Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 04:56

Ноширони китоб аз 11 давлат дар “Душанбе Плаза” ҷамъ мешаванд

6 август 2013, 12:21

Аз 4 то 6 сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе савумин намоишгоҳи байналмиллалӣ, “Китоби Душанбе”, баргузор мегардад.

Тавре ба “Озодагон” Наҷмиддин Зайниддинов, директори намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Душанбе” гуфт, то имрӯз аз 14 нашриёт, аз 11 кишвари дунё барои иштирок дар ин намоишгоҳ дархост қабул кардаанд.

Оқои Зайниддинов иброз намуд ки “аз Ирон , Афғонистон , Покистон, Қазокистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдавия, Белоруссия, Арманистон, Русия ду се ширкатӣ дархости иштирок карданро фиристоданд. Мутаассифона, аз давлатҳои Аврупо ба унвонии мо дархост ирсол нашудааст, гарчанде мо ба сафоратхонаҳои дар Душанбе буда, бо мактуби расмӣ муроҷиат карда будем”.

Наҷмиддин Зайниддинов инчунин афзуд, ки аз 61 матбааи ватанӣ барои иштирок дар намоишгоҳ дархост кабул карданд. “Намоишгоҳи сеюми байналмиллалии “Китоби Душанбе” дар бинои муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” доир меградад.”

“Ҳоло омодагӣ ба ин чорабинӣ дар ошёнаи сеюми ин бино ҷараён дорад. Дар доираи намоишгоҳ озмуну семинар ва конфросҳои илмӣ дар назар аст. Озмун аз панҷ қисм иборат аст: ороиши китоб, беҳтарин китоби бадеӣ, беҳтарин китоби бачагона, беҳтарин китоби дарсӣ, биё китоб хонем. Озмуни панҷум, биё китоб хонем байни мактабҳо, гимназияҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо доир мегардад. Ба ғолиби озмун 700 адад, чои дувум 300 ва чои сеюм 300 китоб ройгон тӯҳфа дода мешавад.”-афзуд, Наҷмиддин Зайниддинов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!