Бахшҳо
06 авг 2013 10:53Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Судяи парвандаи Тошев ва Ризоев иваз мешавад

Мурофиаи судии Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки дар паҳн намудани иттилои бардурӯғ оиди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мешаванд, ба вақти номаълум ба таъхир гузошта шуд.

Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев дар шарҳи ин таъхиргузорӣ ба «Озодагон» гуфт, додрас Мусалмон Шарипов, раисикунандаи парвандаи маҳбусҳо барои кор ба дигар минтақа интиқол дода шудааст ва то таъин гардидани ҷойгузини ӯ баррасии парванда мавқуф мегардад: «Дирӯз бо фармони президент дар мақомоти судӣ ҷобаҷокунии кадрҳо сурат гирифт ва ҳамчунин судяҳое, ки зиёда аз панҷ сол дар як минтақа кор мекарданд, ба минтақаҳои дигар гузаронида шуданд. Мусалмон Шарипов низ ба дигар минтақа ба кор рафт.”

Ҳамсуҳбати мо илова намуд, ки «шояд рӯзҳои наздик раиси суди шаҳри Хуҷанд, парвандаро ба дигар судя супорад.»

Тошев ва Ризоев, ки тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори дурӯғин оиди шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.

Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин - ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Мӯҳр
Окил
О барвактар намеген ки Тошев киай))) Маълум буд, ки ин махбусо у кадар самимй нестан. Террористи маккор дар хаму махбусам тинж намешина. Бтенш 25 соли дига бад мефахма!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)