Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:43

Броимшоева: “Изҳорот”-и Булбулов алайҳи ҲНИТ таҳти фишор сурат гирифтааст

6 август 2013, 08:39

Муслима Броимшоева, иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Бадахшон, мегӯяд, изҳороти Асрор Булбулов, масъули ҲНИТ дар Хоруғ, ки тариқи телевизиони давлатӣ пахш гардид, ба гумони ғолиб таҳти фишори мақомот сурат гирифтааст.

Броимшоева, ки баъди фавти Сабзалӣ Мамадризоев, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар Бадахшон таъин шуд, дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” гуфт, “Асрор Булбулов баъди боздошти Шерик Карамхудоев иҷрокунандаи вазифаи раиси ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ таъин гардида буд ва вақтҳои охир бисёр парешон мегашт ва пайваста таъкид мекард, ки таҳти фишор қарор дорад ва мақомот мехоҳанд, нисбати ӯ низ чун Шерик парванда боз кунанду боздошт намоянд.”

Броимшоева таъкид намуд, ки вақтҳои охир бисёре аз аъзои ҲНИТ дар Бадахшон, дар робита ба амалиёти низомии 24-уми июл дар Хоруғ мавриди фишору таҳдидҳо қарор гирифтаанд. Ӯ афзуд, ки эҳтимол ин маърака барои ҷилавгирӣ аз конфронси ҳизбии ҲНИТ дар Бадахшон роҳандозӣ шудааст, ки дар назар аст, ояндаи наздик баргузор гардаду зимни он аз ҷумла раиси ҳизб дар Бадахшон ва раисҳои шуъбаҳо дар навоҳии вилоят таъин гарданд.

Броимшоева илова намуд, ҳар он нафаре, ки аз ҳуқуқҳояш огоҳ аст, аз фишори мақомот наметарсад ва таъкид намуд, ки фаъолияти ҲНИТ-ро дар Бадахшон густардатар аз пешӣ ба роҳ хоҳанд монд.

Ин хонум изҳороти Булбуловро, ки гуфт ҲНИТ дар Бадахшон 38 аъзо дорад, буҳтон номида, таъкид намуд, ки теъдоди аъзоёни фаъоли ҳизб дар вилоят беш аз 2 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Асрор Булбулов, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, шоми 5-уми август, дар изҳороте тариқи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов. Ӯ таъкид намудааст, ки ин ҳизб барои Тоҷикистон даркор нест.

Ахиран шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон аз навоҳии кишвар барномаҳо алайҳи ҲНИТ-ро пахш мекунанд. Муҳиддин Кабирӣ дар як номааш ба Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони кишвар маъракаи густарда алайҳи ҲНИТ-ро хилофи ваҳдату сулҳ дар Тоҷикистон номида, илова намуда буд, ки агар ин барномаҳо ба хотири гуногунандешӣ бошанд, бигзор телевизионҳо барои намояндагони ҲНИТ низ барои ироаи мавқеашон минбар диҳанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Манучер

  • 6 август 2013 09:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бе ин хам булбуловро касе бовар намекунад ин хукумат гумон мекунад бо ин хама фишор боло нахзатихо е чомеа махбуби дилхо мешавад гумон намекунанд ки ин кор бар акси амалашон аст мардум чикдар нафрат доран. хама медонанд ки нахзатихо да ТВхо чой надоранд агар касеро мачубур кунанд ки танкид аз хнит кун хамихел гап мезани нишон медан барои чи то хол яго барномахои хнитро дар ТВхо нишон намедиханд е ягон бор номи фаъолони хнитро намегиран чи хнит яке аз чонибдорони сулх набуд шояд барои сулх роли мухимро нахзатихо бозидан. Ин хукумат аз нахзатихо инкадар сахт метарсад факат танкиди нахзатихо
Посух додан
  • Шо2мон

  • 6 август 2013 09:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То ин дам ба нахзатихо ичозаи дар тв баромад карданро медоданд, шояд ин "изхорот" и Булбуловро касе аз ахоли бовар мекард, аммо чун чехраи нахзатиёнро дар тв нишон додан мамнуъ эълон шудааст, аз ин хотир якбора баромади масъули хизби нахзати як минтака барои ахоли боварнокардани ва гайриимкон аст.Огох бошанд, хеч кас ба ингуна изхоротхои тахтифишори бовар намекунад.
Гуфти Нозияи Кароматулло: Бовар намекнм, бовар намеккккккккккккккккккккккнм.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама бозихои интихоботи ва шояд сийосати тархрезидашуда барои тайор кардани замина нисбати фаъолиятхои хнит дар манотик аст. Агар кор чунин сурат гирад ва аъзойони нахзат ба ин фитнахо дода шаванд низоми феъли ба дигар чорабинихои вазнин даст мезанад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ӯ (Булбулов) таъкид намудааст, ки ин ҳизб барои Тоҷикистон даркор нест. Хизб ки даркор нест пас ту гусфанд ончо чикор мекуни?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шо2мон,
АЗ ИН СОАТ БОВАРТ МЕКУНЕМ ЗЕРО ГУФТАИ ЯК ДОНИШМАНД ЗАНРО ОВАРДИ, КИ:
(Боварт намекнм боварт намееееееееееееееееееееекнм).
Саломат бош...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХНИТ ростихам аъзои зиёд надорад ин Хизбест, ки мардумро ба гумрохи мебарад. ХНИТ мехохад ки монанди "Бародарони мусалмон"-и Миср бошанд ва Хукумати кунуниро дар тахалука афтонанд. Фисади зиёди мардуми точик мусалмон мебошанд ва ба хечгуна хизби исломи ниёз надоранд. То интихоботи Раисичумхур вакти кам мондааст ва дар он вакт маълум мешавад ки бо 2000 аъзояш чи рай мегирад. Броимшоева ба исломам наздики надорад аммо бояд худро бо ин восита машхур кунад.
Посух додан
  • Омузгор

  • 6 август 2013 12:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суханони ин тарсу албатта зери фишори макомот сурат гирифтаасту лекин хакикат хамонест, ки хама медонанд. Ман бовар дорам, ки ХНИТ ба гайр аз 40 хазор аъзояш хазорхо нафар чонибдори дигар дорад, ки аъзо нашудаанд вале дар дар охирин нафас кори худро анчом хоханд дод.
Посух додан
  • Окил

  • 6 август 2013 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана аку фанатико Булбулова мехран)))) Хакикат талх аст бародарон фанатикхо. Чим шинеду кабул кунед. Хар кас хукуки озодонаи изхори андешаашро дорад
Посух додан
  • шахси холис

  • 6 август 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
марам бовар намекнм инхоро худашон ташкил намудаанд. Медонанд ки ХНИТ ягона хизби пешкадам мебошад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин Броимшояш боз чизе ном. Иброхим будагист? Ба фикрам каблан номи ин хонум Муслимаи Иброхимшохмухаммадшерзодшоева буд, сони пас аз аъзои хизби нахзат шуданашон номашонро ба Броимшоева табдил доданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин ба чунин часорати хохари мо аз Бадахшон.Натарсидаву бе ягон андешаи хом,масъулияти рохбарии ХНИТ ро дар Бадахшон ба зимма гирифтааст.Зихи,худованд нигохбони шумо бод!
Посух додан
  • mullobobo

  • 8 август 2013 04:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
chi shudastki nahzat hak gufta az khudasha kabul mekunadu az digaronro ne daavoashon hakikakkhohiku
ozodagon ozod boshi hamin khonem

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!