Бахшҳо

“Наҳзатиён”-и Ванҷ алайҳи Булбулов баромаданд

Шуъбаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ, дар пайи “изҳорот”-и телевизионии Асрор Булбулов алайҳи ин ҳизб, ҷаласаи изтирорӣ баргузор намуда ва бо пахши як иттилоия гуфтаҳои Булбуловро маҳкум намудааст.

Завқибек Раҳмонов, раиси шуъбаи ҲНИТ дар Ванҷ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, “иттилои ҷаноби Булбулов, ки гӯиё омори теъдоди наздик ба ду ҳазор узви ҲНИТ дар Бадахшон сиҳат надорад, комилан беасос буда, мо бо масъулияти том изҳор медорем, ки танҳо дар ноҳияи Ванҷ, ҲНИТ 320 узв дошта, шумораи ҷонибдорони он аз 1000 нафар бештар мебошад. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Булбулов теъдоди умумии аъзои ҲНИТ дар Бадахшонро 38 нафар медонад, ки комилан дурӯғ мебошад.”

Бахши ҲНИТ дар Ванҷ бо нигаронии амиқ аз амалкарди Асрор Булбулов изҳор медорад, ки чунин шеваи фаъолият ба обрӯйи ҲНИТ хамчун ҳизби муташаккил ва бузургу мухолиф таъсири манфӣ мегузорад. Ҳамчунин ҷаноби Булбулов узвият дар ҳизбро мисле, ки гуноҳ ва ҷиноят дониста, изҳор медорад: «Кӯр як бор асои худро гум мекунад». Мо ба масъулияти баланд эълом медорем, ки узвият дар ҲНИТ на танҳо гуноҳ ва ҷиноят нест, балки ифтихор ва мавқеи шаҳрвандии фаъол буда, як амалкарди қобили қабули ҷомеаи демократӣ мебошад.

Завқибек Раҳмонов афзуд, ки “шояд ин изҳороти Асрор Булбулов зери фишори шадиди мақомот дар арафаи интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон ба бор омадааст ва мо умедворем, ки бахшҳои дигари ҲНИТ дар дигар навоҳии Бадахшон низ мавқеи худро нисбати ин буҳтонномаи телевизионӣ рӯшан мекунанд. Зеро Асрор Булбулов ҳуқуқи маънавии аз номи тамоми мардуми Бадахшон изҳорот доданро надорад.”

Аъзои ҷаласаи изтирории бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ванҷ баён медоранд, ки бо назардошти зарурати ҷомеаи шаҳрвандӣ, татбиқ намудани демократия, гуногунандешии сиёсӣ ва эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқи инсон ва дигар арзишҳои башарӣ, вуҷуди ҲНИТ-ро натанҳо зарурӣ, балки барои ҷомеаи Тоҷикистон бисёр муҳим меҳисобем.”

Асрор Булбулов, ки худро раҳбари Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар маркази вилояти Бадахшон, муаррифӣ намуд, шоми 5-уми август, дар изҳороте тариқи Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ-ро барои барзиёд нишон додани аъзои ҳизб муттаҳам кард. Асрор Булбулов узвияти 3 ҳазор нафар аз ҲНИТ дар Бадахшонро дурӯғе беш надонист ва гуфт, ҳоло ҳамагӣ 38 узви пешини ҲНИТ дар ин минтақа боқӣ мондаанду халос. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, ҳоло раёсати ҲНИТ дар Хоруғ ҳамагӣ 5 узв дорад. “Ман ҳатто муовини худро надидаам. Фақат панҷ нафарро мешиносам. Дар ҳолатҳои даркорӣ ҳамин панҷ нафарро даъват мекунам",-афзуд Булбулов. Ӯ таъкид намудааст, ки ин ҳизб барои Тоҷикистон даркор нест. Асрор Булбулов як сол пеш, баъди боздошти Шерик Карамхудоев, собиқ раиси ҲНИТ дар Хоруғ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шуъбаи ин ҳизб дар Хоруғ таъин шуда буд.
Мӯҳр
ба гуфтахои Булбулов ахмият надихед у инро аз тарси чон гуфт, аммо мардонагияшро фаромуш кард. у фаромуш кард, ки соли гузашта мардуми бегунохи бадахшонро чи гуна хамла карда куштанд. у садкаи номи шахидони чанги хоруг шавад. у буз аст

