Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:57

Муроҷиатнома ба Раҳмон: Қазияи Зайдро ба ҳадди буҳронӣ нарасонед

6 август 2013, 09:20

Фаъолони ҷамеаи шаҳрвандӣ бо пахши як муроҷиатнома дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостаанд “раҳму шавқат ва дурандешӣ нишон дода”, дар қазияи Зайд Саидов, собиқ вазири саноат, соҳибкори шинохта ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори “Тоҷикистони нав”, “корро ба ҳадди буҳронӣ нарасонад”.

Субҳи рӯзи 6-уми август, зери ин муроҷиатнома аллакай 12 нафар, аз он ҷумла ҳунарпешаи шинохта Барзу Абдуразоқов, рӯзноманигор Темур Варқӣ, рассом Галина Юнусова, журналист Мавҷудаи Соҳибназар ва дигарон имзо гузоштаанд. Дар муроҷиатномаи мазкур, муаллифон раҳбарияти олии кишварро даъват менамоянд, то дар моҳи шарифи Рамазон раҳмдил бошанду ба як нафар маҷрӯҳи модарзод шафқат намуда, ҳабси тосудии ӯро таҷдиди назар кунанд: “Моҳи сеюм аст, ки Зайд Саидов паси панҷара нишаста аст. Ҷомеа бо диққати комил рафти кори ӯро пайгирӣ намуда, номи ӯ аз сархати васоити ахбори омма дур намешавад. Ин кор аллакай дар сатҳи СММ ва Шурои Аврупо баррасӣ мешавад, ки ин обрӯи Тоҷикистонро афзун намекунад”.

Муаллифон бар он боваранд, ки дастгирии Зайд Саид то ҳукми суд беҳуда аст: “Чуноне мақомот мегӯянд, онҳо тӯли солҳои зиёд зидди Саидов мавод ҷамъ кардаанд ва чораҳои пешгирии муқаррарнамуда барои кашфи далелҳои нав муфид нахоҳад буд.”

Дар асоси гуфтаҳои боло ва аҳволи бади саломатии гумонбар, ки аз захми меъда азият мекашад, муаллифон хостаанд чораи пешгирӣ аз ҳабс ба ҳабси хонагӣ бидуни ҳуқуқи баромадан аз минтақаи истиқомат иваз шавад: “Дар чунин шароити вазнин нигаҳ доштани шахси бемор ва маъюб, ки дар рафти тафтишот ҳамарӯза аз дарди шадид дар азоб аст, як навъи шиканҷа нисбати як нафари безарар ба кишвар ва чомеа нест магар?”

Дар муроҷиатнома аз хидматҳои зиёди гумонбаршуда назди кишвар ва мардуми он ва ба ҳамин хотир сазовори нишон гардиданаш зикр шуда, аз сардори давлат даъват мешавад “ба пайдо шудани “Рӯйхати Саидов”, ҳаммонанди “Рӯйхати Магнитский”, роҳ надиҳад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Rd

  • 6 август 2013 10:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Be foidahai i hukumat ham karai ham kur namehonad i hatro!!! Manifest kadan darkor girhamoi
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дехкон боши шудгор кун - Подшох боши куштор кун, инро Президент хуб аз худ кардааст, барои хамин бо ин хислат давлатро дар дастонаш нигох дошта истодааст ва мутмаъин аст, ки ин кори дуруст аст,,
Саидов Зайд , дар ин давраи подшохи озодиро нахохад дид
Посух додан
  • диловар

  • 7 август 2013 08:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рахмон дар рамазон рахм накарда ба хоруг хамла кард, ин як зайд аст ку, ай ачо рахм кна?
Посух додан
  • ОШНО

  • 7 август 2013 10:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ки гуфт ки Зайд Саидов безарар аст. Соли 1992 то 1997 Зайд Саидов дар кадом маснад фаъолият мекард? Магар у аз гурухи 30%-и опозитсия нест? У чанг карда метавонад, ноболигеро тачовузу турток карда метавонад 4-у аз он зиёд занхора шармандаву дар ба дар карда метвонад, имруз чавобаш дихан дар як руз Алии бедаку Мулло Абдулло ва Ризвон Садирову Рахмон Гитлери нав ёфта олама месуза.....Озодагон агар хакикат мехохи нашр кун ило дар ин рузи охири мохи шариф дуругу набоши
Посух додан
  • ХУН ДАР МАЙНАИ САР

  • 12 август 2013 09:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БА НО ОШНО...........................То ба кай махлбози бо ин кумандонхо безор карден то холо ту душанбеги вахдати гарми мо низ метавонем бигуем 100000хазор мардуми моро дар хатлону регару хиссор ки кушт айб аст то бакай......................,

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!