Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 11:50

Саидзода мегӯяд, дар интихоботи оянда номзадияшро мегузорад

7 август 2013, 09:20

Толибшоҳи Саидзода, рӯзноманигори тоҷик, ки ду бор дар интихобот, номуваффақ шуд, изҳор медорад, ки дар интихоботи ояндаи Маҷлиси Намояндагон ҳам барои курсии парлумон талош хоҳад кард.

Ҷаноби Саидзода, ки дар як даври омӯзишӣ барои журналистон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар интихобот» суҳбат мекард гуфт, «аз хурдӣ орзу доштам, ки депутат шавам. Ду маротиба муваффақ нашудам, аммо умед дорам, ки дар интихоботи ояндаи парлумонӣ, ки ба синни 50 мерасам, орзуям ҷомаи амал мепӯшад».

Толибшоҳи Саидзода солҳои 1990 ва 2011 муддаии курсии парлумонӣ буд. Моҳи майи соли 2011 дар интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Синои шаҳри Душанбе дар баробари Амирқул Азимов (номзади ҲХДТ), Музаффар Мирзоев (номзади ҲАТ) ва Сафарбек Маннонов (номзади мустақил) вориди рақобат шуд.

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Амирқул Азимов, дабири пешини Шӯрои амниятро баррандаи интихобот эълон кард. Толибшоҳи Саидзода натиҷаи интихоботро "рӯзи мотами умеду эътимод ва бовариҳо" номида, онро олуда бо тақаллуб унвон кард. Ӯ шикоёташро ба КМИР супурд, аммо посух гирифт, ки қонуншиканиҳои сабтшуда аз сӯи нозирони оқои Саидзода ҷузъӣ буда, ба натиҷаи интихобот таъсире намерасонанд.

Толибшоҳи Сайидзода муассис ва сардабири нашрияи «Бомдод»-и шаҳри Қӯрғонтеппа буда, дар ҳафтаномаи «Миллат» ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» кор кардааст. Ҳоло сарварии як мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанберо бар душ дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аввал ку бине, ай ухдаи мактаб бромадестаст ё не, муаллимош аз талабахо пул чамъ намекнан?
Посух додан
  • Фаромушхотир

  • 7 август 2013 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикрам Толибшо Саидов бисёр чизхоро фаромуш кардааст. Аз чумла, у як вактхо аъзои ХДТ буд. Соли 2000 дар н. Бохтар номзади ин хизб дар интихоботи парлумони буд. Барои чи намегуяд ки ду бор не, се бор номзад шуда буд?
Посух додан
  • Маорифчи

  • 7 август 2013 10:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба номи Худо аз кучаи мактабу мактабшиноси гузар накардааст. Аз ин ру, мактабро ба огилхона табдил додааст
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тигр ором бош! Оли барвактай, пеш аз пода чанг надоз, ки медони ахволи прездентшавхо ва депутатшавхо чи мешавад. Забори трма бо забори мактабат часпидаги аст, аз дасту почакат нагиран даруни заборат кунанд :)

Тигр ором бош! Оли барвактай, пеш аз пода чанг надоз, ки медони ахволи прездентшавхо ва депутатшавхо чи мешавад. Забори трма бо забори мактабат часпидаги аст, аз дасту почакат нагиран даруни заборат кунанд :)

Тигр ором бош! Оли барвактай, пеш аз пода чанг надоз, ки медони ахволи прездентшавхо ва депутатшавхо чи мешавад. Забори трма бо забори мактабат часпидаги аст, аз дасту почакат нагиран даруни заборат кунанд :)
Посух додан
  • Талаба

  • 7 август 2013 16:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чурачон кариб беш аз як сол аст, ки дар хидмати хукумати. ин дафъа гузор хамтман мегузари.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!