Шахрванд
Бародарон фахмида гиред, хизб ин максадашон сари хокимият омадан аст!
Бародар Завкибек узви хизб будан ин ягон ифтихори надорад. Хизб ин як системаи беруна аст яъне аз хоричи кишвар маблаггузори шуда дар байни чомеъа ихтилоф барангехтан мебошад, ягон хизб ба мардум садокату гамхор намебошад. барои хамин бародарони гиромикадар яъне шахрвандони Чумхурии Точикистон ин чо рохбарони хизбхо пулхои хангуфтро гирифта аз шумоён бошад истифода мебаранд.

банда
Бародари исломи Завкибек руи Худо гап зан, ки дар нохияи Ванч чанд аъзои ин хизб аст. Агар махфи набошад.

озод
Ба шахрванд. хизби коммунист бехтарин хизби мардуми буд. мактаб , тиб , заводу фабирка хамаро ба марудум дод. Ороми ,сери , амниятро кафолат медод. Коил шавед, ки точику Точикистонро буенд кард. Хохиш танхо нагу ки мо фалону бехмадон доштем.

Аз тухмату , дуруги Булбулов хатто бозори Хоруг сухт ....

Абдурраҳмон С.
бо арзи салом ва дуруд ба ҳама дустони наҳзатии Ванҷ))) ростӣ камина бо бародарони ванҷӣ дустӣ дорам вале ин дафъа маро ин ҷуръати эшон водор сохт, ки муҳаббати худро ба ин тоифа мардуми тоҷики бедордили наҳзати афзоиш диҳам... ташккур аз номи иддае дустони ҲНИТ..рушон,

бе тараф будан ин бешарафист канд занед Шерони Ванчи

Расул
Бо икдоми бародарони ванчи хамовозам. Набояд як чунин шахс бемавке аз номи тамоми мардуми бадахшон гап занад.холо он ,ки Бадахшон сарзамин гуруру номусат.

бадахшон
Шери ванчи Завкибек хакикатро гуфт мо бадахшонихо бо ту фахр мекунем.

шох...х
мани ин гапи дигар браво щерони ванчи шумо дар хакикат нангу номус доштаед.яке аз мухлисони нахзат!

КИРМОНШОХ
ИЛТИМОС ФИКРХОИ МАРО ЧОП КУНЕД КОРМАНДОНИ МУХТАРАМИ ТОРНОМАИ ОЗОДАГОН

Кароматулло
О овоза кардед, ки Булбуловро задаанд ва болои биниаш кандаги аст. Дуруг - ку. Ин хол будааст. Чи даркор хамин бехудагуи. Ин одам аз ягон чиз наметарсад. Чунки прав аст. Шуморо фахмид.

КИРМОНШОХ
РОСТИ НАМЕХОСТАМ САРИ ИН МАВЗУЪ БАРОИ БАХС ВОРИД ШАВАМ АММО ЧУН ДИДАМ, КИ АЗ ДИГАР НАВОХИИ ВИЛОЯТ ДИДА АЗ НОХИЯИ ВАНЧ БА ТАРАФДОРИИ ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМИИ ТОЧИКИСТОН СУХАН ОГОЗ КАРДААНД ХАМЧУН ЗОДАИ НОХИЯИ ВАНЧ ВА ШОХИДИ ДАВРАХОИ ГУЗАРИШИ СОЛХОИ НАВАДУМ ВА СОЛХОИ МИНБАЪДА ЧАНДЕ АЗ ФИКРХОЯМРО ИБРОЗ ДОШТА БОШАМ. ПЕШ АЗ ХАМА АГАР ЧОЕ ХАТО КУНАМ АЗ МАРДУМИ СУХАНПАРВАР ВА ФАРХАНГПАРВАРУ МАОРИФПАРВРИ ВАНЧИ АЗИЗАМ УЗР МЕПУРСАМ НА АЗ ИН ПАСТФИТРАТОН ВА САБУКФИКОРНУ ИГВОГАРОНЕ, КИ ДАР НИКОБИ ИСЛОМ РУЗ МЕБАРАНД.
1) РОСТИ МАН ЗАВКИБЕКРО НАМЕШИНОСАМ ВА АЗМИ ШИНОХТАН ХАМ НАДОРАМ АММО ЧУН АЗ БОБИ ДЕМОКРАТИЯ ВА ЧОМЕЪАИ ШАХРВАНДИ СУХАН МЕКУНАД ФАРОМУШ КАРДААСТ, КИ ЧУНИН ШИНОХТРО БАРОЯШ ЗАМОНИ ИСТИКЛОЛ ЭХДО КАРДААСТ. ЧУН БАРАКАТИ ИСТИКЛОЛИЯТ БУД ВА РОХИ ДУРУСТИ ХУКУМАТИ РАХМОНОВ ТАВОНИСТ МАРДУМИ БАДАХШОН АЛАЛХУСУС НОХИЯИ ВАНЧРО АЗ ВАРТАИ БЕРОХИ ВА БЕ АЛОКАГИ РАХОИ БАХШАД.
ДАВОМ ДОРАД....................

