Бахшҳо
06 авг 2013 16:34Тоҷикистон / Сиёсат

Шоҳиён: То интихобот бисёри муҳоҷирон бармегарданд

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи ҷамъоварии имзоҳо миёни муҳоҷирони тоҷик ба тарафдории номзад ба интихоботи президентии моҳи ноябр, баъди эълони санаи баргузории интихобот, муайян хоҳад шуд.

Шоҳиён дар посух ба Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки ҳафтаи гузашта аз комиссияи интихобот хост, ба масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷи Тоҷикистон рӯшанӣ андозад, гуфтааст, ки баъди дақиқ шудани санаи интихобот, бо қарори махсуси Комиссия тартиб ва муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзади пешбаришаванда муайян хоҳад шуд.

Дар посухи Шоҳиён аз ҷумла гуфтаҳои Кабирӣ дар мавриди иқомати беш 2 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ рад шуда, иттилоъ дода мешавад, ки “тибқи иттилои аз мақомоти марбута расида, теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ айни ҳол аз 800-900 ҳазор зиёд набуда, ин теъдод дар моҳҳои октябр ноябр хеле кам мегардад, чун бисёри муҳоҷирони мавсимӣ бармегарданд.”

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ таъкид мекунад, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон талош мекунанд, то теъдоди ҳар чӣ бештари муҳоҷирон дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон ширкат варзанд.

Дар охир Шоҳиён аз аҳзоби сиёсии кишвар даъват намудааст, ки дар интихоботи президентӣ фаъолона ширкат намуда, барои шафофу демократӣ, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон ва меъёрҳои байналмилалӣ гузаштани он мусоидат кунанд.

Ҳафтаи гузашта раиси ҲНИТ аз комиссия хоста буд, ки масъалаи ҷамъоварии имзоҳо дар хориҷ аз Тоҷикистонро шарҳ диҳад: “Мувофиқи моддаи 24-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” номзади пешбаришуда бояд аз тарафи панҷ фоизи шаҳрвандони ҶТ тарафдорӣ карда шавад. Таври маълум, имрӯзҳо беш аз ду миллион интихобкунандаи тоҷик дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ИДМ кору фаъолият дошта, онҳо ҳам ҳаққи ҷонибдорӣ аз номзадеро доранд.”

Бо зикри ин Кабирӣ аз КМИР хоҳиш намудааст, ки то масъалаи ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзад дар хориҷ аз Тоҷикистон ва чӣ мақоме салоҳияти тасдиқи бланкаҳои имзоҳоро дорад, тавзеҳ диҳад.

Баробари ин раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, “роҳбарияти КМИР то эълони интихобот мулоқотеро бо намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар доир намоянд ва дар он масоили вобаста ба мушкилоту монеъагузориҳо дар раванди ҷамъоварии имзоҳо, таблиғот, ворид намудани аъзои аҳзоб ба комиссияҳои ҳавзавӣ ва комиссияҳои участкавии интихобот, ки қонуни мазкур манъ накардааст ва соир масоил, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.”
Мӯҳр
Дар давраи рохбарии Шохиён аллакай ду интихоботи миёндаври баргузор гардид ва хама аз рафти гузариши он огоханд. Хатто сабтхои видиое, ки аз рафторхои гайриконунии рохбарияти хавзахои интихоботи пешкаш шуданд, Шохиён ба эътибор нагирифт.
Шохиёро Эмомли Рахмон ба ин вазифа таин кард ва у танхо аз хамин номзад химоя мекунад. Шахсан банда ба у бовари надорам ва медонам ки новобаста ба натичаи овоздихи намояндаи хукумат голиб эълон мешавад. Ин аст, ки дар интихобот ширкат намеварзам.

Собирчон
Кабири фахмиди? Мухочирон то интихобот бармегарданд. Дар Точикистон имзо чамъ карда наметавони ба умеди мо мухочирони чи? Мо инчо пулкоркуни омадем на имзогузори ба тарафдории ту. Моро мон кори худамона карда гардем. Барои мо хамон Эмомали созай. Хунар дошта боши дар Точикистон 4 млн электорат хаст ба онхо мурочиат кун, братишка!

Собирчони гиром! Бале,барои ту бехтар аст мухочират,зеро падарат ок кардааст. Ва хушёр бош,ки фарзандат окат накунад.

КОБИЛ
ЭЙ СОБИРЧОН ТУ БА Э М МОН МО МУХИДИН КАБИРИРО ИНТИХОБ МЕКУНЕМ ДУРУГ НЕСТ барои онки гапи хакро мезанад

Собирчон
Антисобир,
Бародар причем тут ок? Падарам чунон розй хаст, ки мегуд писарам дар хамон Русия кор кун, аз интихобот ва табдили хукумат барои мо фоида нест. Оила зиндагии хуб дорем. Аз Кабирй ягон фоида намебинем. Мо коргар будем, коргар мемонем. Нахзатихо ягон сомонй хайрат намекунанд. Аз хамин хунари дасти худамон намонем. Мухим ин ки Эмомалй тинчию оромй овардааст. Шукр!!!

Анти собир
не бародар хато карди тенчиро ХУДО овард сабир-сабир-сабир

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)