Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:09

Дар сурати истирдод Аблязовро то 13 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад

6 август 2013, 14:12

Мухтор Аблязов, раҳбари пешини бонки БТА-ро то 13 соли маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амвол таҳдид мекунад. Ин нуктаро Нурдавлат Суиндиқов, намояндаи расмии додситони кулли Қазоқистон зимни як нишасти созмонёфта изҳор доштааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло Қазоқистон барои истирдоди Аблязов аз Фаронса талош дорад. "Аблязов дар анҷоми як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла созмони гуруҳи ҷиноӣ, дуздӣ ва қонунигардонии маболиғи зиёди бо роҳи ҷиноӣ ба даст омада, истифодаи ғайримуҷози маболиғи бонк ва ғайра муҷрим шинохта мешавад»,-гуфтааст Суиндиқов.

Прокуратураи генералии Қазоқистон аз мақомоти Фаронса истирдоди Аблязовро тақозо кардааст. Аблязов ҳоло бо қарори суди шаҳри Экс-ан-Прованси Фаронса барои 40 рӯз дар боздоштгоҳ хоҳад буд.

Мухтор Аблязов, мухолифи ҳукумати Қазоқистон ва собиқ домоди раисиҷумҳури ин кишвар буда, дорои паноҳандагии сиёсии Британия мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!