2) МО ВА ЗАВКИБЕК БАРИН НАФАРОНЕ, КИ ИМРУЗ АЗ НОМИ ХИЗБИ НАХЗАТИ ИСЛОМ БАРОМАД МЕКУНАНД ХУБ ДАР ЁД ДОРЕМ, КИ НАХЗАТИХО БАРОИ МО ЧИ КОРЕРО ДАР ЗАМОНИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИ СОЛХОИ 1993 ТО КАРИБ 2000- УМ АНЧОМ ДОДААНД (МИСОЛ МЕОРАМ, КУЛЛИ БУЗУ ГУСФАНДИ СОБИК КОЛХОЗУ САВХОЗХО БА ЧАБХАИ МУЧОХИДДИН БАРОИ ХУРОКИ САХАРГОХИ НИСФИРУЗИ ВА БЕГОХИ ОВАРДА МЕШУДАНД , КУЛЛИ ОРД ВА РАВГАНИ КУМАКИ БАШАРДУСТОНА БА МУЧОХИДДИН ВА АВЛОДОНИ ОНХО ТАКСИМ МЕШУД, ДУХТАРОН АЗ МАКТАБ ВА ТАДРИС ДУР МОНДА БУДАНД, КОТЕГОРИЯИ СУХАНГУЁНИ МАХФИЛХОИ ДИЁРИ ВАНЧ МУЧОХИДДИН ВА НАФАРОНЕ КИ АЗ НОХИЯХОИ ПАНЧ, КУМСАНГИР, КУРГОНТЕППА, ТАВИЛДАРА, ДУШАНБЕ, ШАХРИТУЗ ОМАДА БУДАНД ВА ОНОЕ КИ ДАР ВАНЧ АЗ КАБИЛИ ЧАВОНОНИ БЕСАВОД ВА РАХГУМЗАДА ПАЙРАВИАШОН МЕКАРДАНД ИБОРАТ БУДААНД. ДАВОМ ДОРАД............

НОХИЯ ДАР ЯК ХОЛАТИ ДАХШАТ КАРОР ДОШТ. АХЛИ ИЛМУ МАЪРИФАТРО САРКУБ МЕКАРДАНД. МАОРИФ ВА ФАРХАНГ ДАР ПЕШИ ЧАШМИ ИН КУРДИЛОН ХЕЧУ ПУЧ БУД. БА МИСОЛИ УСТОДОН МАХМАДДОД, БАСИР, РАХМОН, МУЛЛО, АВАЗБЕК, ДОДАРБЕК, ДАВЛАТ, ШИРИН, СИРОНШО ВА ДАХХО УСТОДОНИ БОФАРХАНГИ НОХИЯ БУДААНД, КИ АЗ ДАСТИ НАХЗАТИХОИ НОБАКОР РАНЧ МЕБУРДАНД. БО ИБОРАИ ДАВРИ ШУМО ГУЗАШТ ДАВРИ МО МУЧОХИДДИН ОМАДААСТ ГУФТА АХЛИ ИЛМУ АДАБРО ТАХКИР ВА МАЛОМАТ МЕКАРДАНД. АММО ХУДОВАНД БУЗУРГ ХАСТ ЗЕРО БО ХАМА ТАСБЕХГАРДОНИХОЯТОН, БО ХАМА РИШХОИ ДУ ВАЧАБААТОН, БО ХАМА ОН ИБОДАТЕ, КИ БО НОМ НАМОЗ БУДУ МЕГУЗОШТЕД АММО ДИЛХО ПУР АЗ ГУБОР ВА КИНАВУ АДОВАТ БУД БАРОИ ШУМО НА ТАХТИ САЛТАНАТИ ДОД ВА НАГУЗОШТ, КИ ШУМО ЗИШТКОРОН БОЛОИ САРИ МАРДУМ РАХНАМО БОШЕД. ЗЕРО БУЗУРГОН ГУФТААНД, КИ АМАЛХО БА НИЯТ ВОБАСТААНД. ДАВОМ ДОРАД..............

