони мо камар бастаанд. Аммо-
"Чароги зулми золим то дами махшар намесузад,
Агар сузад,шабе сузад,шаби дигар намесузад."
Нихоятан,агар ХНИТ кави намебуд,мисли ахзоби кисагии хокимият чоплусу лагандбардор ва маддох мебуд,хеч фишору тухмате болояш намеомад,чун:
"Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,
Хар рахгузаре санг занад,ор надорем."

ахмадчон
офтобро бо доман пушонида намешавад. ин хакикат аст. мо хама мусалмонем некин на аъзои хизби нахзати ислом. таъсиси хизб худаш алакай тафрика байни мусалмонон аст.

АГАР МО ХАКИКАТРО ГУЕМ ХАМЕША ТАЛХ АСТ АММО МАН БА НАХЗАТИЁН ГУФТАНИАМКИ РОХБАРИ СИЁСИАТОН МУХТАРАМ КАБИРИ АГАР ДАР ИНТИХОБОТ ГОЛИБ ОЯДУ ПРЕЗИДЕНТ ШАВАД ТОЧИКИСТОНРО ХАМЗАМОН НАСИМИ АРАБ ПАХШ НАМУДА ЧАНГУ ХУНРЕЗИ ОГОЗ МЕШАВАД. КАБИРИ ШАХСЕ НЕСТ КИ ДАВЛАТРО ИДОРА КУНАД. ФАРЗ КАРДЕМ КИ КАБИРИ ПРЕЗИДЕНТ ШУД ХАМОН ЗАМОН ЭРОНУ РУССИЯ ВА ДИГАР ТАШКИЛОТХОИ ЧОСУЗИ ДАРИ КАБИРИРО ЗАДА ХОТИРРАСОНАШ МЕКУНАНД.КИ ТУ ВА ХИЗБИ ТУ БО МАБЛАГГУЗОРИВУ ДАСТГИРИИ МО ГОЛИБ ОМАД АКНУН ТУ АЗ РУИ ХАТИ КАШИДАИ МО БЕРУН НАХОХИ РАФТ. ДАР ИН ХОЛАТ. МАНФИАТХОИ МИЛЛИИ МО ПОЙМОЛ ГАШТА ТОЧИКИСТОН АЗ ХАМИН ХОЛАШХАМ БАДТАР МЕШАВАД. ХУБ МЕБУД АГАР ДАР ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИТЕНТИ ДИГАР ШАХСОН БА МОНАНДИ САИДАМИР ЗУХУРОВ КОХИР РАСУЛЗОДА ШУКУРЧОН ЗУХУРОВ НОМЗАДИИ ХУДРО МЕГУЗОШТАНД.

Мехмонали
Устод М.Хаит рост мегуянд. Имрузхо ракобат миёни ХХДТ ва ХНИТ дар арафаи интихобот бисёр ноодилона ва ночавонмардона сурат гирифта истодааст.Хизби аввал, ки дорои кудрат ва тавоноист, бо зури бозу ракибро шикаст доданист.Булбуловро хам шиканча дода, ичборан уро "хононданд" ва ун бечора булбулвор матни каблан омодашударо хонд. Албатта, ин фишорхо дар заминаи хамон Протоколи 32-20 амали шуда истодаанд.Дур наравем, латукуби М.Хаит, ки чанд мох кабл ба вукуъ пайваста буд, далели ин гуфтахост, чун то хол омилони хамла пайдо нашуданд.Ходисаи хамла ба Сайфуллохзода ва гунахгорони то хол пайдонашуда низ хамаро дар хайрат гузошт. Чинояткорон "невидимка" бошанд, касе пайдояшон намекунад????????????????
Мо шохи дарахтем пур аз меваи тавхид,
"Гар сад НАЧАС хам санг занад, ор надорем".

чахонгир,

Мухтарам Чахонгири азиз хато мекуни......
Кабири чандин сол шудааст, ки дар хукумат кору фаъолият кардаистодааст ва кам хам бошад тарзи давлат дориро дида истодааст.... Мебахшед Эмомали Рахмон пеш аз президентияш ягон тасавурот надошт ва хатто сиёсатро намедонист аз директори савхозии Дангара омада президент шуд ёд гирифт ку..... ВА ТУ ФИКР НАКУН КИ ЭМОМАЛИ ШАРИПОВИЧ СИЁСАТИ ЧАХОНИ ДОРАД НЕ ХАТО МЕКУНИ ВАЙ СИЁСАТЕ ЁД ГИРИФТААСТ, КИ МИЛЛАТАШРО ФИШОР ОВАРДА ИСТОДАСТ......

Булбуловро аз ранги вокеа Амниятчико лату куб карданд ки болои биниаш кандагияй

Ватаншо аз Бадахшон
Бародархо Асрор дар хакикат вокеиятро гуфт. Шумо хозир дар чомеаи Точикистон нуфуз надоред. Барои дарёфти обру ва эътибори милли ягон кори нек анчом дихед. Вале афсус холо дар мундаричаи фаъолияти шумо ба гайр аз гасби хокимият ва гирифтани мансаб дигар ягон нишондод нест. Хеч касро хеч кор карда наметавонед. Ин мардум шери нар шудаги, Шумо аз чанги давлатхои араб лаззат мебаред. Дар Точикистон тачрибаи чанга хар як фарди одди гирифтааст. Шумо барин чангхохонро бо чоруб нест мекунанд. Барои хамин пахтаи гушхоро гирифта, мехнати карда, дар зарфи 20-30 сол афтариритет гиред. При чем тут чангу вохима. Мардум Эмомалиро шумо хохен нахохен намепартоянд. Эмомали хунест, ки дар рагхои миллат медамад. Барои хамин дороиатонро бехуда сарф накунед.

Бародар рустам кабири шояд марди хуб бошад аммо у бо кувваи худаш хизбашро идора намекунад сармоягузории хнит асосан аз эрон сурат мегирад ва эрон мехохад ки ба воситаи ин хизб манфиатхои милливу диниашро дар точикистон пиёда созад агар кабири шахси сиёсатмадор мебуд ягон барномаи миллиро пешандози карда нуфузи мавкеи худро дар чумхури пуркуват мекард. На бо сармоягузории хорича

Ватаншо аз Бадахшон,
Vatonsho ki shudi joyat biz malum ast az kujoi..az nomi mardumi badahshon gap nazan...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)