АЗ ЗАМОНИ ХЕЛЕ ДУРИ ТАЪРИХ ТО ИН ДАМ ДАР НОХИЯИ ВАНЧ ШАХСИЯТХОЕ БА ДУНЁ ОМАДААНД, КИ ДАР КУЛЛИ ЧУМХУРИ ВА БЕРУН АЗ ОН СОХИБИ ЭХТИРОМ ВА ЭЪТИМОДАНД АММО ШУМО БО ЧУНИН РАФТОР ВА РАСВОГИ БА ИН МАРДУМ ДОГ АНДАР ДОГ ОВАРДЕД. ДАВОМ ДОРАД

ИМРУЗ ФАРЗАНДОНИ НОХИЯИ ВАНЧ БА МОНАНДИ УСТОД НОДИР ОДИЛОВ, ГУЛМАТШОЕВ РАШИД, МУФАРРАХ МУХАББАТОВ, ПРОФЕССОР ПИРУМШОЕВ, МУХАММАДРОЗИК, МИРУМАДОВ КАМАРИДДИН, МУХАММАДШАРИФ СУЛАЙМОНОВ БО ПИСАРОНАШ,

кирмоншох
УСТОДОН АХМАД ЗАРОБЕКОВ, АВАЗБЕК ШИРИНБЕКОВ,НАЗРИБЕКОВ РОЗИК,КОЗИМ ГАЙРАТОВ ХИЛВАТШОХИ МАХМУД, ИРШОД СУЛАЙМОНИ, ПОЛКОВНИК ГАЙРАТШО, ШАХРИЯ, ОЛУФТА БОДУРОВА, ЗЕБОНИССО ШИРИНБЕКОВА, ЧАВЛОН УРФОНОВА ВА ДАХХО ТАН АЗ МАРДОНУ ЗАНОНИ ИН НОХИЯ БАРОИ МАРДУМАШ ХИДМАТИ СОФДИЛОНА КАРДА ИСТОДААНД. АММО ЧУН ШУМО ВА ШУМО БАРИН БЕХИРАДОН ДАР ЗАМОНЕ, КИ БОЯД ТАРБИЯИ ФАРЗАНДОНРО ПЕША ГИРЕМ, АЗ РОХИ ПУЧУ НОХАМВОР ВА АЗ ЯК ХИЗБЕ, КИ БАРОИ МАРДУМОНАШ ГАЙР АЗ НИФОК ЧИЗЕРО БА БОР НАМЕОРАД ПУШТИБОНИ МЕКУНЕД. АЗ ПУШТИБОНИИ ЧУНИН ХИЗБИ НОЛОЗИМ АГАР ИХТИСОСМАНД БОШИ КАСБАТРО ПЕША КУНИ АГАР БА ХАЛКАТ НЕ АКАЛАН ИБА ХОНАВОДААТ МАНФИАТЕ ШОЯД БИЁРИ. ФИКР НАМЕКУНЕД, КИ ДАР ЗАМОНИ ШУРО ТО РАСИДАН БА ИСТИКЛОЛ ЭХТИРОМ ВА МАНЗАЛАТИ ДИНИ ИСЛОМ ДАР БАДАХШОН ОН КАДАР БОЛО ВА ОВОЗАДОР НАБУД МАСЧИДХОИ ХУБУ ЗАМОНАВИ НАДОШТЕМ АММО ЧУН БУБИНЕД , КИ ДАР ЗАМОНИ ИСТИКЛОЛ БАРОИ НАМОЗГУЗОРОН ЧИ КАДАР ШАРОИТХО МУХАЁАНД. ДИГАР ЧИЗ ИН АСТ, КИ МАРДУМИ НОХИЯИ ВАНЧ АЛАЛХУСУС МАРДУМИ БАДАХШОН БОЯД ХУБ ДАР ХОТИР ДОШТА БОШАНД, КИ РОХБАРИ ОНХО МАРДЕ ХАСТ ЗОДАИ ДЕХОТ ВА ЗИНДАГИИ ДЕХ ВА НОХИЯРО ХУБ МЕДОНАД. БО ЗИНДАГИИ МАРДУМИ РУСТО ХУБ ОШНОИ ДОРАД ВА АНА ХАМИН ПОС ДОШТАНИ ЭХТИРОМ ВА ЭЪТИМОДИ МАРДУМОНИ КУХИСТОН БУД КИ РАХМОНОВ ТАВОНИСТ ДАР ДИЛУ ДИДАИ МАРДУМАШ ЧО БГИРАД. ЧУН ШУМО БАРИНХОЕ, КИ ДАЪВОИ ИСЛОМГАРОИ ДОРЕД ДАР НОХИЯ ШОЯД АНГУШТШУМОР БОШЕД ЗЕРО КИ ШУМО НАФАРОНЕ ХАСТЕД КИ НАЗ ДАСТУРХОНИ ЗАМОН ШУРО ДОНАЕ БАХРАВАР ШУДЕД ВА НА АЗ ЗАМОНИ ИСТИКЛОЛ ЯЪНЕ ШУМО ХУБ МЕДОНЕД КИ СУХАНИ ШУМО ДАР ЧОЕ ВА БА КАСЕ КОБИЛИ КАБУЛ НЕСТ АММО НОИЛОЧ БА ИН РОХИ ПУЧУ БЕМАЪНЕ МЕРАВЕД.

ЧУН ФИКРАТОН ЗАИФ АСТ, РАФТОР ВА НИЯТХОЯТОН ГАРАЗ ДОРАНД ВА МЕХОХЕД БАРОИ ПЕШРАВИИ ДАВРОНИ ИСТИКЛОЛ УСТУХОН ДАР ГУЛУ БОШЕД ХАМИНРО БИДОНЕ, НОКОБИЛОНИ ДАХР БА МАКСАД НАМЕРАСАНД...........

кирмоншох
давом дорад

дунё хамеша дар талаби марди окил аст чун дар вакташ ба кадри инсонхо ва сухану адаб ва маорифу фарханг нарасидед танхо аз рохи худкомаги пеша кардед шуморо ба чахолат ва нобовариии мардум бурд хостед чун кирмак аз кафони об шоли хуред оммао нашуд ки нашуд

АСЛАН ШУМОРО ДИГАР ТАРБИЯ КАРДАН АМРИ МАХОЛ АСТ ВА ЧУН МЕГУЯНД ГОРБАТОГО ИСПРВИТЬ МОГИЛА АГАР МОГИЛА РОСТАТОН КУНАД КОРЕ ХАЙР ВА ОН ХАМ АГАР НАСИАБАТОН БОШАД ВАГАРНА ВОЙ БАР ХОЛАТОН

илтимос фикрхои монадгии маро чоп кунед мо интизор

Абдурраҳмон С.
шарм доред оноҳое ки алайҳи ҲНИТ ҳарф мезанед ва онҳое ки бешармона дуруғу туҳмат мекунед!
Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон барои мардум ва дар хидмати мардум ва барои мардум лозим аст. бале Ислом ба ҳизб ниёз надорад вале мусалмонон ба ҳизб ниёз доранд. дигар ин ки сарурӯи ҳамин Асрор Булбуловро бинед ҳама кандаги тарсонидагиаст пас чаро ба марудм дуруғ менависед беандоза ташаккур ба бародарони ванҷӣ ки шери нар будани худро нишон доданд ва фавран посухи рад доданд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)